Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рустам Мираков 12 сол боз мӯзадӯзӣ мекунад ва ба шарофати кори ӯ, ба гуфтаи худаш, пои ҳазорон нафарро пӯшондааст. Рустам мегӯяд, "трендҳо"-и зиёдеро дар кораш дидааст ва ҳоло калӯшҳои Nike ва Adidas тренд шудаанд.

Воридоти ҳазору як майда чуйда аз Чин ба Тоҷикистон солҳои ахир баъзе аз косибони тоҷик, ба мисли оҳангаронро “банкрот” кард ва ин навъи косибиро метавон дигар ба "Китоби сурх" шомил кард. Аммо Чин бо ин зуҳури иқтисодиаш ва ишғоли бозорҳои Тоҷикистон равнақи кори мӯзадӯзонро кам накард. Баръакс бо кафшҳои пастсифате, ки аз онҷо меояд, кори баъзе аз мӯзадӯзони тоҷик зиёд шудаасту камтар не.

Яке аз ин мӯзадӯзони ҷавон Рустам Мираков аст, ки 12 сол боз кор мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, аз кори рӯзонааш, сиёсатҳои ҷаҳонӣ, зиндагӣ бо чаҳор тифли зебояш сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, ҳатто агар 24 соат кор кунад ҳам хаста намешавад, ягона чизе, ки бисёр хаставу озурдааш мекунад, дуруштӣ ва ё бадзабонии баъзе аз мизоҷонаш аст.

Рустам мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон гӯё калӯшҳое “муд” шудаанд, ки мӯзадӯзон рӯи онҳо номи брендҳои маъруфе, чун “Nike” ё “Аdidas”-ро нақш мекашанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG