Пайвандҳои дастрасӣ

«Восток ФМ», радиои маҳбуби муҳоҷирини тоҷик дар Русия ба пахши таронаҳои тоҷикӣ шурӯъ кард.

Ин иқдом дар пайи як тавофуқ миёни ширкати «Топ медиа» ва «Восток ФМ» гирифта шудааст.

Беҳрӯз Зеваров, сарвари ширкати «Топ медиа» дар таъйиди ин хабар ба Радиои «Озодӣ» гуфт, то ин вақт дар радиои мазкур таронаҳо бо ҳама забонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ садо медод, ба ҷуз тоҷикӣ.

«Дар як сафарам ба Маскав мушоҳида кардам, ки дар ин радио таронаҳои узбакӣ ва қирғизӣ садо медоду аз мо пахш намешуд. Бо масъулони ин Радио пайваст шудам, пешниҳод кардам, як моҳ гуфтушунид идома кард ва ҳоло пахши таронаҳои тоҷикӣ шурӯъ шудааст. Ин радиоро бештар муҳоҷирон гӯш мекардаанд ва фикр мекунам, ин қарордод барои мо муҳим буд.», гуфт Зеваров.

Ба ҳамин минвол, тариқи ин радио таронаҳои Ҷонибек Муродов, Баҳром Ғафурӣ, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Таҳмина Ниёзова, Ховар Муродов, Парвин Юсуфӣ ва Зулайхо Маҳмадшоева пахш хоҳанд шуд.

«Восток ФМ», як радиои маъруф дар Русия аст, ки ду сол боз тариқи мавҷи ФМ – 94 пахш мешавад ва умдатан таронаҳои шарқӣ ва африқоиро пахш мекунад. Ин лоиҳаи дуввуми мусиқии тоҷири маъруфи рус Михаил Гутсерев аст. Ба гуфтаи масъулони ин расона, шунавандаҳои аслии онҳо ҷавонони аз 25 то 35 - сола ҳастанд.

Александр Колесников, яке аз масъулони радиои «Восток ФМ» мегӯяд, таронаҳое, ки барои пахш аз Тоҷикистон пешниҳоди онҳо шудааст, ба талаботу формати радио пурра мувофиқ ва ҷолибу шуниданиянд. Оқои Колесников гуфт, онҳо бо ин роҳ мехоҳанд, дӯстодорони созу наво, муҳоҷиронеро, ки дар Маскав кору зиндагӣ доранд, аз тозатарин мусиқиҳои кишварҳои худ огоҳ ва бо ин роҳ табъи онҳоро шод хоҳанд кард:

«Ҳоло сатҳи мусиқии Тоҷикистон ба талаботи мо ҷавобгӯ аст. Ва мо барои эфири худ таронаҳои якчанд овозхони тоҷикро интихоб кардаему аз онҳо истифода мекунем. Ба мо, масалан, таронаи Шабнам ва Фарзонаи Хуршед - «Ёрам» хеле писанд омад. Мо таронаҳо дар формати аврупоӣ ва муосирро интихоб мекунем. Мо беҳтарин намунаҳои мусиқии муосири Тоҷикистонро пешниҳоди шунавандаҳо мекунем. Мавҷи мо дар Маскав рақиб ва назир надорад. Мо мехоҳем ба шунавандаҳои худ, онҳое, ки дар Маскав кору зиндагӣ доранд, таронаҳои нави овозхонони ҳамватанашонро бишнавонем»

Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, ки муҳлатҳои зиёд аз ватан ва наздикону фарзандони худ дуранд, ғолибан хумори ватан ва ёру наздикони худро маҳз бо шунидани оҳангу таронаҳои тоҷикӣ мешикананд. Дар ин маврид ба онҳо бештар интернет кӯмак мерасонад.

Аммо ба гуфтаи Аюб Эгамзод, ҷавоне, ки чанд сол боз дар Русия ба сар мебарад, ӯ ва аксар дигар муҳоҷирони тоҷик дар хонаву мошинҳои худ бештар радиои «Восток ФМ»-ро гӯш мекунанд.

Акнун «Восток ФМ» майдони дигаре барои намоиши таронаҳои муосири тоҷик дар хориҷ, қабл аз ҳама Русия мешавад.

Беҳрӯз Зеваров мегӯяд, онҳо мекӯшанд таронаҳоеро ба ин радио пешниҳод кунанд, ки кайфияти баланди фаннӣ ва ҳам мазмунӣ дошта бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG