Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарбоз Нуралӣ Ҳайдаровро парронданд, ё дар об ғарқ шуд?


Нуралӣ Ҳайдаров

Нуралӣ Ҳайдаров

Дар ҳоле ки масъулони қисми ҳарбии 2803-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Нуралӣ Ҳайдаров дар об ғарқ шуда, ҷон додааст, вале наздиконаш мегӯянд, ки дар пешонаи ӯ пайи тирро дидаанд.

Хонаводаи Нуралӣ Ҳайдаров, сокини 20-солаи ноҳияи Шаҳритус, мегӯянд, ҷасади фарзанди худро баъд аз якуним соли хидматаш дар қисми 2803-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар Ишкошим гирифтаанд, ки ба қавли онҳо аз пешонааш тир хӯрда, қисме аз рӯяш низ сӯхта будааст.

Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус 3 август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз дар бораи марги Ҳайдаров санади расмӣ дарёфт накардаанд ва, аз ин рӯ, иллати фавти ӯ барояшон маълум нест. Вале ҳамсӯҳбати мо дар комиссариати ҳарбӣ, ки ба далели ифшо нашудани номаш сӯҳбат мекард, гуфт, онҳо баъд аз даъвои падари Нуралӣ ба таҳқиқи ин мавзӯъ хоҳанд пардохт.

Абдуалим Исмоилзода, раиси ноҳияи Шаҳритус, низ гуфт, барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаи Нуралӣ Ҳайдаров рафта, ба хонаводааш кумак кардаанд, аммо онҳо низ дар бораи марги ӯ чизе намедонанд. "Ба мо гуфтанд, ки ташхиси ҷасадро дар вилояти Бадахшон анҷом додаанд ва нусхаи он ба мо нарасидааст. Аз ин рӯ, чизе гуфтан дар ин бора мушкил аст," -- афзуд Исмоилзода.

Мирзоалӣ Ҳайдаров, падари Нуралӣ, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш баҳори соли гузашта ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуда, чор рӯз пеш ҷасади беҷони ӯро як гурӯҳ аз низомиён ба хонаашон оварда супурдаанд. "Онҳо ҳатто нагузоштанд, ки чеҳраи писарам ба мардум нишон дода шавад. Фақат гуфтанд, ки гӯё дар об ғарқ шуда, ҷон додааст. Агар дар об ғарқ мешуд, ҷасад варам мекард," -- гуфт ӯ.

Мирзоалӣ Ҳайдаров, ҳамин тавр, ба гуфтаи мақомоти қисми ҳарбӣ дар бораи марги писараш бовар надорад ва мегӯяд, ки бо чашмони худ дидааст, "тир пешонаи писарамро сӯрох карда буд". Ҳатто ба қавли ӯ қисме аз рӯи Нуралӣ Ҳайдаров сӯхта будааст ва, барои ҳамин, ба бовари ӯ фиристодаҳои қисми низомӣ низ розӣ нашуданд, ки чеҳрааш ба дигарон нишон дода шавад.

Ин сокини ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, шояд мақомот ба ҳарфҳои ӯ эътимод накунанд, вале ӯ барои ифшои ҳақиқати кор ҳатто розист, ҷасади писараш аз қабр берун оварда шавад.

Моҳҳои июн - июли соли ҷорӣ зоҳиран аз давраҳои вазнинтарин барои Артиши Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин давра бо ҷамъ шудани қазияи Нуралӣ Ҳайдаров, ҷасади беҷони панҷ сарбозро ба хонаводаашон супурдаанд, ки бар асоси даъвои наздиконашон ҳар кадоме аз онҳо дар пайи латту кӯб фавтида ё худкушӣ кардаанд.

Аз ҷумла, тайи моҳҳои июн-июл ҷасади чор сарбози суғдӣ -- Фирдавс Раҳматов, Абдуваҳҳоб Қаюмов, Парвиз Дӯстматов ва Аъзам Убайдуллоев дар моҳҳои нахустини адои хидмати ҳарбӣ дар натиҷаи муносибатҳои ғайриойинномавӣ ё "дедовшина"-и кӯҳнасарбозон ба дасти ҳамхидматонашон кушта шудаанд. Мақомот ба волидайни ин сарбозони ба ҳалокатрасида гуфтаанд, ки марги фарзанди онҳоро ҷиддан ба таҳқиқ гирифтаанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи қисми низомиеро, ки сарбоз - Фирдавс Раҳматов дар он ҷо ҳалок шудааст, ба далели хунукназарӣ аз иҷрои вазифа барканор намуд. Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд солҳои охир Вазорти дифои Тоҷикистон ва мақомоти дигари зидахли кишвар ба хотири аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоинномавӣ миёни сарбозони артиши кишвар талош мекунанд, аммо то ҳол натавонистаанд ба ҳодисаҳои меҳтарсолорӣ нуқта бигузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG