Пайвандҳои дастрасӣ

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзи 22-юми ноябр дар Санкт-Петербурги Русия шурӯъ шуд, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ байни мардон шумораи рекордии дастаҳо ширкат дорад. Дар ин мусобиқа, ки ба ҷашни 75-солагии самбо бахшида шуда, дар макони пайдоиши ин навъи маъмули варзиш – Русия барпо гаштааст, варзишгарони 75 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, ки мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳонро дар Санкт-Петербург тамошо кард, ба ғолибон дар баъзе вазнҳо медалҳои тилло супурд ва дӯстдорони ҳунарҳои размиро бо кушодашавии мусобиқаи ҷаҳонии самбо табрик гуфт.

Гуштигирон барои 27 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд – 9-то дар самбои варзишӣ миёни мардон, 9-то дар самбои варзишӣ миёни занон ва 9-то дар самбои размӣ байни мардон.

Рӯзи аввали мусобиқа, 22-юми ноябр, сабқати мардон дар вазнҳои 52, 68 ва 90 кг, сабқати занон дар вазнҳои 48, 60 ва 72 кг аз рӯи самбои варзишӣ баргузор мешавад. Инчунин мардон дар сабқати самбои размӣ дар вазнҳои 57, 74 ва 100 кг рақобат карданд.

Комроншоҳи Устопириён дар самбои варзишӣ дар вазни то 90 кг нахуст бар рақибаш Георгий Баиндурови аз Гурҷистон пирӯз шуд, баъдан бар варзишгари Олмон Даниэл Каррот ва Сабуҳӣ Охундов аз Озарбойҷон ғолиб омад. Сипас ӯ барои ба финал баромадан аз Иван Василчук (Украина) мағлуб гашт. Комроншоҳ барои ҷойи севум Ҳелге Молти олмониро шикаст дод.

Дар вазни то 90 кг Арсен Ханджян аз Русия бо медали тилло, Иван Василчук аз Украина бо медали нуқра, Андрей Казусионак аз Булғористон ва Комроншоҳи Устопириён бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Паҳлавони дигари тоҷик Сӯҳроб Муъминов дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 52 кг аз Тигран Киракосян (Арманистон) шикаст хӯрд. Мустафо Ҳасанов бошад, дар вазни то 68 кг баъди ду ғалаба бар Касин Патиранаҷ (Шри-Ланка) ва Патрик Тобиҷас (Лаҳистон), дар даври баъдӣ аз Мартин Иванду (Булғористон) ноком шуд. Мустафо барои ҷойи севум аз Даваадори Тумуркулеҷ (Муғулистон) мағлуб гашт.

Дар самбои размӣ гуштигирони тоҷик - Аҳлиддин Курбонов дар вазни то 57 кг аз Толмас Туклиев (Узбакистон) ва Ҳазратулло Абдусаломов дар вазни то 74 кг аз Рустам Сайдалиев (Украина) дар даври аввал мағлуб гаштанд.

Рӯзи дувуми мусобиқа, 23-юми ноябр, сабқати мардон дар вазнҳои 57, 74 ва 100 кг, сабқати занон дар вазнҳои 52, 64 ва 80 кг аз рӯи самбои варзишӣ сурат гирифт. Инчунин мардон дар сабқати самбои размӣ дар вазнҳои 62, 82 ва +100 кг иштирок карданд.

Паҳлавони тоҷик Акмалиддин Каримов, ки дар сабқати мардон дар самбои варзишӣ дар вазни то 57 кг дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Ербулат Бойботиров аз Қазоқистон пирӯз шуд, вале Акмалиддин баъдан аз Оймерган Аткунови русиягӣ шикаст хӯрд.

Узвви мунтахаби Тоҷикистон Убайди Деваштич дар вазни то 74 кг пас аз ду ғалаба бар Аввад Рафъат (Урдун) ва Владимир Олейник (Португол), дар даври севум аз Хошбаатар Тсаганбаатар (Муғулистон) мағлуб гашт. Деваштич баъдан бар Валдат Канафескас (Литва) дастболо шуд. Вале варзишгари тоҷик барои ҷойи севум қувваозмоиро ба Алӣ Кирзев (Русия) бохт ва дар натиҷа мақоми 5-умро касб кард.

Паҳлавони дигари тоҷик Парвиз Собиров дар вазни то 100 кг дар даврҳои муқаддамотӣ бар рақибонаш Чингиз Шокпутов (Қазоқистон) ва Раду Малсис (Молдова) ғолиб омад, вале дар даври севум аз Даниэл Дичев (Булғористон) ноком гашт. Дар сабқати самбои размӣ Азимҷон Бегиҷонов дар вазни то 82 кг бар Василий-кристи Чимиус аз Руминия ғалаба кард, вале дар даври баъдӣ аз Қурмонбек Одил Уулу (Қирғизистон) мағлуб шуд.

Рӯзи севуми мусобиқа, 24-уми ноябр, сабқати мардон дар вазнҳои 62, 82 ва +100 кг, сабқати занон дар вазнҳои 56, 68 ва +80 кг аз рӯи самбои варзишӣ барпо мегардад. Инчунин мардон дар сабқати самбои размӣ дар вазнҳои 52, 68 ва 90 кг ширкат меварзанд.

Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Беларус – Минск, ки бо ширкати варзишгарони 64 кишвар баргузор шуда буд, се медал ба даст оварданд. Дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг бо медали нуқра ва Низомиддин Охиров дар вазни то 62 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Медали севуми Тоҷикистонро Айниддин Қурбонов дар сабқати самбои размӣ ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг соҳиби медали нуқра гардид.

Вале бояд гуфт, ки баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов тирамоҳи соли 1975 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Минск то ҳоло ягон намояндаи дигари Тоҷикистон дар риштаи самбои варзишӣ миёни бузургсолон медали тилло ба даст наовардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG