Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Аҳмадов қаҳрамони кикбоксинги ҷаҳон шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии кикбоксинги ҷаҳон (WAKO) дар Туркия ду медал ба даст оварданд.

Эркин Латипов, муовини раиси Федератсияи таэквон-до ITF ва кикбоксинги Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ,ки аз 30-юми ноябр то 7-уми декабр дар шаҳри Анталияи Туркия таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи ҷаҳонии кикбоксинг (WAKO) баргузор шуд, беш аз ҳазор варзишгар аз 60 кишвар дар 5 намуд ширкат доштанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 15 варзишгар шомил буд, ки миёни онҳо се нафарашон духтарон буданд. Варзишгарони мо дар чор намуд: фулл контакт, лайт контакт, кик лайт ва поинт файтинг рақобат карданд. Мо ба ин мусобиқа омодагии хуб дида будем ва варзишгаронамон барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии кикбоксинги ҷаҳон байни бузургсолон ба натиҷаи баланд - як медали тилло ва як нуқра даст ёфтанд.”

Варзишгари номдори тоҷик Алишер Аҳмадов дар намуди лайт контакт дар вазни то 57 кг бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, мақоми аввалро касб кард. Алишер барои аввалин бор дар мусобиқаи бузургсолон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гашт.

Бояд гуфт, ки Алишер Аҳмадов – қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) миёни навҷавонон, қаҳрамони ҷаҳон оид ба таэквон-до (ITF) миёни ҷавонон, қаҳрамони бисёркаратаи Осиё оид ба таэквон-до (ITF) бар асоси назархоҳии хабарнигорони варзишии Тоҷикистон соли гузашта ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини кишвар дохил шудааст.

Медали дувумро ба Тоҷикистон варзишгари маъруф Зӯҳро Холова овард. Вай дар сабқати занон дар намуди кик лайт дар вазни то 50 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик соли равон дар Ҷоми ҷаҳонии кикбоксинг (WAKO) дар Инсбруки Австрия соҳиби 24 медал (6 тилло, 5 нуқра ва 13 биринҷӣ) гардида буданд.
XS
SM
MD
LG