Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Г.Бобосодиқова: Тетчер дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши ҳалкунанда дошт


июни соли 1990, Маскав
июни соли 1990, Маскав

Котиби кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистони шӯравӣ Г.Бобосодиқова аз шахсияти ин сиёсатмадори маъруфи давр ёдовар шуд.

Гулҷаҳон Бобосодиқова мегӯяд, соли 1979 котиби кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таъин шуд. Ин ҳамон соле буд, ки Маргарет Тетчер нахуствазири Бритониё интихоб шуд ва дар мақоми худ танҳо хонуме гардид, ки ба чунин мақоми баланд даст ёфт. Ӯро аз шахсиятҳои бонуфузи сиёсати ҷаҳонӣ меноманд, ки дар таҳаввулоти байналмилалии солҳои 1980-1990 нақши муҳим бозидааст.

Гулҷаҳон Бобосодиқова дар рӯзи марги М. Тетчер дар сӯҳбат бо Озодӣ чунин ёдовар шуд:

"Ман то соли 1987 дар кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон кор кардам. Ҳарчанд ман ӯро аз наздик надидаам, вале мулоқоти ӯро бо Михаил Горбачев (котиби аввали ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1985) дар ёд дорам. Медонед, он солҳо занони раҳбар, ки президенти кишвар ё нахуствазир бошанд, хеле кам буданд. Мо он вақт дар бораи корномаҳои Индира Гандӣ ва баъзе дигар шахсиятҳо медонистему халос. Тетчер дигар буд. Пеш аз ҳама Тетчер ба мо аз назари як раҳбари зан буданаш ҷалби таваҷҷӯҳ мекард. Ӯро «бонуи оҳанин» мегуфтанд ва дар баробари нақшаш дар сиёсати ҷаҳонӣ, мо ба шеваи раҳбарии ӯ чун як хонуми сиёсатмадор аз дур истода нигоҳ мекардем. Мо медидем, ки ӯ як характери бисёр қавӣ дошт, донишҳояш амиқ ва шахсияти пурталош буд. Садои ӯ дар сиёсати ҷаҳонӣ он замон нақши ҳалкунанда дошт. Албатта, бо дар ҷабҳаҳои муқобили идеологӣ қарор доштем ва бисёр чизҳое, ки дар тарафи муқобил рӯй медод, мо дар шӯравӣ қабул карда наметавонистем. Талоши Ғарбро он солҳо мо медонем, ки барои сарнагун кардани Шӯравӣ равона шуда буд. Ва вақте Горбачеву ҳамсараш бо Тетчер мулоқот карданд, на ҳама аз ин чиз пуштибонӣ карданд".

Нахуствазири собиқи Бритониё Маргарет Тетчер рӯзи 8 апрел дар синни 87-солагӣ бар асари дарди қалб даргузашт.
XS
SM
MD
LG