Пайвандҳои дастрасӣ

Овозхони шинохтаи тоҷик Ҷонибек Муродов мегӯяд, соле, ки сипарӣ мешавад, барои ӯ соли пурбор ва сермаҳсул буд. Ба гуфтаи ӯ, баъзе аз ҳаводиси сол, мавзӯи таронаҳояшро дигар кард.

Ҷонибек Муродов, овозхони шинохтаи тоҷик соли 2015-ро пурбор ва сермаҳсул медонад ва мегӯяд, баъзе аз ҳаводиси ин сол, мавзӯи таронаҳояшро тағйир дод.

Сарояндаи тоҷик Ҷонибек Муродовро, ки то ин муддат дастикам 4 албоми таронаҳояшро ба бозор даровардааст, марги Олони курдӣ -- тифли сесолаи гуреза, ки ҷасади беҷонаш аз соҳили рудхонае дар Туркия пайдо шуд, такон дод ва ба ёди ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бурд.

Ӯ дар бораи ин тифл тарона хонд ва мегӯяд, ба ин васила хост ба мардуми тоҷик бирасонад, то ба қадри тинҷиву осоиштагӣ ва рӯзҳои ором бирасанд.

Ҷонибек соли пеш ба руйхати афроди мамнӯълвуруди мақомоти Русия шомил шуд. Ӯ имсол на танҳо дигарбора ҳаққи вуруд ба қаламрави ин кишварро пайдо кард, балки барои ворид шудани ба шоу-бизнеси Русия низ азми қавӣ дорад.

Ҷонибеки Мурод фарзанди хурдии овозхони маъруфи тоҷик Ҷӯрабеки Мурод тақрибан 14 сол ба ин сӯ дар жанри поп ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ дар солҳои 2009 ва 2011 Big Apple Music Award, яке аз ҷоизаҳои мӯътабари мусиқии форсизабонони дунёро ба даст овард.

Соли 2011 “Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна” эълон шуда ҳамон сол Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷоизаи “Беҳтарин сарояндаи соли 2011”-ро ба Ҷонибек муносиб донист. Ӯ ҳамчунин барандаи ҷоизаи “Беҳтарин клип” шудааст. То кунун чандин албоми оҳангҳояшро ба мухлисон тақдим карда ва яке аз овозхонҳои сермаҳсул ва пурҳаводор дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад

Ҷонибек Муродов, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ҳадафи нашри оҳанги сегонааш бо Ҷӯрабек Муродову Садриддини Наҷмиддин ва ҳамчунин аз нақшаҳои баъдияш қисса кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG