Пайвандҳои дастрасӣ

Нигина бо вазорат розист. Орзуву Мино - не


Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик

Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон роҳи ба танзим даровардани фаъолияти овозхонони инфиродӣ ё мустақилро пайгирӣ дорад, то аз ворид шудани таронаҳои бесифат ба бозор ҷилавгирӣ шавад.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орунбекзода рӯзи 16 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон бо таассуф гуфт, фаъолияти овозхонҳои мустақил, онҳое, ки берун аз чатри гурӯҳҳои мавҷуд дар кишвар фаъолият мекунанд, аз назари вазорат дур мондааст ва оморе низ дар бораи теъдоди чунин ҳунармандон вуҷуд надорад.

“Мо дар ин маврид бо Вазорати адлия мувофиқа дорем ва механизми ба танзим даровардани фаъолияти онҳоро фикр мекунем. Шояд як қонун ё низомномае бошад, ки онҳо ақаллан ба ҳисоб гирифта шаванд”,-гуфт вазири фарҳанг.

Шамсиддин Орумбекзода

Шамсиддин Орумбекзода

Масъулони Вазорати фарҳанг бовар доранд, дар сурати таҳияи чунин як низоми назорат ва танзимкунандаи фаъолияти овозхонҳо метавон мӯҳтаво ва забони таронаҳоро, ки ба гуфтаи онҳо дар дохил ва ҳам дар хориҷи Тоҷикистон ба обрӯи фарҳангу эстрадаи тоҷик латма мезананд, ба таври мусбат тағйир диҳанд. Ба қавли онҳо, аз нигоҳи қонун ҳаққи дахолат ба тарзи эҷоду кори овозхонҳоро надоранд, вале ба далели ин ки гап дар бораи санъату ҳунари тоҷик меравад, онҳо мехоҳанд роҳи дурусти назорати ин корро пайдо кунанд.

Бархе аз ҳунармандону мусиқишиносон, ки мегӯянд, майдони эстрадаи тоҷик пур аз овозхонҳои ҳаваскор ё кӯчагӣ ва таронаҳои берабту бемаъно шудааст, аз тасмими Вазорати фарҳанг истиқбол мекунанд, вале аксари овозхону оҳангсозони ҷавон аз он нигаронӣ доранд, ки ин тасмим бозори онҳоро касод хоҳад кард.

Нигина Амонқулова -- овозхони саршиноси тоҷик аз ансамбли “Дарё”-и назди Кумитаи телевизион ва радио аз хайли нафаронест, ки мегӯяд пеши роҳи таронаҳои ғайриҳирфаӣ бояд гирифта шавад. “Бояд як назорат бошад. Мо таронаҳоеро, ки дар хонаи радио сабт мекунем, аз санҷиши комиссия мегузарад, вале он таронаҳое, ки берун аз радио сабт мекунем, таронаҳои интихобии худи мо аст ва санҷиш намешавад. Вале кӯшиш мекунем, ин таронаҳо ҳам мӯҳтавои хуб дошта бошанд”,-мегӯяд Нигина Амонқулова.

Мино - сарояндаи тоҷик

Мино - сарояндаи тоҷик

Андешаҳо дар атрофи мазмуну мӯҳтавои таронаҳои овозхонони тоҷикмухталифанд ва баҳсҳо ҳам зиёд аст. Дар ин байн вожаи “овозхони кӯчагӣ” ҳам пайдо шудааст, ки ғолибан ба овозхонҳои навпайдо ва ношинос рабт мегирад. Аз сӯи дигар, сарфи назар аз сифат ва муҳтаво гоҳо ҳамин таронаҳоянд, ки овозхонро дар як он машҳур мекунанд. Олами Бекзод -- коргардон (продюсер)-и Мино, овозхоне, ки бо оҳанги “Бачаи Дарвозӣ” маъруф асту дар таронаҳоояш аз гӯишҳои маҳаллӣ зиёд истифода мекунад, мегӯяд, албатта, вазорат бояд аз фаъолияти овозхон огоҳ бошад ва онҳоро роҳнамоӣ кунад, аммо ба кори онҳо набояд дахолат намояд. Вай мегӯяд, онҳо як оҳангро ба қимати 1 ҳазору 500 доллар омода мекунанд ва, албатта, барои таҳияи он аз кумаки муттахассисону шоирон истифода мекунанд. Аммо хонум Бекзод мегӯяд, ҳоло санъаткорон дар миёнаи аъроф мондаанд ва намедонанд аз пайи тавсияи мақомот бираванд ё ҳарфи бозорро гӯш кунанд. “Ҷиддӣ хонем мардум хуб қабул намекунанд, лаҳҷа баҳона мешавад барои ворид нашудан ба радиову телевизион. Мино ягон диск надорад, таронаҳои ӯро аз тӯю хурсандиҳо сабт карда, паҳну маъруф кардаанд. Чун дар онҳо ибораҳои лаҳҷаву ширин истифода шудааст”,-мегӯяд Олами Бекзод.

Орзу Исоев, хабарнигор ва муаллифи чандин оҳангу клипҳои овозхонҳои маъруфи кишвар, мегӯяд, тасмими танзим ва назорати кори овозхонҳо маъние надорад ва ба андешаи ӯ Вазорати фарҳанг ҳам дар ин самт ба чизе муваффақ намешавад. Орзу мегӯяд, Вазорати фарҳанг, ки наметавонад овозхонҳоро бо матну мусиқиву оҳангсоз таъмин кунад, беҳтар аст ба онҳо халал нарасонад ва монеа эҷод накунад. Ба қавли ӯ,

Орзу Исоев

Орзу Исоев

“Вазорати фарҳанг коре мекунад, ки боз майдоне барои фасоду ришваситонӣ эҷод мешавад. Чун ҳар коре, ки вазорат даст мезанад, муваффақ нест. Мисоли одӣ, ҷашни як замон бонуфузи “Суруди сол” аст, ки баъди ба дасти ин ниҳод гузаштан ба чизе табдил ёфт, ки кирои тамошо надорад.”

Орзу аз муваффақиятҳои Шабнаму Садриддин ва Манижа мисол овард, ки ба фарқ аз Вазорати фарҳанг дар рушди санъати тоҷик саҳми бештаре доранд ва тавонистаанд бо ҳунару истеъдоди худ, таваҷҷӯҳи мардуми Эрону Афғонистон ва кишварҳои дигарро ба санъату эстрадаи тоҷик ҷалб кунанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳамаи овозхонҳои Тоҷикистон бо дарёфти шаҳодтанома аз идораи андоз ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ фаъолият доранд ва аз даромадҳои худ ба хазинаи давлат маблағ месупоранд. Овозхонӣ дар Тоҷикистон як соҳаи бисёр сердаромад буда, овозхонҳо вобаста ба меъёри маъруфияташон пули хубе ба даст меоранд. Мақомоти кишвар дар гузашта низ чанд дастуру қарорро дар бораи сифати таронаҳои овозхонон, иштироки онҳо дар маъракаҳо, танзими сафарҳои онҳо ба хориҷ содир карданд, ки ба сурати умум иҷро нашуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG