Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз овозхонҳои тоҷик мегӯянд, ки бӯҳрони молии як соли гузашта ба ҷайби онҳо низ зарбаи сахт зад ва онҳо маҷбур шудаанд, ки ҳатто иҷозаномаи корашонро дар Кумитаи андоз бекор кунанд.

Мақомоти андози Тоҷикистон мегӯянд, ки тақрибан 90 дарсади овозхонҳои тоҷик молиёт намесупоранд. Овозхонҳо дар навбати худ мегӯянд, ки бӯҳрони молӣ дар як соли охир ба ҷайби онҳо низ зарба задааст ва бархеи онҳо ҳатто маҷбур шудаанд, ки патентҳояшонро бекор кунанд.

Сарвиноз Юсуфӣ, овозхони тоҷик, як моҳ боз иҷозатномаи кории худро қатъ кардааст. Ӯ ин моҳ аз супурдани андоз, ки барои овозхонҳо ҳудуди 700 сомонӣ муайян шудааст, озод аст. Сарвиноз мегӯяд, ки супурдани андози давлатро қарзи шаҳрвандии худ медонад, аммо бӯҳрони молӣ вазъи онҳоро низ хароб кардааст.

"Имсол тӯю маросим камтар буд. Мардум дар пайи бӯҳрон мушкил доранд ва кори мо ҳам аз онҳо вобаста аст. Дар мо барои истифодаи суруд дар радио ва телевизион пул пардохт намешавад ва ягона манбаи даромади мо ҳамин тӯю маъракаҳо аст, ки ҳоло дигар хеле каманд," – гуфт ӯ.

Дар ҳоле ки Сарвиноз ва аксар дигар санъаткорон аз таъсири бӯҳрони молӣ ба даромади онҳо шиква мекунанд ва бархе ҳам дар ин шароит муваққатан патентҳои худро мисли ин овозхон қатъ кардаанд, мақомоти андоз аз саркашии ситораҳои эстрада дар пардохти молиёт нигаронӣ доранд.

Раҳбари Кумитаи андози Тоҷикистон ахиран дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки исми 90 дарсади овозхонҳое, ки ҳунарнамоиашон тариқи телевизионҳо намоиш дода мешавад, дар феҳрасти андозсупорандаҳо

Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон

Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон

нест. Нусратулло Давлатзода гуфт: “Ман эродҳои зиёд гирифтам аз Раёсати андози шаҳри Душанбе ва Кумита. Ин вобастагӣ дорад аз маърифати ҳар шаҳрванд ва фарҳанги андозсупории онҳо. Бояд мо қонунгузориро риоя кунем. Овозхону навозандаҳо ҳам донишу маърифат бояд дошта бошанд.”

Овозхонӣ дар Тоҷикистон як соҳаи сердаромад дониста мешавад ва вобаста ба меъёри маъруфияташон, санъаткорон пули хуб ҳам ба даст меоранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин 8 соли қабл Кумитаи андоз пардохти молиётро барои овозхонон ҳатмӣ кард. Дар ин байн борҳо масъулони ин ниҳод исми ҳунармандони маъруферо, ки аз андоз саркашӣ мекунанд, барои ҷомеа шинос кард ва соли 2013 ҳатто аз тариқи шабакаи аввал онҳо аз ҷаримабандии 200 овозхони тоҷик хабар дода аз онҳо ном бурд. Санъаткорон ҳам, дар посух ба ин интиқодҳо мегуфтанд, кору даромадашон мавсимӣ аст ва ҳама шаҳодатнома ё патент доранду мувофиқи имкон месупоранд.

Аммо нигаронии мақомоти андоз аз саркашии бисёре аз овозхонҳо имсол дар ҳолест, ки аксар санъаткорон мегӯянд, аз ҷое даромад надоранд. Фарҳод Зикиров - мутриб ва навозандаи маъруфи тоҷик, ки студиои сабти овози худро дорад, мегӯяд, дар ҳамин як моҳи ахир ӯ қариб фармоише аз ҷониби ягон овозхон нагирифтааст.

Фарҳод Зикиров

Фарҳод Зикиров

Ӯ гуфт: “Масалан ҳар сол овозхонон дар соли нав то 2-3 таронаи нав сабт ва аз тариқи телевизион намоиш медоданд. Имсол сурудҳои кӯҳнаро истифода мебурданд ва ё як суруд тавонистанд омода кунанд.”

Барои сабти як тарона ва клипи зебову диданӣ овозхонҳо дар Тоҷикистон то 4 ҳазор доллар сарф мекунанд. Сарвиноз Юсуфӣ, овозхони тоҷик мегӯяд, онҳо пули сабту таҳияи як таронаро бо ширкат дар чандин тӯю маърака кор мекунанд.

Вазъи гурӯҳҳои ҳунарии давлатӣ ҳам дар шароити феълӣ аз овозхонҳои инфиродӣ беҳтар нест. Ин гурӯҳи овозхонҳо, ки маъмулан дар барномаву чорабиниҳои давлатӣ бепул иштирок мекунанд, мехоҳанд андозбандии овозхонҳо бозбинӣ шавад. Абдурасул Ҳалимов, роҳбари муассисаи давлатии иттиҳодияҳои давлатии эҷодиву консертӣ дар ин зимн гуфт, “ҳама вақт андозро саривақт месупорем. Ҳунармандони мо

дар чорабиниҳои калони фарҳангӣ якдилона иштирок мекунанд, аммо баъзан ҳолатҳо мешавад, ки зимни шартномаи мо бо ягон нафаре омада мегӯяд, инҳо бояд андоз супуранд. Чӣ хел андоз, мо ин ҷо шартнома дорем. Маблағи онро ҳам фармоишгар месупорад ва аз он андоз ситонида мешавад.”

Нигаронии овозхонони тоҷик, қишри сердаромади кившар аз бӯҳрон ва коҳиши даромадашон дар ҳолест, ки бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ тӯю маросими сокинони кишвар дар соли 2015 ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст. Дар соли ҷорӣ сокинони кишвар 106 ҳазор ҷашну маърака гузарондаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 20 ҳазор камтар будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG