Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Зулайхо аз пулпошии мухлисонаш нороҳат шуд


Зулайхо Маҳмадшоева

Зулайхо Маҳмадшоева

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавони тоҷик, аз рафтори бархе аз мухлисонаш дар Русия, ки ҳангоми сурудхонии ӯ ба рӯи саҳна баромада, ба болояш пул рехтаанд, изҳори нороҳатӣ кард.

Ин барномаи консертии Зулайхо Маҳмадшоева, ҳамроҳ бо Баҳроми Ғафурӣ моҳи гузашта дар яке аз толорҳои пойтахти Русия баргузор шуда ва навораш дар Ютуб баҳсҳои зиёдеро ба по намудааст.

Зулайхо мегӯяд, аз ин баҳсҳо огоҳ аст ва ҳатто дидааст, ки бархе аз назарнависон худи ӯро дар ин кор айбдор кардаанд. “Ҳамон вақт аз дилам мегузашт, ки агар ин навор ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёбад, баҳсаш зиёд хоҳад шуд. Ҳоло ҳамин тавр шудааст ва шахсан аз кори баъзе аз мухлисони муҳоҷирам нороҳатам,” -- афзуд ӯ.

Ин сарояндаи ҷавони тоҷик, ки миёни сокинони Тоҷикистон чун шогирди Манижаи Давлат муаррифӣ мешавад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ изофа кард, “ҳеч интизор надоштам, ки мардум ба рӯям пул мепошанд. Ғайриинтизор марде ба саҳна баромада, ин корро кард, ки бароям нороҳаткунанда буд. Ҷомеа инро ҳамчун худнамоишдиҳӣ ё ба қавле нодидагӣ қабул мекунад. Ман намедонам ӯ кӣ буду чаро чунин кард.”

Аммо дар робита ба он ки ҷавонон дар ин барномаи консертӣ зиёд доду фарёд карда, Зулайхоро барои аксгирӣ ва ё салом кардан ба назди худ мехонданд, инро як амали маъмулӣ донист. Зулайхо мегӯяд, ин эҳтироми мухлисонаш ба ӯст ва наметавонад бо танқидҳое, ки ӯ ва аҳли толорро тамоман бефарҳанг хондаанд, розӣ бишавад.

“Хайр, ҷавонон барои дилхушӣ ба консерт омада буданд. Азбаски саҳна баланд буд, Зулайхо пеш биё гуфта дод мезаданд, ки аз наздик рафта ҳамроҳашон салом кунам. Наворбардорӣ кунанд. Агар ба касе аз ин тарзи муносибати мухлисон писанд наомада бошад ҳам, аммо ман хурсандам. Вақте мухлисон даъват мекунанд, ки Зулайхо наздик биё, акс гирем, навор гирем ё салом кунем ин барои ман ифтихор аст. Ба ҳар кас ҳам чунин муносибат намекунанд,” -- гуфт ӯ.

Зулайхо Маҳмадшоева имсол ду бор барои намоиши консерт ба Русия рафта, бори аввал сафари ҳунарияш бо даъвати сафорати Тоҷикистон дар Русия анҷом шуда буд. Сафорати Тоҷикистон ӯро барои таҷлил аз ҷашни Наврӯз даъват карда буд. Бори дувум сафари ӯ бо ҳамроҳии Баҳроми Ғафурӣ бо даъвати нафарони алоҳида сурат гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG