Пайвандҳои дастрасӣ

Наврӯзи ҳунармандон: Ҷонибек дар Украина, Шабнам - дар Олмон...


Ҷонибеки Мурод

Ҷонибеки Мурод

Ҷонибек, овозхони маъруфи тоҷик, гули сари сабади маҳфили наврӯзии тоҷикони Украина буд.

Маҳфили наврӯзӣ дар яке аз беҳтарини тарабхонаҳои шаҳри Днепропетровск “Хутор” гузашт ва дар он тақрибан 400 тоҷики муқими шаҳрҳои гуногуни Украина ширкат карданд. Ҷонибек ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҳфили наврӯзӣ дипломатҳои тоҷик, аз ҷумла, сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов, мақомоти маҳаллӣ ҳузур доштанд. “Ҷашни Наврӯз хело олӣ гузашт, дастархони зебо густурда буданд ва рӯи он суманаку палаву таомҳои дигари миллии тоҷикӣ гузошта буданд”, мегӯяд овозхони маъруф.

Аммо тавре ширкатдорони ин маҳфил ҳам гуфтанд, беҳтарин бахши маҳфили наврӯзӣ – консерти Ҷонибек буд. Ҳамроҳ бо ӯ машшоқону продюсерҳои гурӯҳ ва гулдухтарони дастаи рақсии “Падида” ҳам ба Днепропетровск даъват шуда буданд ва ба гуфтаи Ҷонибек, “ҳузури ин теъдод ҳунармандон дар сафарҳои ҳунарӣ тақрибан ғайримумкин аст”.

Овозхони шинохта афзуд, ки то аввалҳои моҳи апрел дар ҷашну маросимҳои ҷашнгоҳи Наврӯз дар Днепропетровск, ки садҳо тоҷиконро ба ҳам овард

ҷашнгоҳи Наврӯз дар Днепропетровск, ки садҳо тоҷиконро ба ҳам овард

наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе ширкат мекунад ва баъдан сӯи Дубай ва Амрико роҳ пеш мегирад. Ба гуфтаи Ҷонибек, ӯро ба Дубай барои ҳунарнамоӣ дар сӯрҳои арӯсии эрониҳо ва афғонҳои муқими ин шаҳр даъват кардаанд. Қарор аст, ки дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА ӯ дар як мусоҳибаи телевизионӣ ширкат кунад ва бо продюсерҳо сӯҳбат анҷом диҳад. Ҳамчунин сабти клипи таронаи наваш “Биё, ишқам” дар назар аст. Ба гуфтаи Ҷонибек имсол дар Маскаву Дубай ҳам клипҳои таронаҳои “Хуш омадӣ!” ва “Ошиқ машав!”-ро сабт кард, ки қарор аст ҳамин рӯзҳо тақдими тамошобинон шаванд.

Имсол дигар ҳунармандони шинохтаи тоҷик ҳам дар маҳфилҳои наврӯзӣ берун аз кишвар ширкат доштанд. Сироҷиддини Фозил дар ҷашнвораи наврӯзӣ дар шаҳри Маскав бо чанд таронаи зебояш ҳамаро мафтун кард. Интизор меравад, ки Шабнами Сурайё ва дастаи “Шамс” зери раҳбарии Нобовар Чиноров, шоми 27 март дар маҳфили наврӯзии тоҷикони Олмон дар шаҳри Берлин ҳунарнамоӣ кунанд. Ҳунармандони дигар гули сари сабади ҷашнҳои наврӯзӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG