Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти варзишгарони тоҷик аз қаҳрамонии ҷаҳон бо 10 медал


Sport, Fight in Russia for world cup, 21.11.2013

Sport, Fight in Russia for world cup, 21.11.2013

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба муҳорибаи умумӣ дар Русия 10 медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Медини вилояти Калуга миёни мардону занон баргузор шуд, беш аз 250 варзишгар аз 37 кишвари ҷаҳон рақобат карданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Собир Каримов шаш варзишгар шомил буд. Дар сабқати муҳорибаи умумии сабук (лайт) Шоира Зулқайнарова (63 кг) бо медали нуқра, Рухшона Раҳмонзода (57 кг), Сарвиноз Нодирова (70 кг) ва Фирдавс Шарифов (70 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.

Дар сабқати муҳорибаи умумии классикӣ Шоира Зулқайнарова (63 кг), Фирдавс Шарифов (70 кг) ва Дониёр Уринов (75 кг) медалҳои нуқра, Рухшона Раҳмонзода (57 кг), Сарвиноз Нодирова (70 кг) ва Ҷавлон Ҳоҷиматов (60 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия ғолиб шуд. Дастаи Озарбойҷон ҷойи дувум, тими Украина ҷойи севум ва мунтахаби Тоҷикистон ҷойи чорумро касб карданд.
Ҳамзамон дар шаҳри Медин Кунгураи Федератсияи қитъавии байналмилалии Осиё «Unifight» (АСИФАУ) баргузор шуд, ки дар он раиси Федератсияи муҳорибаи умумии Тоҷикистон Собир Каримов раҳбари ин созмон интихоб гардид.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG