Пайвандҳои дастрасӣ

Сабти клип дар манзараҳои хориҷ аз Тоҷикистон ва шиква аз ҷудоӣ ё ба истилоҳ «кидать» шудан аз ҷониби дӯстдоштаҳо аз мавзӯъҳои хоси таронаҳои сарояндагони тоҷик боқӣ мемонад.

Ба назар мерасад, сарояндагон ҳарҷӣ бештар талоши сабти клипҳои худ дар хориҷ аз кишварро мекунанд. Сарояндагони тоҷикро метавон гоҳҳо дар Дубай ба қавле бо гулдухтарон ва гоҳе бо либосҳои кавбоӣ ошиқи духтари амрикоие дид.

Охирин клипи Садриддини Наҷмиддин, овозхони тоҷик зери унвони «Ситора», ки дар Амрико наворбардорӣ шудааст, аз ин ҷумлааст.

Орзу Исоев, муаллифи матни клипи «Ситора», рӯзи 19-уми май дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар хориҷ клип наворбардорӣ кардани сарояндаҳо на ба хотири муд аст, балки ба хотири зеботар шудани шаҳрҳои дигар аст. Ӯ мегӯяд: «Ин як кори маъмулӣ аст, ки дар тамоми дунё дида мешавад. Масалан ба хотири манораи «Эйфел» амрикоӣ омада клип ё суруди худро дар Порис сабт мекунад. Ё ба хотири як бонуи озодихоҳ аз Аврупо ба Амрико мераванд. Ба хотири манораи Пиза аз тамоми дунё ҳунармандон мераванд. Ин чӣ бадӣ дорад?»

Ҷаноби Исоев сабаби мазмуни тақрибан якранг доштани клипҳои тоҷикиро дар набудани диди тозаи коргардонӣ дар офариниши клипҳо мебинад.

Дар ин миён шояд Нигина Амонқуловааз ангуштшумор ситораҳои эстрадаи тоҷик аст, ки ба гуфтаи худаш, боре ҳам талоши сабти килпҳояшро дар хориҷ аз Тоҷикистон накардааст.
Нигина Амонқулова

Нигина Амонқулова

Нигина Амонқулова, ки яке аз клипҳояш бо номи «Дар оғӯши ту» дар шабакаи ҷаҳонии Интернет аз пурбинандатарин клипҳои тоҷикӣ ба шумор меравад, бар ин бовар аст, ки муҳим маънои клип аст, на манзараҳои шаҳрҳои хориҷӣ. Нигина Амонқулова мегӯяд, агар мазмуни клип ба зиндагии воқеии одамон наздик бошад бинандаҳо онро хубтар мепазиранд.

Вай ба унвони мисол меафзояд, ки клипи «Дар оғӯши ту» дар Душанбе сабт шудааст, аммо онродар шабакаи Ютюб дар як муддати кӯтоҳ наздики 127 ҳазор нафар тамошо кардааст. Бино бар ин, ба андешаи Нигина, дар хориҷ аз кишвар навор гирифтани клип чандон наметавонад ба обрӯи сароянда таъсир расонад. Вай мегӯяд: «Аз он ки сарояндаҳо маблағи зиёд сарф карда, дар хориҷи кишвар сурудҳои худро клип мекунанд, магар беҳтар нест, ки матни клип ё видеороликҳои худро ба зиндагии воқеии одамон наздик ба навор гирифта, ҳам бинандаи бештар пайдо кунанд ва ҳам харҷашон камтар шавад. Ҳарчанд клипи «Дар оғӯши ту» дар Украина танҳо танзим шуда бошад ҳам, ҳамагӣ 2 000 доллар харҷ шудааст, ки бинандаи зиёде пайдо кард. Зеро бештари клипҳо аз ҷудоӣ қисса мекунад, аммо ин клип баръакс аст.»

Ин бонуи овозхон сабти клип дар хориҷ аз Тоҷикистонро сарфи беҳудаи маблағ медонад ва мегӯяд, ҳамеша талош мекунад, то дар сабти клипҳояш маблағ камтар сарф кунад. Ӯ бар ин назар аст, ки ҳар суруде, ки сидқан ва аз самими қалб сароилда шавад, ҳатман бинандаву шунаванда пайдо хоҳад кард.

Баҳораи Зулфиқор,
як духтари тоҷик, ки зиёд клип тамошо мекунад, мегӯяд, ҳарчанд дидани клипҳо бо манзараҳои Дубай ё Амрико хуш аст, аммо аксари клипҳои тоҷикӣ як манзара доранд. Нолиш аз ҷудоӣ ё ба қавли худи ҷавонон, «кидать» шудан аз сӯи дӯстдошта.

Овозхонҳо якрангии клипҳоро, ки маъмулан қиссакунандаи ҷудоиҳост, дар он маънидод мекунанд, ки худи ҳаёти имрӯзаи бештари ҷавонон аз ҷудоиву талхиҳо иборат аст.

Баҳодури Рафӣ, сарояндаи ҷавони тоҷик мегӯяд, он ки якранг будани муҳтавои беш аз 70 дарсади клипҳои тоҷикӣ низ вобаста ба сатҳи кунунии фаҳмиши мардум аст ва сарояндаҳо низ аз он бештар талош намекунанд. Ба қавли ин сарояндаи тоҷик, ҷудоӣ, ки миёни мардум зиёд аст, таваҷҷӯҳи одамон ҳам ба тамошои клипҳо дар ин мавзӯъ меафзояд.

Баҳодури Рафӣ, ки чандин суруди худро дар Амрико наворбардорӣ кардааст, ба суоли он, ки «чаро сарояндаҳо талош мекунанд дар хориҷ аз кишвар клип созанд?» гуфт, ин имиҷи сарояндаро болотар мебарад. Аммо ба қавли Баҳодур, сабаби дигари «мусобиқа»-и сарояндаҳо дар робита ба наворгирии килпҳо дар Дубай, Амрико ва Туркия як навъ худнамоӣ ва тақлид ба якдигар ҳам ҳаст ва агар як нафар дар Дубай клип сабт кунад дигари ҳам талош мекунад маҳз дар ҳамон манзара, ҳатто гоҳо дар ҳамон мавзӯъ рафта, таронаашро рӯи навор орад: «Солҳои пеш ҳамеша талош мекардам, ҳарчӣ бештар клип сабт кунам. Чун ҳадафам баромадан ба саҳнаи ҷаҳонӣ буд. Гумон доштам, клип ва сурудҳои замонавӣ метавонад обрӯи сарояндаро боло бардорад. Ҳоло фикр мекунам, андешаам хато буд. Барои он ки дар Тоҷикистон нуқтаи ниҳоӣ роҳ ёфтан ба тӯйҳост, ки мебинам бе доштани клип ҳам сарояндаҳо ба тӯйҳо роҳ пайдо мекунанд. Барои ба тӯйҳо роҳ ёфтан шарт нест, ки ту суруди хуб бихонӣ ё клипи беҳтар дошта бошӣ. Якчанд тарона ё оҳанге, ки тавонад тӯйро «гарм» кунад, кофист.»

Ба қавли ин сарояндаи ҷавон, азбаски завқи мардум паст шудааст, ҳунармандон низ наметавонанд дар танҳоӣ ба қавле муқобили «маҷро» ҳаракат кунанд.

Комил Суғдиён, ки ҳамагӣ 25 сол дорад ва риштаи актёрии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва риштаи коргардонии донишкадаи Тошкандро хатм кардааст, барои иддае аз сарояндаҳои тоҷик клип менависад. Вай иллати якранг будани мазмуни клипҳоро дар завқи пасту зеҳни кунд доштани худи сарояндаҳо мебинад.
Комил Суғдиён

Комил Суғдиён

Комил мегӯяд, бештари сарояндаҳое, ки ҷавон ҳастанду зиёд клип сабт мекунанд, мегӯянд, «бозоргир бошад, шуд». Дигар чизе барояшон муҳим нест. Агар клипро дар сатҳи баланд нависӣ аз ҷониби сарояндаҳо хуб пазируфта намешавад: «Азбаски завқи сарояндҳо паст аст ва нақшаҳои ниҳоии онҳо роҳ ёфтан ба тӯйҳост, кӯшиши чизи хуб офариданро намекунанд. Ба қавле, «планкаи» сарояндаҳо боло нест. Вақте клипро менависем ва дар он мушкили ҷомеаро нишон додан мехоҳем, сарояндаҳо мегӯянд, ин қобили қабул нест. Зеро тамошобин инро намехоҳад. Ҳарчанд мегӯем, ки сароянда бояд бинандаро аз ботлоқ берун кашад, на ин ки худ аз дунболи онҳо ба торикӣ равад, аммо қабул намекунанд.»

Комил меафзояд, ки аз сабаби якрангӣ, клипҳо мисли он ба назар мерасад, ки ҳама бо як курта рӯи саҳна мебароянд.
Беҳрӯз Зеваров.

Беҳрӯз Зеваров.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик сабаби якрангии клипҳоро ба камбуди клипнависон бастагӣ медиҳад. Ба андешаи ин продюсери тоҷик, агар сенариянависони клипҳо идеяҳои рангоранг дошта бошанд, клипҳо низ гуногун мешаванд.

Аммо дар робита ба он ки «чаро бештари сарояндаҳо талош мекунанд то дар хориҷи кишвар сурудҳои худро клип кунанд?» Зеваров мегӯяд, ки ин миёни санъаткорони тоҷик «муд» шудааст: «Масалан дар чанд моҳи ахир ман дидам, ки танҳо дар Дубай наздики 8 клип наворбардорӣ шудааст. Бештари овозхонҳо талош мекунанд ба Дубай раванд. Беҳтар мебуд, ба якдигар пайравӣ намекарданд ва ба дигар кишварҳо низ мерафтанд. Зеро гуногунрангӣ бештар мегардид. Ҳадди ақал манзараҳо якранг намешуданд. Аммо агар овозхонҳо дар Тоҷикистон ҳам видеоклипҳои худро навор гиранд, бадие надорад.»

Дар Тоҷикистон харҷи сабти як клип аз 500 доллар шурӯъ шуда, то ба 2000 ҳазор доллар мерасад. Аммо дар хориҷ барои сохтани як клип дастикам 5000 доллар бояд дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG