Пайвандҳои дастрасӣ

Додситони ҳарбии гарнизони Хоруғ мегӯяд, ки ҳодисаи ба ҳалокат расидани сарбоз Адҳамҷон Эргашев дар яке аз қисмҳои низомии вазорати дифоъ воқеъ дар Дарвозро таҳқиқ мекунад.

Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ дар робита ба ҳалокати як сарбози қисми низомии тобеи Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз парванда боз карда, таҳқиқотро дар ҷойи ҳодиса оғоз намудааст. Ин ҳодиса рӯзи шанбеи 5 декабр дар қисми низомии рақами 23-441 сурат гирифтааст.

Як манбаъ аз додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ 9 декабр ба Озодӣ гуфт, натиҷаи таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, ки сарбози ин қисми низомӣ Адҳамҷон Эргашев дар вақти адои хизмат хобаш бурда ва аз беэҳтиётӣ тири "Калашников" ба чашмаш хӯрдааст.

Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ мегӯяд, ки Адҳамҷон Эргашев як сарбози фаъол буд ва соли гузашта ва имсол низ ба зодгоҳаш деҳаи Саразми ноҳияи Панҷакент ба рухсатӣ рафта буд. Манбаъ гуфт, "ҳоло таҳқиқот идома дорад ва бо анҷоми он гуфта хоҳад шуд, ки сабаби аслии ба чашми сарбоз хӯрдани тири силоҳ чӣ будааст?"

Як мақоми вазорати дифои Тоҷикистон ҳам гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи шанбеи гузашта рух дода, аммо сабабҳои аслии он норӯшан аст ва вазорат мунтазири хулосаи тафтишоти Додситони ҳарбии гарнизони Хоруғ аст. Ин манбаъ гуфт, ки то анҷоми тафтиши парвандаи мазкур, аз шарҳи ҳодиса худдорӣ хоҳанд кард.

Ҷӯрабой Эргашев, падари Адҳамҷон ба Озодӣ гуфт, ки рӯзи якшанбе ҷасади писарашро аз Хоруғ интиқол доданд ва рӯзи душанбе ба хок супорида шуд. Вай мегӯяд, ду намояндаи қисми ҳарбии Хоруғ ҷасади фарзандашро оварданд ва гуфтанд, ки аз рӯи беэҳтиётӣ тири силоҳ хато хӯрда ба чашмаш задааст: “Ман дар Панҷакент нишастаам, намедонам бо фарзанди ман чӣ ҳодиса шудааст, вале як чиз маълум аст, ки ҳеҷ кас худаш худашро намепаронад. Вай бачаи хуб буд, як моҳ рухсатӣ омад, боз гашта ба хизмат рафт.”

Падари сарбози ҳалокшуда афзуд, дар вақти шустани ҷасад маълум шуд, ки тири Калашников дар миёни ду чашмаш асобат карда ва аз пушти косахонаи сараш ба андозаи чормағз, берун шудааст.

Баҳром Сатторов, раиси ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Адҳамҷони 20-сола моҳи ноябри соли 2014 довталабона ба хизмати аскарӣ рафта буд ва сарбозе буд, ки дар сафи артиш буданро барои худ қарзи шаҳрвандӣ медонист: “Вақте ки рухсатӣ омада буд, бемор шуд ва баъди табобат сиҳат ёфт ва падару модараш гуфтанд, ки ба хизмат нарав, вале вай исрор кард ва рафт.”

Сатторов мегӯяд, падари сарбоз Ҷӯрабой Эргашев зиндагии миёнҳолона дошта, ба деҳқонӣ машғул аст ва соҳиби 6 фарзанд мебошад. Адҳамҷони 20-сола фарзанди чоруми ин хонадон будааст.

Наздикони Адҳамҷон Эргашем мегӯянд, ҳарчанд ба ҳеҷ мақоми ҳукумат шикоят нахоҳанд бурд ва даъвое нахоҳанд кард, вале интизор хоҳанд монд, ки таҳқиқоти ҳодисаи марги фарзандашон аз ҷониби додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ ба чӣ натиҷа анҷом хоҳад ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG