Пайвандҳои дастрасӣ

Комроншоҳи Устопириён: «Ноҳаққии довар маро аз медали тило маҳрум кард»


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, мегӯяд, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии қазоқӣ дар Қазоқистон довар ба пирӯзии ӯ ноҳаққӣ кардааст.

Гуштигири номвари тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки дар сабқат барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар гуштии қазоқӣ аз тарафи рақиби қазоқи худ Муҳит Турсинов шикаст хӯрдааст, мегӯяд, довар ғалабаи ӯро нодида гирифт. Дар мусоҳиба бо сомонаи Vesti.kz, рӯзи 6-уми декабр Устопириён гуфт: “Ман бори дуюм аст, дар ин сабқати қаҳрамонии ҷаҳон ширкат мекунам. Дар вазни 90 килограмм ман ҳамаро мағлуб кардам ва қаҳрамон шудам. Ба финали қаҳрамонии мутлақ расидам ва дар ин ҷо бо паҳлавони қазоқ сабқат кардам, вале доварон ба ӯ ёрӣ расонданд. Ғалабаи маро нодида гирифтанд ва ӯро пирӯз эълон карданд. Ман бо ин қарор доварон розӣ нестам. Аммо чӣ мешавад кард? Бештар машқ карданам даркор. Дафъаи оянда пирӯзии мутлақ ба даст меорам ва ин интиқоми ман мешавад.”

Комроншоҳи Устопириён мегӯяд, вай дар дзюдо ва самбо пешсафии комили худро нишон дод, аммо дар ҳоле ки байни ӯ ва рақибаш баробарӣ ба миён омад, доварон сабқат бо камарбандро пешниҳод карданд, то ғолиби мутлақи мусобиқа муайян шавад. Вай меафзояд бо қоидаҳои ин сабқат ошноии пурра надошт ва доварон гуфтаанд, ки Муҳит Турсинов тавонист, Устопириёнро маҷбур кунад, ки пой аз қолини сабқат берун гузорад. Вале Устопириён мегӯяд, пеш аз ӯ Турсинов ба берун аз қолин пой ниҳода буд, аммо доварон ин ҳолатро нодида гирифтаанд.

Ба ғайр аз Турсинов, дар сабқати Оренбург Айдос Сейпилулӣ дар вазни то 55 килограмм, Ғанӣ Келдикулов (то 60 килограмм), Галимжан Абдураҳмонов (то 70), Токтар Каркатенов (то 80) ва Айбек Нугимаров (дар вазни аз 90 боло) медали тило гирифтанд.

Дар ҳоле ки паҳлавони қазоқ Турсинов дар сабқати ниманиҳоӣ бар гуштиигири арман Артём Григорян “ғалабаи тоза” ба даст овард ва пушти ӯро ба замин расонд, дар рақобат бо Устопириён вақти сабқат ба поён расида, аммо ғолиб муайян нашуд ва доварон ҳарду варзишгарро ба гуштиии камарбандӣ даъват карданд.

Ин чорумин сабқати паҳлавони тоҷик дар ду моҳи охир аст. Вай ҳамроҳ бо ду варзишгари дигари тоҷик -- Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов рӯзи 21-уми ноябр дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии дзюдо дар шаҳри Тсиндаои Чин аз медалҳо бенасиб монд. Устопириён дар вазни то 90 кг дар нахустин қувваозмоияш аз Маркус Найман (Шветсия) шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқа маҳрум гашт. Пештар, дар Гран-прии дзюдо дар Тошканд Устопириён ҳамагӣ мақоми 5-умро ба даст овард. Ин баландтарин мақоми паҳлавонҳои тоҷик дар пойтахти Узбакистон буд ва онҳо дар ин мусобиқот комилан бе медал монданд.

Аммо дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Остонаи Қазоқистон, ки рӯзҳои 10-12-уми октябр баргузор шуд, Комроншоҳи Устопириён беҳтарин натиҷаҳоро нишон дод ва соҳиби медали тило гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG