Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бӯи ҷӯи Мӯлиён..." Кобулро ба ваҷд овард


Ду таронаи як намояндаи Бадахшони Афғонистон дар озмуни «Ситораи афғон» дар Кобул, шӯру ҳаёҳӯи доварону мухлисонро ба само бардошт.

Довуди Пажмон, дар озмуни имсолаи «Ситораи афғон» дар марҳилаҳои аввал ва дувум, бо сабки ба мардуми Бадахшон хос, ду таронаро аз ашъори устод Рӯдакӣ ва Мавлонои Балхӣ тақдим кард.

Ҳамакнун ин озмун идома дорад ва то ин марҳала Довуди Пажмон аз тарафи доварони баҳои арзанда дарёфт карда ва ба даври баъдӣ роҳхат гирифтааст.

Озмуни «Ситораи афғон» бо ибтикори телевизион «Тулӯъ» сар аз соли 2005 баргузор мешавад ва ҳадафи он, кашф ва бозёфти ҷавонони боистеъдод дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон мебошад.




XS
SM
MD
LG