Пайвандҳои дастрасӣ

Як соли варзиши тоҷик: Аз роҳхати Дилшод то медалҳои Хуршеду Шаҳриёр


Дилшод Назаров

Дилшод Назаров

Ин гузориш мурурест ба дастовардҳои муҳимтарини варзишгарони тоҷик дар соли 2015.

Варзишгарони тоҷик дар соли 2015 ба як силсила дастовардҳои муҳим соҳиб шуданд. Дар ин гузориш чанде аз комёбиҳои асосии варзиши тоҷикро бармешумурем.

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик дар моҳи август дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Пекин медали нуқра ба даст овард. Ӯ гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр андохт ва соҳиби мақоми дувум миёни 12 гурзандози беҳтарини ҷаҳон ва 30 ҳазор доллари амрикоӣ шуд. Дилшод Назаров нахустин варзишгари тоҷик аст, ки ба олимпиадаи Рио- де - Женейро - 2016 роҳхат гирифт ва беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2015 эълон шуд.

--------------------------------------------------------------------------------------------

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар нахустин соли ширкати худ дар ҷоми АFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ба даври ниҳоии ин сабқат роҳ ёфта, мақоми дувум ва медали нуқраи ин мусобиқаро ба даст овард. “Истиқлол”-и Душанбе соли 2015 ҳамчунин ҷоми Федератсияи футболи кишвар, Ҷоми олӣ ва Ҷоми Тоҷикистон, инчунин унвони қаҳрамониро ба даст овард.

--------------------------------------------------------------------------------------------

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, моҳи октябр дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд соҳиби медали нуқра гардид. Ӯ қаблан дар Ҷоми кушодаи Осиё-2015 дар Тайван низ медали нуқра ба даст овард. Дар моҳи май дар қаҳрамонии Осиё дар Кувайт мақоми 3-юмро соҳиб шуд. Комроншоҳи Устопириён дар соли 2015 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар мақоми панҷум қарор гирифт.

--------------------------------------------------------------------------------------------

Мавзуна Чориева

Мавзуна Чориева

Мавзуна Чориева, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон, имсол дар қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон дар Чин соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ин натиҷаи беҳтарини Мавзуна Чориева пас аз олимпиадаи Лондон ва издивоҷу таваллуди фарзанд аст.

---------------------------------------------------------------------------------------------

Шаҳриёр Даминов, варзишгари 18-солаи тоҷик рӯзи 8 ноябр дар шаҳри Палембанги Индонезия дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ, дар каноэи яккаса ба масофаи 200 метр байни навҷавонон мақоми аввалро касб кард ва медали тилло гирифт. Ӯ имсол дар Португалия дар миёни 500 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар сабқати каноэи яккасаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни навҷавонон дар масофаи 1000 метр бо натиҷаи 4 дақиқаву 6,948 сония дар гурӯҳи "В" мақоми аввалро гирифт ва дар ҷамъбасти умумӣ ҳафтум шуд. Ин натиҷаи нишондодаи Шаҳриёр дар таърихи ин навъи олимпии варзиш дар замони истиқлолияти Тоҷикистон беҳтарин аст.

--------------------------------------------------------------------------------------------

Паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон, ки дар моҳи октябр дар Тайланд баргузор шуд, дар вазни беш аз 90 кило соҳиби медали тило шуд. Хуршед Маҷидов моҳи июн дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар Чирчики Узбакистон низ медали тило ба даст овард. Ӯ ҳамин тавр моҳи май дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон дар Руминия соҳиби медали тилло шуд.

XS
SM
MD
LG