Пайвандҳои дастрасӣ

​Академик Соҳиб Табаров -- адабиётшиноси маъруфи тоҷик, ки баъд аз фавти ҳамсараш ба танҳоӣ ба сар мебурд ва гуфта буд, ба хидматгор ниёз дорад, дар синни 91 аз олам даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ дар Муъминобод баргузор шуд.

Соҳиб Табаров – академик, адабиётшиноси маъруф ва барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, ки баъд аз даргузашти ҳамсараш ба танҳоӣ ба сар мебурд, 12 апрел дар синни 91 аз олам даргузашта ва дар зодгоҳаш - ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба хок супорида шудааст. Наздиконаш мегӯянд, рӯзҳои охир вазъи саломати оқои Табаров хуб набуд ва дар бемористон ба сар мебурд.

Академик Абдуҷаббор Раҳмонов – ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Соҳиб Табаровро аз "чеҳраҳои барҷастаи риштаи адабиётшиносӣ дар садаи бистум" номид. Ва Гулрухсори Сафӣ, шоири тоҷик гуфт, Табаров дар синни 24-солагияш, дар замони пойбарҷоии Шӯравии собиқ, узви вобастаи фарҳангистони улуми Тоҷикистон шуда, аммо баъдан мавриди "ҳамла"-и, ба қавли ӯ, ҳасудон қарор гирифтааст.

Гулрухсори Сафӣ

Гулрухсори Сафӣ

Хонум Гулрухсор афзуд, "дилашон бо забонашон як буд. Вақте дар факултаи филология мехондам, чанд сол ба мо дарси адабиёт доданд. Бе ёрии касе ва бе дар назар гирифтани маҳал узви вобастаи академия шуда буданд ва бисёриҳо аз рӯи ҳасад ба он кас дарафтоданд." Ин шоири шинохта мегӯяд, баъд аз ин Соҳиб Табаров зоҳиран аз ҳама унвонҳову ҷоизаҳо маҳрум шуда, танҳо дар соли 2010 дар соҳаи адабиёти бадеӣ барои наврасон барандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шудааст.

"Он кас фарзанди замони худ буданд, аммо дар ин замон низ худашонро ёфтанд. Чанд соли охир фақат кор мекарданд ва то чанд соли пеш Ванда Витолдовна Яблонская ҳамроҳу ҳамдардашон буданд,"-илова кард Гулрухсори Сафӣ.

Соҳиб Табаров баъд аз даргузашти ҳамсараш -- Ванда Витолдовна Яблонская дар соли 2008 дар манзилаш дар "маҳалли километри ҳафтум"-и Душанбе ба танҳоӣ ба сар мебурд ва ҳатто соли гузашта дар айни таҷлил аз навадсолагии пойтахт аз Маҳмадсаид Убайдуллоев хоста буд, барояш хидматгор ҷудо кунад. Оқои Табаров ин дархосташро дар як сӯҳбати телевизионӣ дар "ТВ Пойтахт" изҳор дошт ва гуфт, ба нафаре эҳтиёҷ дорад, ки либосҳои ӯро шуставу барои аз ҷой бархоста ва ғизо хӯрдан ва шустушӯяш кумак намояд.

"Дар синни 90 акнун алами ятимиям аз нав рӯ мезанад. Мӯҳтоҷи як хидматгори доимӣ мебошам, ки либосҳоямро пӯшонад, дар шустушӯ кумак кунад,"-гуфта буд ӯ. Вале баъдан маъум нашуд, оё шаҳрдорӣ барои Соҳиб Табаров хидматгор ҷудо кард, ё на.

Соҳиб Табаров аз зиндагии якҷоя бо Ванда Витолдовна соҳиби ду фарзанд – Саодат ва Темур будааст. Профессор Аламхон Кӯчаров, соли гузашта дар як матлаби худ дар нашрияи расмии "Ҷумҳурият" гуфта буд, "устод Табаровро духтараш - Саодатбону парасторӣ ва нигоҳубин мекунад". Аммо ҳамсояҳояш мегӯянд, зоҳиран адабиётшиноси маъруф солҳои охир дар хонааш танҳо буд ва фарзандонаш дар Русия қарор доштаанд.

Академик Табаров соли 1924 дар ноҳияи Мӯъмуъминободи вилояти Хатлон ба дунё омада, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллӣ ва муаллифи беш аз 850 асару мақолаҳои илмӣ буд. “Ҳаёт, адабиёт, реализм” (дар панҷ ҷилд, солҳои 1966-1989), “С. Айнӣ – қофиласолори адабиёти советии тоҷик” (1977), “Мунзим. Беҳбудӣ” (2002) аз китобҳои маъруфи ӯянд. Ду соли қабл китоби нави ӯ бо номи “Пайрав Сулаймонӣ” дар Душанбе нашр ва дар китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифӣ шуда буд. Ин китоб давоми асарест, ки дар солҳои шастуми қарни гузашта аз сӯи академик Табаров дар бораи шоири тоҷик Пайрав Сулаймонӣ навишта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG