Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Овозхони тоҷик Рустам Маҳмадов, маъруф ба Рустами Сарбандӣ, барои иштироки бидуни шартномаш дар тӯйи яке аз сокинони шаҳри Сарбанд ба пардохти ду ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шудааст.

Рустам Маҳмадов, маъруф ба номи Рустами Сарбандӣ - овозхони тоҷик барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ду ҳазор сомонӣ, муодили каме бештар аз 300 доллар ҷариманбандӣ шудааст. ​Сӯҳроб Алиев, мудири Шӯъбаи дини шаҳри Сарбанд, рӯзи 31 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин овозхони тоҷик ҳафтаи гуашта дар тӯйе иштирок кардааст, ки аз қабл бо онҳо шартнома надоштааст. "Дар ниҳоят нисбат ба ӯ санад тартиб дода шуда ва ба додгоҳ ирсол гашт," -- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Алиев, баъдан додгоҳи ноҳия дар асоси маводи пешниҳодкардаи онҳо Рустами Сарбандиро дар нақзи моддаи 14-и "Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" гунаҳкор шинохтааст. Худи Рустами Сарбандӣ мегӯяд, ки ду ҳазор сомонӣ ҷаримаашро пардохт намудааст.

Рустам Маҳмадов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҷарима шуданашро ба миқдори 2 ҳазор сомонӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки ба маъракаи як ҳамсабақи даврони мактабхониаш рафта буд ва аз саросемагӣ имзои шартнома миёни тӯйдор ва овозхонро аз ёд бурд ва ба овозхонӣ шурӯъ кард.

Рустами Сарбандӣ, ки солҳо дар Қасри фарҳанг ва ҳунари шаҳри Сарбанд кор мекунад, гуфт, ки агар вайро маротибаи аввал огоҳӣ медоданд, беҳтар буд: "Чанд сол ба хотири бемори худ ва падарам қариб фаъолияти хуб надоштам, вале як ҳамсинфам, ки дар бозор фурӯшандаи чойи хушк аст, аз ман хоҳиш кард, ки дар маърака ҳунарнамоӣ кунам, аммо ҷарима шудам."

Аммо Рустами Сарбандӣ танҳо овозхоне нест, ки муқаррароти "Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ"-ро нақз мекунад. Дар гузашта чанд тан аз овозхонҳои саршиноси тоҷик барои нақзи ин қонун ҷарима шуда буданд. Тибқи гузориши Кумитаи дини шаҳри Сарбанд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 10 овозхон ё сарояндаи “тӯйгард” қонуни танзимро нақз карда ва дар бештари ҳолатҳо бидуни доштани шартнома ба пардохти ҷарима муҷозот шудаанд.

Рустами Сарбандӣ, 40 сол дошта ва аз овозхонони саршинос маҳсуб меёбад ва дар бештари тӯю хурсандии сокинони Тоҷикистон ширкат мекунад. Таронаҳои "Эй сарвиноз", "Дар таҳаки бед", "Тарки ёрӣ", "Тоҷикистон" ва чандин таронаи дигари Рустами Сарбандӣ аз сӯи мухлисони гарм пазируфта шудаанд. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳудуди 10 таронаи навашро рӯзҳои наздик сабт мекунад. Рустами Сарбандӣ чаҳор фарзанд дорад ва ин шабу рӯз дар интизори фарзанди панҷум мебошад.

Зимнан, “Қонун дар бораи танзими расму оинҳои мардумӣ дар Тоҷикистон” дар соли 2006 қабул шуда, дар канори танзими харҷу хароҷоти тӯю маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ, ҳамчунин фаъолияти овозхонон дар маросимҳо танзим мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG