Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори "Озодӣ" дар Бишкек ҷоиза гирифт


Маъсуми Муҳаммадраҷаб
Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб дар озмуни матлабҳо дар мавзӯи экологияи минтақаӣ, ки дар Ӯши Қирғизистон баргузор шуд, мақоми аввалро касб кард.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, рӯзи 16 октябр дар озмуни журналистикаи экологӣ ё муҳити зист, ки аз сӯи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар якҷоягӣ бо марказҳои экологии минтақаӣ роҳандозӣ шуда буд, сазовори мақоми аввал гардид. Маросими супурдани ҷоиза дар Ӯши Қирғизистон баргузор шуд.

Ин озмун дар чор номинатсия – маводи радиоӣ, телевизионӣ ва чопиву интернетӣ сурат гирифт ва ду гузориши Маъсуми Муҳаммадраҷаб – "Тоҷикону қирғизҳо соҳилҳо ва дилҳоро ба ҳам пайвастанд" ва "Сел дар Исфара ду пулро вайрон ва киштзорҳоро хароб кард", ки дар сомонаи Радиои Озодӣ ба нашр расида буданд, ҷоиза дар бахши маводи интернетиро ба худ ихтисос доданд. Дар бахши маводи чопӣ ва интернетӣ 40 мавод пешниҳод шуда буд.

Дар озмуни маводи намояндаи дигари Тоҷикистон, мухбири нашрияи "Согдийская правда" Фарҳод Қосимов ғолиб омад. Дар ду номинатсияи дигар, яъне маводи радиоӣ ва телевизионӣ журналистони қирғиз ғолибиятро ба даст оварданд.

Озмуни минтақаии экологӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои бори нахуст баргузор мешавад. Ҳадаф аз он огоҳ кардани аҳолии минтақа аз мушкилоти экологӣ ва ҳамин тавр бартараф намудани онҳо мебошад.

Дар ҷараёни ин сафар иштирокдорони озмуни экологӣ аз партовгоҳҳои радиоактивӣ дар ноҳияи Навкати Ӯш боздид карданд. Рӯзноманигорони ду кишвар тавофуқ карданд, ки дар амри шиносоӣ бо мушкилоти минтақа ва огоҳонидани якдигар ҳамкорӣ намоянд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон садҳо километр марзи муштарак доранд ва саргаҳи аксари обҳои Осиёи Миёна ба шумор мераванд. Ин амр ин ду кишвари кӯҳсори Осиёи Марказиро дар баробари офатҳои табиӣ, осебпазир кардааст.

XS
SM
MD
LG