Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати собиқадорони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон миёни собиқадорон дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат доранд.

Дар ин мусобиқа гуштигирони синнашон аз 30 то 80-сола ба гурӯҳҳо тақсим шуда, мувофиқи вазни худ рақобат мекунанд. Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба ҳайати мунтахаби кишвар даҳ нафар дохиланд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Нарзулло Каримов дар гурӯҳи гуштигирони синнашон 60-65-сола дар вазни то 81 кг мақоми панҷумро касб кард. Дар ин вазн ҳамагӣ 11 нафар ширкат доштанд. Каримов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Камики Ясуо аз Ҷопон ғолиб омад. Вале баъдан вай аз паҳлавони Ҳолланд Ҷозефус Виннекерс мағлуб шуд. Ӯ барои медали биринҷӣ аз гуштигири Туркия Мустафо Балсӣ ноком гашт ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард. Дар ин вазн Александр Аҳмадови русиягӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд.

Дар гурӯҳи варзишгарони синнашон 35-39-сола ду варзишгари тоҷик – Алишер Аламов дар вазни то 81 кг ва Алишер Каримов дар вазни то 100 кг ҳунарнамоӣ мекунанд. Аламов, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Даниэл Василев (Русия) – Денис Колак (Туркия) рақобат хоҳад кард. Дар вазни то 81 кг 14 нафар барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд. Вале дар вазни то 100 кг ҳамагӣ 7 нафар ҳастанд, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Каримов дар гурӯҳи “А” бо Евгений Лебедев (Русия), Роҷер Саинсбуру (Бритониёи Кабир) ва Олексий Назаренко вориди рақобат мешавад.

Дар гурӯҳи гуштигирони синнашон 40-44-сола Тоҷикистонро Зафар Аҳадов дар вазни то 73 кг намояндагӣ мекунад. Дар мусобиқа дар ин вазн 19 кас иштирок доранд. Аҳадов нахустин қувваозмоияшро бо Марио Шулт аз Олмон анҷом медиҳад.
Дар гурӯҳи гуштигирони синнашон 45-49-сола чор гуштигири тоҷик - Ҷобир Қурбонов, Бахтиёр Равшанов, Бозоралӣ Маҳмудов ва Исмоил Исломов иштирок мекунанд. Қурбонов дар вазни то 73 кг (ҳамагӣ 20 кас) дар даври аввал истироҳат карда, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Мулока Данканич (Украина) – Кристиан Мбани (Фаронса) қувваозмоӣ хоҳад кард. Равшанов низ дар вазни то 81 кг (ҳамагӣ 20 кас) дар даври аввал озод аст. Дар даври баъдӣ вай бо ғолиби ҷуфти Михаил Морзов (Русия) – Василиос Коумтзис (Юнон) рақобат мекунад.

Рақиби Маҳмудов дар вазни то 90 кг (23 кас) дар даври аввал Александр Елизаров аз Русия мебошад. Исломов дар вазни то 100 кг (ҳамагӣ 18 кас) дар даври аввал рақиб надорад. Баъдан ӯ бо Гулдо Барс (Олмон) вориди рақобат хоҳад шуд.

Дар гурӯҳи гуштигирони синнашон 50-54-сола шарафи Тоҷикистонро ду паҳлавони маъруфи кишвар – Саламшо Муҳаббатов ва Хайрулло Назриев ҳимоя мекунанд. Муҳаббатов дар вазни то 90 кг (ҳамагӣ 10 кас) дар нахустин даври мусобиқа бо Ҷозе-Мануэл Паҷаро аз Фаронса ва Назриев дар вазни беш аз 100 кг (ҳамагӣ 6 кас) дар гурӯҳи “В” бо Андрей Кошелев (Русия) ва Петер Ребшер (Олмон) қувваозмоӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG