Пайвандҳои дастрасӣ

Бут ё наБут? Samar Airlines моли кӣ буд?


Виктор Бут дар боздошт дар Таиланд (акс аз соли 2011)

Виктор Бут дар боздошт дар Таиланд (акс аз соли 2011)

Яке аз раҳбарони собиқи фурудгоҳи Душанбе иттилоъи расонаҳо дар бораи ширкати ҳавонавардии Виктор Бут дар Тоҷикистонро рад кард.

Алишер Сангинов, ки тайи солҳои 2000 - 2007 аз раҳбарони хадамоти амнияти фурудгоҳи Душанбе буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон ширкате марбут ба Виктор Бут вуҷуд надошт ва Samar Airlines, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, ширкати сирф тоҷикист: «Бо ӯ ҳеҷ алоқамандие надошт. Аниқ. Ман дар бораи Бут хондам. Аммо он ҷо дар бораи тайёраи боркаш меравад, аммо ин ширкат танҳо як ҳавопаймои Як – 40 дошт. Ман аниқ медонам, ки ин ширкат ба он одам ҳеҷ алоқамандие надорад. Шояд ба хотири он, ки Бут зодаи Душанбе аст, ширкатро ҳам ба ӯ нисбат медиҳанд.»



Додгоҳи Ню –Йорк рӯзи 14 декабр эълон дошт, ки ҳукми Ричард Чичаклӣ, ҳамкори Виктор Бут, қочоқбари маъруфи силоҳро моҳи марти соли оянда содир хоҳад кард. Виктор Бут зодаи Душанбе буда, бо иттиҳоми қочоқи силоҳ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Толибон ва Ал –Қоида ҳанӯз дар соли 2008 дар Таиланд боздошт ва баъди истирдодаш ба Амрико дар соли 2012 аз сӯи додгоҳи Ню – Йорк ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Виктор Бут соли 1967 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи махсуси омӯзиши забони немисиро дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) хатм кардааст. Аз давраи зиндагии ӯ дар Душанбе маълумоти зиёде дастрас нест, вале бар асоси хабарҳои дарёфтӣ, падараш устои оддии мошин ва модараш низ як муҳосиби оддӣ будаанд. Виктор Бут ҳанӯз дар овони мактабхонӣ забони немисӣ ва ҳам забони байналмилалии эсперанторо, ки он замон мӯд буд, аз бар мекунад.

Баъди хатми омӯзишгоҳи низомии Қазон ва як муддат хидмат дар ҳавзаи низомии Закарпатйеи Украина Бут ба Донишкадаи низомии забонҳои хориҷӣ дар Маскав дохил шуда, дар инҷо забони португалиро аз худ мекунад.

Виктор Бут дар додгоҳи Амрико

Виктор Бут дар додгоҳи Амрико

Дар иттилоъи расонаҳо аз қавли тафтишот омадааст, ки ин ду нафар соли 2004 дар Тоҷикистон бо номҳои бегона ширкати Samar Airlines- ро сабти ном карда, дар соли 2007 тариқи он мехостанд аз ширкатҳои амрикоӣ ду ҳавопаймои «Boeing» бихаранд. Ба ин хотир, онҳо ба ҳисоби бонкҳои амрикоӣ 1,7 миллион доллар интиқол додаанд, аммо аз ин амалиёт вазорати молияи Амрико огоҳ шуда, маблағеро, ки бонкҳо аз Samar Airlines гирифта буданд, ҳабс кардааст.

Дар сӯҳбат бо Радиои «Озодӣ» собиқадорони соҳаи ҳавонавардии Тоҷикистон гуфтанд, ки Samar Airlines ба соҳибкори маъруф, марҳум Самариддин Фазлиддинов тааллуқ дошт, на ба Виктор Бут. Самариддин Фазлиддинов яке соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон шинохта мешуд, ки моҳи июли соли 2012 дар синни 60-солагӣ даргузашт. Ӯ муассиси ширкати «Самар» аст, ки ба коркарди пахта дар ноҳияи Восеъ машғул буд ва корхонаи пахтаи ин ноҳияро ҳанӯз аз замони Шӯравӣ раҳбарӣ мекард. Аввалин шабакаи мустақили телевизонӣ дар минтақаи Кӯлоб бо номи «Мавҷи озод» низ ба ӯ тааллуқ дошт.

Садриддин Олимов, яке аз халабонҳое, ки дар ин ширкат кор мекард, мегӯяд: «Мо дар ҳамон ширкате, ки ба Самариддин Фазлиддинов тааллуқ дошт, кор мекардем. Ҳар ҳафта аз Хуҷанд ба Кӯлоб ва аз Кӯлоб ба Хуҷанд ду рейс доштем. Мусофир мекашондем, на бор. Солҳои 1997 то 2000 дар он ширкат кор кардам. Пас аз ин намедонам, ки кор карданд ё на.»

Дар ҳоле ки Samar Airlines то соли 2001 фаъолият дошт, дар соли 2004 дигарбора сабти ном шудани он дар Тоҷикистон, ба қавли манобеъи мо, иттилоъи нодуруст аст.

Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба суоли Радиои Озодӣ танҳо гуфтанд, ки ҳоло Samar Airlines дар феҳристи ширкатҳои фаъол дар ин кишвар нест. Масъулини вазорати нақлиёт ва ҳам фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба ин далел, ки он замон сари кор набуданд, дар бораи фаъолиятҳои ин ширкат изҳори беиттилоъӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG