Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ғарибӣ”-и тоҷикӣ Фейсбуки афғониро тарконд. ВИДЕО


Саҳнае аз клипи Наимҷони Саидалӣ ва Ҳанифа Қурбонова
Саҳнае аз клипи Наимҷони Саидалӣ ва Ҳанифа Қурбонова

Таронаи “Ғарибӣ”-и Наимҷони Саидалӣ ва Ҳанифа Қурбонова бар матни шоир Сироҷи Абдулло Фейсбуки афғониро бо таркиши эҳсосу андешаҳо рӯбарӯ кард.

Ин клип, ки агар то охираш онро бубинед, дар чашмонатон ашк медамад, садҳо нафар аз бинандагони бахши афғонистонии Фейсбукро такон додааст. Он зиёда аз 330 бор бознашр шуда, чандин нафар, аз ҷумла Закариё, Мубод Сарварӣ, Гул Форуқӣ онро “беҳтарин суруди шунида”-и худ ва Нигина Масъуд, Марями Амирҳакимӣ, Ҳидоятулло Илмӣ ва чанде дигар “олӣ”, “бисёр зебо”, “зебо ва ҳақиқат” номида, шарҳи Руқия Ориён кӯтоҳ “модарҷон!” аст, ки аз лаҳнаш бӯйи ғам ва ишқ меояд.

Дар ин клип, ки сомонаи журналисти саршиноси тоҷик Султони Ҳамад “Рӯзгор” нашр кардааст, дарди ғарибии як муҳоҷирбача ва сӯзу андӯҳи модари чашмбароҳи ӯ тавсир шуда, матни содаву дилрас ва оҳанги муносиби мардумӣ якҷо бо саҳнаҳои драматик ҳолати таъсирбахшеро эҷод намудаанд. Полисҳо муҳоҷирро дунбол мекунанд ва ӯ дар ҷангале раҳгум задаву ба замин меафтад ва модари худро ба ёд меораду аз дарди ғарибӣ менолад. Модар ҳам гӯё азобҳои фарзандашро ҳис мекунад ва аз дарди ҷудоӣ шиква меораду вақте мебинад, ҷавони ҳамсоя омадаасту ӯро ба оғӯш мегиранд, чашмонаш пуроб мешаванд.

Ҳамин гуна дар шакли дуэт ё бадеҳа ҳар кадом бахши худро мехонанд ва ҳангоме ки модар дастони пур аз кафки собун машғули либосшӯӣ аст, духтарчааш хабари бозгашти писараш аз Русияро меорад. Модар ба сӯйи дарвоза медавад ва фарзандашро канор мегирад, аммо пас аз лаҳзае маълум мешавад, ки модар ин ҳамаро дар хоб дидаасту садои азони бомдод ӯро бедор мекунад.

Дар ин байн ҷавон дар ҷангали бегона пораи ноне ба даҳан мебарад, ки гулӯгираш мекунад ва дар лаҳзаҳои сакарот ду муҳоҷири дигар ӯро пайдо кардаву бо худ мебаранд ва сари дастахони ғарибӣ нафари дигаре онҳоро пешвоз мегираду ҷавон акнун дарди ҳамаи муҳоҷиронро месарояд.

Дар шарҳи худ дар ҳошияи ин навор дар Фейсбук Рӯшандил Муҳаммад сабаби писанд афтодани таронаи Наимҷони Саидалӣ ва Ҳанифа Қурбоноваро дар он мебинад, ки дарди муҳоҷири тоҷик ва модари ғамзадаи ӯ ба ҳазорон нафар аз мардумони Осиё ва Африқо ошност, чун миллионҳо нафар аз ин қораҳо ба нерӯи арзони кор табдил ёфтаанд.

Заррина Ноз афзудааст: “Воҳ-воҳ, аҷабо, мо дар хаёли чистем? Гадои ватан бошед, подшоҳи мамлакати дигар на.” Аҳмад Амирӣ низ тавсия медиҳад, ки инсон бояд дар ватанаш бимирад. Вале Раҳо Озод мегӯяд, “мо як умр муҳоҷирем”. Самеъ Варин навиштааст: “Ин оҳанги зебо ва фоҷиавӣ ба ғуссаам афзуд” ва Умар Тупаланг Адхӯйӣ гӯё оҳи бадард мекашад: “Эй кош, ман модар медоштам.” Ҳоҷӣ Насир Аҳмади Ғазнавӣ: “Ба Худо, гирёнам кард, ман қурбони ҳама модарони азизам!”

Бархе аз шореҳони дигари фейсбукӣ байтҳоеро аз ин тарона нақл кардаанд: “Эй дӯст, қадам ба хокаш оҳиста бимон/ Садқай ватанам, ки бӯйи модар дорад.”

Наимҷони Саидалӣ
Наимҷони Саидалӣ
Наимҷони Саидалӣ ва Ҳанифа Қурбонова аз аввалин ҳунарнамоияшон дар шаҳри Қӯрғонтеппа се сол пеш бо таронаҳое дар мавзӯи муҳоҷират ва ғарибӣ шӯҳрат ёфтанд. Дар як суҳбаташ бо радиои “Озодӣ” дар соли гузашта Наимҷони Саидалӣ гуфт: “Ман ягон бор дар муҳоҷирати корӣ набудам, вале бо муҳоҷирони бисёре сӯҳбатҳо кардам, то аз наздик бо ҳама он чӣ ки онҳо дар ғарибӣ эҳсос мекунанд, шинос шавам ва ин ҳолро дар клипамон табиитар нишон диҳам.

Наимҷони Саидалӣ дар меҳмонии Радиои Озодӣ:

Наимҷони Саидалӣ- сарояндае, ки таронаҳояш оҳанги ғарибӣ доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:07 0:00


Лекин онҳое, ки клипҳоро тамошо карданд, аз мо мепурсанд, ки оё воқеан, онро дар Русия ба навор гирифтем ё хайр. Саҳнаҳо бисёр монанд будааст. Ҳама ин саҳнаҳоро мо дар "Бешаи палангон"-и ноҳияи Ҷилликӯл сабт кардем. Шояд клипи дуюмамон ҷолибтар омад, ки баъзе ҳунармандони касбӣ ҳам онро хуб арзёбӣ карда, гуфтанд, ки аз ман актёри хуб ҳам мебарояд…”

Таронаи мазкур ҳамчунин дар шабакаи Ютюб пурбинанда буда, то ҳол зиёда аз 200 000 бор дида ва дар ҳошияаш даҳҳо шарҳ навишта шудааст.

XS
SM
MD
LG