Пайвандҳои дастрасӣ

Достони пирамарде, ки дар синни 74-солагӣ шашумин дипломи хатми донишгоҳро дарёфт кардаст, як мӯйсафеди 70-солаи тоҷикро ба таҳсил дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа таҳрик дод.

Ғуломҳайдар Искандарови 70-сола, сокини деҳаи Сеюми ҷамоати Анвар Қаландарови ноҳияи Ҷилликӯл дар бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ҳамроҳ бо ҷавонони аз 25 то 30-сола таҳсил мекунад ва ба гуфтаи ҳамсабақҳояш, борҳо бартарии дониши худро ба онҳо нишон додааст. Ӯ солҳо боз дар мактаби зодгоҳаш ба талабаҳои синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд ва то ҳол дипломи се муассисаи таълимӣ -- коллеҷи омӯзгорӣ, коллеҷи кишоварзӣ ва коллеҷи технологиро дорад. Ҳаққи бознишастагии ӯ якҷо бо маоше, ки мегирад, ҳудудан сесад доллар мешавад ва харҷи мактабашро низ худаш пардохт мекунад.

Ғуломҳайдар Искандаров

Ғуломҳайдар Искандаров

Ғуломҳайдар Искандаров чаҳор фарзанд дорад - ду писар ва ду духтар. Писаронаш дар Санкт-Петербурги Русия муҳоҷири корианду духтаронаш ҳам кайҳо издивоҷ кардаанд ва аз пайи зиндагии худ шудаанд. Ғуломҳайдар Искандаров худаш ҳам ду соли пеш, дар синни 68 дар Русия заҳмати муҳоҷиратро кашидааст.

Ӯ мегӯяд, ки аз оғоз ба адабиёт шавқу ҳавас дошт, аммо шаш сол пеш ҳамсарашро аз даст дод ва худ ба худ “шоир” шуд. Ин шавқ ӯро ба факултаи филология овард. Донишҷӯёни бахшҳои ғоибонаи донишгоҳҳо дар як сол ду дафъа 40-рӯзӣ бо усулҳои таълими босуръат таҳсил мекунанд ва имтиҳон месупоранд. Бо вуҷуди тафовути синну сол, дар муошират бо ҳамкурсҳояш мушкил надорад, аммо донишҷӯёни дигар намедонанд ба ин ҳамкурси калонсол чӣ гуна муроҷиат кунанд, ӯро “бобо” бигӯянд ё номашро хитоб кунанд.

Искандаровро бошад бештар беҳавсалагии донишҷӯён нигарон мекунад. “Ҳоло ҷавонон, донишҷӯён тақрибан китоб намехонанд, дар замони Шӯравӣ китобхони зиёд буд, ҳамон таҳкурсӣ ҳаст, ки ман фаъол ҳастам. Мехоҳам, ки донишҷӯён ва ҳамкурсонам фаъол бошанд. Устодонам бо ман муносибати хуб доранд. Ҳарчанд маро "бобо" мегӯянд, вале дар вақти санҷишу имтиҳон бо ман баробар бо донишҷӯёни дигар муносибат мекунанд, вақти санҷишу имтиҳонҳо аз ман пул намепурсанд, чун худам мехонам,” - мегӯяд ин донишҷӯи 70-сола.

Шомил шудан ба донишгоҳҳои Тоҷикистон бар пояи синну соли мушахас анҷом мешавад ва асосан тамаркуз бар рӯи ҷавонҳост. Донишҷӯёни бахшҳои ғоибона умдатан афроди миёнсоланд, ки натавонистаанд дар замонаш ба далоиле донишгоҳро хатм кунанд. Аммо вақте ки Анвар Қаландаров барои шомил шудан ба бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа санад супурд, ҳам устодон ва ҳам довталабони дигар ҳайратзада шуданд. Зеро дар кишвари суннатие, мисли Тоҷикистон, 70- солагӣ синнест, ки мардҳо дигар дар бораи “он дунё” фикр мекунанд ва хатти сафари онҳо низ танҳо масҷиду хона мешавад.

Аммо таҳсил “дар сари пирӣ” барои Искандаров як чолишест, ки ӯ барои худ эҷод кардааст. Ӯ ҳоло як барнома дорад -- рекорди кӯҳансолтарин донишҷӯи тоҷикро гузорад ва ба китоби Гиннес ворид шавад.

Абдулҳай Комилӣ, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа аз талоши Искандаров барои рекордгузорӣ ҳимоят мекунад ва мегӯяд, то ҳол бузургтарин донишҷӯи бахши ғоибона дар ҳудудҳои 50 сола буд ва барои аввалин бор аст, ки марди 70-сола дар ин синну сол талоши донишомӯзӣ кардааст. “Ин рекорд аст ва бояд дастгирӣ ёбад,”- мегӯяд ноиби ректор.

Ғуломҳайдар Искандаров донишгоҳро баъди чаҳор сол, вақте алакай ба синни 74-солагӣ хоҳад расид, хатм мекунад ва мехоҳад баъди ба даст овардани диплом, ба бахши ғоибонаи факултаи ҳуқуқ санад супорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG