Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин мусоҳибаи А.Содиқов баъди рафтанаш аз Тоҷикистон


А.Содиқов(аз рост бо раҳбари илмиаш Эвард Шатс дар Торонто. Акс аз СBC.ca

А.Содиқов(аз рост бо раҳбари илмиаш Эвард Шатс дар Торонто. Акс аз СBC.ca

Александр Содиқов дар нахустин мусоҳибааш баъди бозгашт ба Канада ҷузъиёти чигуна раҳо ёфтанаш аз боздошт дар Тоҷикистонро қисса карда, гуфтааст, эҳсосаш ин буд, ки то поёни умр дар зиндон хоҳад монд.

Пажӯҳишгари тоҷикистонӣ Александр Содиқов, ки баъди раҳоияш ба Торонтои Канада рафт, дар сӯҳбат бо сомонаи канадагии CBC News бархе ҷузъиёти боздошташ дар Тоҷикистон, айбдор шуданаш ба ҷосусӣ ва хиёнат ба Ватан ва чигуна раҳо шудану баргаштанаш ба Канадаро нақл кардааст.

Содиқов дар ин мусоҳиба, ки нахустин сӯҳбати ӯ бо матбуот баъди бозгашташ ба Канада дар таърихи 10 сентябр буда, рӯзи 23 сентябр нашр шуд, гуфтааст, ду ҳафта пеш мақомоти амниятии Тоҷикистон ӯро даъват карда, гуфтаанд, ки ӯ озод шудааст ва метавонад ба Канада баргардад. “Ман шок шудам,” – гуфтааст Александр Содиқов. CBC News менависад, ба Александр Содиқов дуруст дар остонаи оғози нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай иҷозати сафар доданд.

Эдвард Шатс, раҳбари илмии Александр Содиқов ва яке аз раҳбарони маъракаи байналмилалӣ бо талаби раҳоии ин муҳаққиқ ба CBC News гуфтааст, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон “ба ӯ гуфтаанд, ки зуду бегап бирав.” Аммо, афзудааст Шатс, “то замоне ки ҳавопаймои ӯ дар Торонто нанишаст, ман бовар надоштам, ки Александр дар ҳоли амн аст. Ин мисли нишастани киштии кайҳонӣ дар моҳ буд, чунки мардуми зиёде дар ин корзор таҳаввули ҳодисотро қадам ба қадам назорат мекарданд.”

Александр Содиқов ҳоло ба Торонто баргаштааст, ки дар донишгоҳи инҷо рисолаи докториашро ба поён расонад. Аммо ӯ дигар чандон дар масъалаи мавзӯи рисолааш чандон мутмаин нест, чунки рисола навиштан доир ба масоили Тоҷикистон барояш сода нахоҳад буд. Эвард Шатс мегӯяд, ҳоло замоне шуда, ки “дониш ба як чизи хатарнок табдил меёбад.”

Александр Содиқов дар ин мусоҳиба дар бораи чигуна боздошт шуданаш дар Хоруғ дар таърихи 16 июн низ сӯҳбат кардааст. Ӯ гуфтааст, бояд ҳамчун “кори тобистона” барои як донишманди бритониёӣ бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон мусоҳибаҳо анҷом медод, вале ӯро дар айни сӯҳбате бо яке аз фаъолон “гирифтанд”: “Онҳо ба ман гуфтанд, ки ман тибқи моддаи 30қ5-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (барои хиёнат ва ҷосусӣ” айбдор мешавам. Муҷозот тибқи ин модда аз 12 то 20 соли зиндон аст. Ман эҳсосам ин буд, ки Худоё, ман умрамро дигар дар зиндон сипарӣ хоҳам кард.”

Александр Содиқов соли 1983 дар Тоҷикистон ба дунё омада, ибтидо дар донишгоҳи Лидси Бритониё таҳсил кардаву аз соли 2011 шомили барномаи доктории донишгоҳи Торонто шудааст. Боздошти ӯ паёми манфие ба боқии муҳаққиқон дод, ки таҳқиқоти илмӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ ба як пешаи пурхатар табдил мешавад. Александр Содиқов ба CBC News гуфтааст, “дар гузашта ба шумо паём медоданд, ки шумо дар як қаламрави хатарнок қарор доред. Ҳоло дигар ҳушдор намедиҳанд, хатар якбора баа саратон меояд. Онҳо ҳукуматҳои Ғарбро барои чизҳое, ки аз назораташон хориҷ шудааст, айбдор мекунанд.”

Александр Содиқов, ки ба ҷосусӣ айбдор мешуд ва то замони тафтиши парвандааш ҳаққи тарки маҳалли зисти худро дар Душанбе надошт, рӯзи 10 сентябр ба таври ногаҳонӣ ҳамроҳ бо зану духтарчааш аз Тоҷикистон ба Канада рафт. Наздикони Содиқов гуфтанд, ки ӯ бо иҷозати мақомоти амниятии Тоҷикистон тарки кишвар кардааст. Баъдан афроди огоҳ аз ҷараёни қазия ба Озодӣ хабар доданд, ки парвандаи зидди Содиқов гӯё комилан қатъ шудааст. Мақомоти амниятии Тоҷикистон аз шарҳи ин хабар худдорӣ карданд, вале гуфтанд, дар воқеъ сафари Содиқов бо аҳли хонаводааш ба Торонто бо иҷозати расмии тафтишот муяссар шудааст.

Зимнан дар поёни моҳи август созмони канадагии “Пен” ба ин далел ки рӯзи 8 сентябр соли нави таҳсили Содиқов дар донишгоҳи Торонто шурӯъ мешавад, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ба сафари ӯ иҷозат диҳад.

Александр Содиқов, унвонҷӯи 31-солаи донишгоҳи Торонто, ки ба гуфтаи ӯву наздиконаш, барои таҳқиқи заминаҳои ноамнӣ ба шаҳри Хоруғ рафта буд, рӯзи 16-уми июн, ҳамагӣ чанд ҳафта баъд аз нооромиҳои Хоруғ, ҳангоми мулоқоташ бо Алим Шерзамонов, раиси созмони вилоятии ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон дар маркази вилояти Бадахшон дастгир шуд. Ба дунбол Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки Александр Содиқов ба «хиёнат ба ватан» ва «ҷосусӣ ба нафъи кишвари бегона» муттаҳам мешавад. Мақомот аммо нагуфтаанд, ки Содиқов ба нафъи кадом кишвар ҷосусӣ мекард.

Рӯзи 18-уми июн Александр Содиқовро дар телевизиони вилояти Бадахшон намоиш доданд, ки мегуфт, ба хотири таҳқиқи заминаҳои эътирозҳои Хоруғ ба инҷо сафар кардааст ва мусоҳиба бо Шерзамонов як бахши кори таҳқиқотиаш буд. Аммо рӯзе баъд аз ин Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар ҳузури сафирону намояндагони баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ гуфт, ки ҷосусони хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд ва зери ниқоби созмонҳои ғайридавлатӣ мехоҳанд, суботу амният дар кишварро халалдор кунанд.

Боздошти ин пажӯҳишгар ва он ҳам бо иттиҳоми ҷосусӣ дар саҳнаҳои байналмилалӣ сару садои зиёде ба по кард. Ҳомиёни ҳуқуқ ин қазияро нақзи ҳуқуқи инсону озодии баён ва худи Содиқовро маҳбуси ақидатӣ ё маҳбуси сиёсӣ унвон карданд.Ба дунболи мавҷи эътирозҳо Александр Содиқовро дар таърихи 21 июл ​аз боздошт шартан раҳо карданд, вале ӯ ҳаққи тарки маҳалли зисташро то поёни тафтишот надошт.

Хоруғ.21 май

Хоруғ.21 май

Боздошти Александр Содиқов дар маркази Бадахшон баъд аз эътирозҳое буд, ки рӯзи 21 май ба дунболи амалиёти маъмурони амниятӣ барои боздошти, ба гуфтаи мақомот, “қочоқбарони маводи мухаддир” дар Хоруғ оғоз ёфт. Дар ин нооромиҳо 3 нафар куштаву 7 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ ба нишони эътироз бинои додситониву раёсати умури дохилӣ ва ҳам манзили хусусии сардори пулиси Хоруғ Бахтдавлат Бахтдавлатов дар маҳаллаи Бархоруғро дар он рӯзҳои нооромиҳо оташ заданд.

Ҳамин тавр, маркази вилояти Бадахшон дар тобистони соли 2012 низ шоҳиди амалиёти вижаи нирӯҳои давлатӣ алайҳи “гурӯҳҳои худсар”-и маҳаллӣ шуд, ки ба қатли Абдулло Назаров, сардори идораи амнияти вилоят айбдор шуданд. Дар рӯёрӯиҳои ду соли пеш дар шаҳри Хоруғ, бино ба ҳисобҳо, аз ҳарду тараф то 70 нафар кушта шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG