Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маориф: Таҳсил "нон-стоп" намешавад


Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо пахши як баёния изҳор доштааст, ки ҷуброн рӯзҳои боқимондаи дарсҳо аз ҳисоби рӯзҳои охири ҳафта ё дар вақтҳои холигии мактабҳо аз рӯи қонун аст.

Дар ин баёния рӯзи 14-уми феврал пахш шуд омадааст, «моддаи 81-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон дар назар дорад, ки дар рӯзҳои истироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон дар ҳолатҳои истисноӣ, яъне «барои иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори мӯътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад», иҷозат медиҳад.»

Сухан дар бораи рӯзҳои истироҳатии аз 3 то 10 феврал меравад, ки бо сард шудани ҳаво вазорати маориф ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ истироҳат эълон карда буд. Гуфта мешуд, ҷуброни ин рӯзҳо дар нимсолаи дувуми соли таҳсил аз ҳисоби рӯзҳои якшанбе амалӣ мешавад. Аммо дар баёнияи имрӯзаи вазорат гуфта мешавад, ки фармони вазир танҳо ба рӯзҳои якшанбе дахл надошта, балки метавонад ҷуброни дарсҳо дар ҳар рӯзи корӣ вобаста ба басти таълим сурат бигирад.

Ҳамчунин дар давоми баёния омадааст, ки «бо назардошти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа фармоиши мазкур ба тасвиб расид ва он дар назар дорад, ки вобаста ба имконоту шароити муассисаи таълимӣ соатҳои дарсии иҷронашуда дар давоми нимсолаи дуюм гузаронида шаванд. Муассисаи таълимие, ки ҷараёни таълим дар он дар як баст сурат мегирад, метавонад дар басти дигар, яъне нимаи дуюми рӯз дарсҳои иловагиро дар ҷадвали дарсҳо бе халалдор кардани истироҳати таълимгирандагон гузаронад. Дар ҳолати дар ду баст сурат гирифтани таълим, муассиса метавонад, дарсҳои иҷронашударо дар фосилаи байни бастҳо гузорад. Агар ҷараёни таълим дар се баст сурат гирад, муассисаи таълимӣ маҷбур аст, ки соатҳои дарсии иҷронашударо рӯзҳои шанбеву якшанбе ҷуброн намояд. Чунин тарзи дарсгузорӣ маънои онро надорад, ки хонандагон то моҳи апрел бояд бе истироҳат таҳсил кунанд. Нимсолаи дуюм дар муассисаҳои таълимӣ аз 1 феврал то 7 июн муқаррар шудааст.»

Масъалаи баҳсталаби дигар, ин дарсҳои сарбории омӯзгорон ва ҷуброни маоши иловагии онҳо буд, ки дар расонаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Аммо дар баёнияи вазорати маориф дар ин маврид гуфта шудааст, ки "баробари ин, барои омӯзгорон иҷрои сарборӣ ё ставкаи корӣ ҳатмӣ аст. Музди меҳнати онҳо вобаста аз миқдори соатҳо ва сифати меҳнати сарфшуда муқаррар карда мешавад."

Вазорати маориф: Таҳсил "нон-стоп" намешавад

Мақомоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз фармони вазир Нуриддин Саидов ҷуброн кардани як ҳафтаи таътили изофист, ки ба толибилмон дар рӯзҳои сардии ахир аз 3 то 10 феврал дода шуд. Бар асоси ин фармон, бояд то поёни моҳи апрел дар макотиби миёнаву олӣ дар рӯзҳои истироҳат ҷадвали дарсҳои иловагиро таҳия кунанд, то таъхири толибилмон аз нақшаи таълимӣ, ки ба иллати сардиҳои аввали феврал пеш омад, аз байн бурда шавад.

Абдуҷаббор Алиев, сардори раёсати таълими томактаби ва макотиби миёнаи вазорат ба Радиои Озодӣ афзуд, дар шарҳи амри вазири маориф каҷфаҳмӣ рӯй додааст: «Ҷуброн кардани рӯзҳои истироҳати маънои онро надорад, ки ду моҳи дароз бидуни истироҳат ба хонандагон дарс дода шавад. Балки он 5 рӯзи таъхир то охири сол бояд ҷуброн шавад. Баъзе мактабҳо тавони додани дарсҳои иловагиро доранд ва метавонанд дар рӯзҳои истироҳат ба хонандагон таътил диҳанд. Аммо он мактабҳое, ки дар се баст кор мекунанд, ҳамон 5 рӯзи истироҳатро то моҳи июн бояд ҷуброн кунанд. Мо ҳам медонем, ки бидуни истироҳат ду моҳи дароз ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон нодуруст аст. Психологияи кӯдак тавони инро надорад. »

Абдуҷаббор Алиев
Абдуҷаббор Алиев
Барфрезиву сардиҳои шадиди авоили феврал боис шуд, ки вазорати маориф ва илм таътили зимистонаи макотибро, ки аз соли нав то 1 феврал идома дошт, то 10 феврал тамдид кунад. Дар шарҳи он фармон гуфта шуда буд, ки ин «10 рӯзи таътили феълӣ дар нимаи дувуми соли таҳсил тариқи дарсҳои иловагӣ ҷуброн хоҳад шуд.»

Ба қавли масъулони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар сурати аз худ накардани дарсҳои рӯзҳои таътили иҷборӣ хатмкунандагон дар имтиҳони дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ бо мушкил рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Тоҷиддин Ҷалолов, раҳбари Маркази ҳуқуқи кӯдак мегӯяд, ин амри вазири маориф боиси нақзи ҳам моддаи 37-и Қонуни асосии Тоҷикистон ва моддаи 31 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳамчунин қонуни меҳнати Тоҷикистон аст, ки ба истироҳат ҳуқуқ доштани ҳар кӯдакро кафолат медиҳанд: «Ҳар як шахс бояд истироҳат кунад, то бо нерӯи тоза ба кор ё дарс ояд. Ба наздикӣ имтиҳонҳои хонандагон низ шурӯъ мешавад, ки кӯдаконро дар ҳолати ногувор хоҳад гузошт. Зеро бидуни истироҳат дарс хондани онҳо ба саломатии кӯдакон латма мезанад.»

Ҳамчунин ба қавли ин ҳуқуқдони тоҷик, омӯзгорон низ дар ҳафтае набояд аз 40 соат бештар кор кунад. Агар омӯзгорон бидуни истироҳат кор кунанд, соати кории онҳо аз 40 соат бештар мешавад, ки ҳуқуқи онҳо низ поймол мешавад.

Саодат Комилова, равоншинос ва омӯзгори мактаби 5-и шаҳри Душанбе низ мегӯяд, аз ҷиҳати равонӣ на кӯдакон ва на омӯзгорон тавони онро надоранд, ки бидуни истироҳат кор кунанд. Аммо, ба ақидаи ӯ, ин як истисност ва як моҳ ба чунин ҳол тоқат кардан мумкин аст: «Албатта, ин фишор аст, вале дар ҳавои имрӯз имкон дорад, ки кӯдакон дарс хонанд. Аммо тасаввур кунед, ки дар моҳи июн 40 кӯдак дар як синф чӣ гуна тоқат карда, дарс мехонанд? Бигзор ҳоло дарс хонанд, аммо ин як ҳафтаро ба тобистон нагузоранд.»

Падару модарон ҳам аз дарсҳои иловагӣ дар лобалои рӯзҳои истироҳат тарафдорӣ мекунанд, то аз ҷуброни рӯзҳои таътили иҷборӣ дар гармии тобистон. Аммо Заррина Файзова, ки писараш дар синфи 9 таҳсил мекунад, мегӯяд, дар зимистон ба кӯдакон дар Душанбе як моҳи пурра таътил надиҳанд ва бигузор мисли солҳои Шӯравӣ 10-12 рӯз истироҳат диҳанд. Аммо ба хотири барномаи таълимӣ ба кӯдакон ҷабр накунанд. Ба қавли хонум Файзова, беҳтар мебуд, агар аз ҳисоби таътили якмоҳаи бачаҳо рӯзҳои «мабодо», яъне сардиҳо ба инобат гирифта мешуд. Ин хонум мегӯяд, писараш «бе ин ҳам рӯзҳои ҷумъа ва шанбе бо дили нохоҳам ба дарс меравад. Аммо бидуни истироҳат, Худо медонад писарашро ба дарс равон карда метавонад ё не.»



Дар макотиби миёнаи Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, ҳудуди 2,2 миллион нафар ва дар макотиби олиаш тақрибан 150 000 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Аз солҳои 90 ба ин сӯ, таътили зимистона дар аксари макотиби миёнаи Тоҷикистон тақрибан як моҳ давом мекунад ва ин фурсати аздастрафтаро дар поёни соли таҳсил аз ҳисоби таътилоти тобистона баробар мекунанд.

Мақомот иқрор мекунанд, ки тавони таъмини пурраи тамоми макотиб бо гармиро дар фасли сармо надоранд. Хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон дар фасли сармо аксар дар дарсҳо бо либоси гарм, ҳатто бо палтову куртка мешинанд.

Болои камбуди ангишту ҳезум, дар фасли зимистон мушкили барқ ҳам аз гиребони Тоҷикистон мегирад ва ба ҷуз аз пойтахташ, Душанбе, дар боқӣ қаламрави ин кишвар аз моҳи октябр то апрел лимити шадиди нирӯи барқ ҷорӣ мешавад. Камбуди барқ як иллати дигари таътили тӯлонии зимистона дар мактабҳои Тоҷикистон гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG