Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои хориҷии Қатар эълон кард, бо мусоадати амири ин кишвар чаҳор сарбози тоҷик аз асорати Толибон раҳо шудаанд. Ин хабарро мақомоти тоҷик ва волидони сарбозон низ тасдиқ намуданд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон раҳоии чаҳор марзбони кишвар аз дасти Толибонро тасдиқ карданд. Як манбаъ аз Сарраёсти нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 15 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, маълумоти бештар дар ин бора дертар нашр хоҳад шуд. Ин чаҳор марзбони тоҷик моҳи декабри соли гузашта дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз сӯи гурӯҳи Толибон рабуда шудаанд.

Волидони ин сарбозон аз раҳоии фарзандонашон хушҳолӣ намуда ва ба онҳое, ки дар озодии онҳо мусоидат карданд, ташаккур намуданд. Фатҳуллоҳ Шодиев -- падари Меъроҷиддин Шодиев, яке аз марзбонон 15 июн ба Радиои Озод гуфт, рӯзи ҷумъа аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ ба онҳо иттилоъ додаанд, ки фарзандонашон раҳо шудаанд. Ӯ гуфт, ҳоло писарашро надидааст ва имкон дорад, имрӯз ё фардо бо писараш мулоқот намояд.

Мухтор Калонов, падари марзбони дигар -- Фарҳод Калонов низ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ ба онҳо иттилоъ додаанд, ки сарбозони дар асоратбуда рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта гӯё аз Афғонистон ба Душанбе интиқол ёфтаанд. Ба қавли Мухтор Калонов, ба онҳо иттилоъ додаанд, ки чаҳор сарбоз рӯзи 16 июн ба волидонашон таслим карда мешаванд.

Ин сарбозони тоҷик 19 декабри соли гузашта ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар соҳили рӯдхонаи Панҷ аз ҷониби гурӯҳе аз Толибон рабуда шуданд. Гуфтушунидҳои ибтидоӣ барои раҳоии онҳо натиҷа надод ва ошӯбгарон дар охирҳои моҳи феврали соли равон гаравгонҳои худро ба дарунтари вилояти Кундузи Афғонистон интиқол доданд. Ба иттилои додситони вилояти Хатлон, марзбонони рабудашуда Фарҳод Калонов, соли таваллудаш 1996, Сироҷ Давлатов, соли таваллудаш 1991, Тӯйчибоӣ Нурбоев, соли таваллудаш 1996 ва Меъроҷиддин Шодиев, соли таваллудаш 1994 мебошанд.

Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ҳаммарз бо Афғонистон низ мегӯяд, "чаҳор сарбози дар асоратбудаи нерӯҳои марзбонӣ бо мусоидати Қатар озод шуда, аз Афғонистон ба Қатар интиқол ёфтаанд ва рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон оварда мешаванд".

Вазорати умури хориҷии Қатар рӯзи 14 июн иттилоъ дод, чаҳор марзбони тоҷик, ки моҳи декабри соли гузашта дар шимоли Афғонистон аз сӯи гурӯҳи Толибон рабуда шуданд, бо мусоидати амири он кишвар Шайх Тамим Бин Ҳаммад Ал-Сонӣ раҳо шудаанд. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Қатар омадааст, раҳоии ин чаҳор марзбони тоҷик аз асорати Толибон “бар асоси арзишҳои инсондӯстӣ аз ҷониби кишвари Қатар” сурат гирифта ва “Доҳа ҳама талошҳои дипломатиро анҷом дод, то ин сарбозон наҷот ёбанд”.

Вазорати умури хориҷии Қатар ҳамзамон аз ҳама ҷонибҳо, ки дар раҳоии ин марзбонон кӯмак кардаанд, изҳори сипос намудааст. Аммо дар ин баёния ишорае нашудааст, ки кадом кишвар ва ё гурӯҳи дигар дар раҳоии марзбонони тоҷик ёрӣ кардаанд.

Қатар яке аз ҷонибҳои музокироти сулҳ миёни Толибон бо ҳукумати Афғонистон аст ва дар ин кишвар дафтари сиёсии Толибон аз оғози соли 2012 фаъолият менамояд. Амрико ҳам он замон аз таъсиси дафтари Толибон дар Доҳа пуштибонӣ карда буд, вале бинобар мухолифатҳои ҳукумати вақти Афғонистон бо раҳбарии Ҳомиди Карзай бар сари насби парчами ҳукумати вақти Толибон бар фарози он дафтар, фаъолияти он барои чанд муддат ба таъхир афтод. Ахиран талошҳо барои азсаргирии музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон бештар шудааст ва Қатар аз ҷумлаи кишварҳое, мебошанд, ки мехоҳад дар гуфтушунид сулҳ саҳм дошта бошад.

Тибқи хабарҳо, Толибон бар ивази сарбозони раҳошудаи тоҷик раҳоии афроди худро тақозо кардаанд. Қаблан ҳам гуфта мешуд, Толибон талаб доранд, ки танҳо дар сурати раҳоии чанд ҷангии тоҷики узви ҳаркати Толибон ва Ал-Қоида сарбозони дар асоратбудаи тоҷикро раҳо хоҳанд кард.

Додгоҳи низомии Хатлон рӯзи 6 апрел Алимуҳаммад Додокалонов – сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 2610-и ноҳияи Панҷро, ки гуфта мешавад, бо фармони ӯ ин чаҳор сарбоз барои ҳезумчинӣ ба соҳили Омӯ рафта, баъдан ба дасти толибон афтодаанд, ба 8.5 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба хабарҳо, як гурӯҳи мусаллаҳ шом 19 декабр 4 марзбони тоҷикро дар марзи вулусволии Имом Соҳиб ба асорат гирифт.

Вулусволии Имом Соҳиб дар қисмати шимолии вилояти Кундуз ҷойгир аст ва бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Омӯ аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад. Мақомоти афғон аз ҳузури густурдаи ҷангиёни Толибон дар ин минтақа иттилоъ медиҳанд ва мегӯянд, дар миёни онҳо шаҳрвандони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикистониҳо низ ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG