Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон додани силоҳ ба Толибонро рад кард


Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон
Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ивази силоҳ озод шудани чор сарбозаш аз дасти Толибонро рад кард. Ин чор сарбоз ним сол дар асорати Толибон буданд ва моҳи июн ба кишвар баргаштанд.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабари дар ивази силоҳ озод шудани чор сарбози тоҷик аз дасти Толибонро рад кард. Дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ 27 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин сарбозон на дар ивази силоҳ ва на дар ивази пул, балки бо мусоидати шахсии Эмомалӣ Раҳмон озод шуданд". Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ин матлабро туҳмат номид.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 26 октябр торнамои The Daily Beast аз қавли як мақоми ҷунбиши Толибон навишт, ки чор сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тобистони соли ҷорӣ дар ивази силоҳ озод шудаанд. Ба навиштаи ин нашрия, моҳи майи соли ҷорӣ Тоҳир Шамолзай, бародари хурдии раҳбари пешини Толибон, бо шиносномаи ҷаълӣ ё қалбакӣ ҳамроҳи як ҳайат аз Кобул тавассути ҳавопаймо ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, омада ва бо миёнаравии Иброҳим Ачакзай – тоҷири фулузот ё оҳан бо мақомоти ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Ин нашрия мегӯяд, Толибон дар ин "музокирот" ба ивази озодии чаҳор сарбози Тоҷикистон тақозои силоҳ кардааст. Баъдан Тоҳир Шамолзай силоҳҳоро интихоб карда ва аз Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол додааст. Нашрия аз қавли манобеи худаш мегӯяд, ин силоҳ "бисёр" ва "муҳим" будаанд. Қорӣ Умар, муовини фармондеҳи Толибон, дар суҳбат бо The Daily Beast гуфтааст, ин силоҳҳо аз тариқи марзи Тоҷикистон ба Афғонистон ворид шуда, "дар ҷангҳои Кундуз нақши калидӣ доштаанд".

Қорӣ Умар афзудааст, баъд аз ин фармондеҳи вақти Толибон Мулло Раҳматуллоҳ аз ин муомила хушҳолӣ карда, чор сарбози тоҷикро бо салла ва либоси афғонӣ ба марзи Тоҷикистон фиристодааст. Зимнан, Мулло Раҳматуллоҳ дар ҷараёни бомборони ҳавопаймоҳои Амрико дар Кундуз кушта шудааст.

Тоҷикистон додани силоҳ ба Толибонро рад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Мақомоти давлатии Тоҷикистон рӯзи 16 июн хабар доданд, чаҳор сарбози тоҷик, ки аз моҳи декабри соли 2014 дар асорати гурӯҳи "Толибон" буданд, озод ва рӯзи 11 июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Инҳо:

Калонов Фарҳод Мухторович (1989, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе)

Шодиев Меҳроҷ Фатҳуллоевич (1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ)

Норбоев Туйчибой Абдусамадович (1995, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷакент)

Давлатов Сироҷ Исломидинович (1991, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қумсангир) мебошанд.

Мақомот он вақт гуфта буданд, озодии ин марзбонҳо аз сӯи ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон сурат гирифтааст. Қаблан гуфта мешуд, марзбонон гӯё бо мусоидати амири Қатар Шайх Тамим Бин Ҳаммад ал-Сонӣ аз асорати Толибон раҳо шудаанд.

Додгоҳи низомии вилояти Хатлон Алимаҳмад Додокалонов, лейтенанти калон, сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 26 10-и ноҳияи Панҷро, ки бо фармони ӯ чаҳор сарбози тоҷик дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳезум мечиданд ва дар ин ҳолат ба дасти толибон афтидаанд, 6 апрел ба мӯҳлати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Гаравгонҳои тоҷик рӯзҳои аввал дар ноҳияи Имом-Соҳиби вилояти Кундуз буданд, вале баъд аз ноором шудани авзоъ дар ин минтақа ба умқи Афғонистон интиқол ёфтанд. Ҷузъиёти ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар заминаи озод кардани гаравгонҳо аз дасти Толибон маълум нест, аммо дақиқ аст, ин музокироти бидуни сару садо анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG