Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон, дар даври шашум ва охирини мусобиқаи гурӯҳӣ имрӯз, 1-уми май дар сафар бо тими “Ал Риффа”-и Баҳрайн рақобат хоҳад кард.

Ин бозии гурӯҳи “А”дар Варзишгоҳи миллии пойтахти Баҳрайн – Манама шоми чоршанбе, соати 19:30 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ имрӯз дастаи “Сафо”-и Лубнон бо тими меҳмон - “Кувайт”-и Кувайт рақобат мекунад. Ҳарду бозӣ дар як вақт оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Регар-ТадАЗ» дар даври дувум рӯзи 12-уми март дар Хуҷанд аз тими “Ал Риффа” бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд.



Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Риффа” бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум ва дастаи “Сафо”бо 7 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо як имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 4-15) дар ҷойи охирин – 4-ум мебошад.

Ёдовар мешавем, намояндаи дигари Тоҷикистон - дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони кишвар, дар бозии даври шашум ва охирини мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC- 2013 аз тими меҳмон - “Ал Шорта”-и Сурия бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “D” рӯзи сешанбе, 30-юми апрел дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо ҳузури 1700 тамошогар баргузор шуд.

Голҳои “Ал Шорта”-ро Муҳаммад Алвакид ва Аҳмад Калласӣ дар нимаи аввали бозӣ ва Аммар Закоур дар нимаи дувум ба ҳадаф расонданд. Як голи “Равшан”-ро Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаи 41-ум зад.

Бозии дигари ин гурӯҳ шоми сешанбе миёни дастаҳои “Ал Қудсия”-и Кувайт ва “Ал Рамза”-и Урдун бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Ба ин тартиб дар гурӯҳи “D” тими “Ал Қудсия” бо 13 имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 13-4) мақоми аввалро касб кард ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Тими “Ал Шорта” бо 12 имтиёз (8-5) дувум шуд. Дастаи “Ал Рамза” бо 10 имтиёз (10-7) дар ҷойи севум қарор гирифт. Вале дастаи “Равшан”, ки ҳамаи 6 бозиро бохт, бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 2-17) дар зинаи охирин - 4-ум ҷойгир шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG