Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷоизаи дувум шуд


Фирӯз Ёқубов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи IX байналмилалии гуштии озод байни наврасон барои ҷоизаҳои Бувайсар Сайтиев, қаҳрамони секаратаи олимпӣ, дар шаҳри Красноярски Русия медали нуқра ба даст овард.

Ин мусобиқа бо ширкати наздики 350 гуштигири наврас аз Белгия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эрон баргузор шуд.
Паҳлавони ҷавони тоҷик Фирӯз Ёқубови 16-сола дар рақобатҳо дар вазни 100 кг бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Эрик Тиел аз Олмон мағлуб гашта, мақоми дувумро соҳиб шуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Абдурозиқ Олимов 13 нафар дохил буд. Гуштигири дигари тоҷик Некрӯз Шарифов дар вазни то 63 кг мақоми панҷумро касб кард.

Дар 9 вазн варзишгарони Русия ва дар 4 вазни дигар намояндагони Қазоқистон, Узбакистон, Муғулистон ва Олмон ғолиб гардиданд. Ғолибон аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо бо 1500-долларӣ, барои ҷойҳои дувум бо 800-долларӣ ва барои ҷойҳои севум бо 300-долларӣ мукофотонида шуданд.

Инҳо ғолибони мусобиқа шуданд:
Вазни 35 кг - Мӯсо Мехтихонов (Русия)
Вазни 38 кг – Антон Якименко (Русия)
Вазни 42 кг – Рискелдӣ Асканбоев (Қазоқистон)
Вазни 46 кг – Ғуломҷон Абдуллоев (Узбакистон)
Вазни 50 кг – Аҳмад Маҷидов (Русия)
Вазни 54 кг – Занданбуд Занабазар (Муғулистон)
Вазни 58 кг – Динислом Аҷиев (Русия)
Вазни 63 кг – Бойир Ондар (Русия)
Вазни 69 кг – Никита Сучков (Русия)
Вазни 76 кг – Атсамаз Козирев (Русия)
Вазни 85 кг – Ҳабиб Абдуллоев (Русия)
Вазни 100 кг – Эрик Тиел (Олмон)
Вазни 120 кг – Семён Коломийтсев (Русия)
XS
SM
MD
LG