Пайвандҳои дастрасӣ

Оҳанги тоҷикӣ дар ҷашнвораи "Хори миллатҳо"


Зарина Тоҷибоева.

Зарина Тоҷибоева.

Дар ҷашнвораи мусиқии “Хори миллатҳо” дар Швейдсария, барои аввалин бор оҳанги тоҷикӣ садо хоҳад дод.

Ҷашнвораи ҷаҳонии “Хори миллатҳо” ҳар сол дар Швейдсария бо ширкати хорсароҳо аз 40 кишвари ҷаҳон баргузор мегардад. Имсол ин чорабинӣ моҳи ноябр дар назар дошта шудааст ва дар ин ҷашнвора оҳанги композитори тоҷик Дамир Дӯстмуҳаммедов бо номи "Базми Наврӯз" дар иҷрои Зарина Тоҷибоева, овозхони тоҷики муқими Швейдсария садо медиҳад.

Зарина Тоҷибоева, як тоҷики муқими Швейдсария, ки ба ҳайси ҳунарманди театр ва овозхон фаъолият дорад, рӯзи 10 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, садо додани оҳанги тоҷикӣ дар ҷашнвораи “Хори миллатҳо” пешниҳоди худи ӯ буд. Вай мегӯяд, алакай барои иҷрои оҳанги тоҷикӣ дар ин ҷашнвора тамринро шурӯъ карданд ва ин иқдом натанҳо ифтихори тоҷикони муқими ин кишвар, балки обрӯи Тоҷикистон аст.

“Акнун аввалин бор дар ин кишвар ва дар ин озмун, ки қариб 8 сол аст, баргузор мешавад, оҳанги тоҷикӣ садо медиҳад ва то имрӯз ҳатто боре ҳам дар ин кишвар мусиқии тоҷикӣ садо надода буд”.

Зарина Тоҷибоева ҳамчунин афзуд, ки хонандаҳои хор аз 40 миллат ҳастанд, вале мисли ӯ ҳамагӣ муқими Швейдсария мебошанд. Ҳамсӯҳбати мо бо хушҳолӣ таъкид кард, ки ҳоло бо кӯмаки ӯ, талаффузи калимаву оҳанги тоҷикӣ аз сӯи хорсароён тамрин мешавад. “Вақте, ки оҳанги тоҷикиро миёни намояндаи 40 давлат шунидам, ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд, албатта ин аз хурсандӣ аст. Худи оҳанг хеле тӯлонӣ аст, аммо мо як қисмашро мехонем”.

Ҷашнвораи мусиқии “Хори миллатҳо” 8 сол боз ба ин сӯ дар шаҳри Сюрих баргузор мешавад. Имсол барои муаррифии фарҳанги тоҷикон, дар ин ҷаншновари ҷаҳонӣ бо пешниҳоди Зарина Тоҷибоева хори тоҷикӣ ҳам дар қатори оҳангҳо аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ворид шудааст.

Исми Зарина Тоҷибоева як соли пеш барои роҳ ёфтан дар озмуни байналмилалии “Eurovision – 2015” аз номи Швейдсария расонаӣ шуда буд. Зарина Тоҷибоева 39 сол дошта, ҳанӯз дар миёнаи солҳои 90 аз Тоҷикистон кӯчидааст.

Ӯ 6 соли пеш аз Олмон ба Швейдсария омад ва зиндагӣ дар ин кишварро ихтиёр кард. Ӯ мегӯяд, инҷо дар ба ҳайси ҳунарманди театр, овозхон ва тарҷумони забони форсӣ фаъолият дорад ва “нонашро аз касби тарҷумонӣ ба даст меорад.”

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG