Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мактабҳои орододашуда ва муаллимони чеҳракушод имсол ба фарқ аз солҳои пеш, барои синфҳои аввал бегона набуданд. Кӯдакон аз як моҳи қабл бо қарори вазорати маориф, аллакай бо мактабу муаллими аввалини худ ошно шуда, ба таҳсил омода шудаанд. Барои Фирдавс дар мактаб бештар аз ҳама муаллимааш писанд омадааст, ки гуфт, “муаллима нағз дарс медиҳад.”

Абӯбакрро муаллима аллакай аз миёни 29 нафар чун як хонандаи фаъол мешиносад ва дар ҳузури хабарнигорон ҳам аз ӯ ситоиш мекард, ки ҳарфҳои “Алифбо” ва ҳатто қаҳрамонҳоро ном ба ном медонад: “Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур”.

Ҳарфу ҳисобро аксарият дар ин синф аллакай медонанд, тарзи дар дарс рафтору сӯҳбат карданро ҳам. Назира Тиллоева, муаллимаи пуртаҷрибаи мактаби рақами 72-и шаҳри Душанбе бо хушҳолӣ мегӯяд, ба фарқ аз солҳои пеш дар ин чанд соли охир кӯдакон ба мактаб бо омодагӣ меоянд.

Фирдавс

Фирдавс

Вай гуфт, агар солҳои пеш ҳафтаи аввал вақти асосӣ барои омӯзиши тартибу интизоми мактабӣ, тарзи рафтор дар синф ва муносибат бо муаллим сарф мешуду баъзе кӯдакон ҳатто аз ноомодагӣ ба ҳаёти нав “ба гиря дода мешуданд”, ҳоло аксарият ба мактаб огоҳова ва бо тайёрии маънавӣ меоянд. “Имсол ҳам бе ягон муҳшкил омада саф кашиданд ва ҳамроҳ ба синф даромадем”, гуфт муаллима Тиллоева.

Аз соли нави таҳсил омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дарсро аз рӯи методикаи нави замонавӣ, яъне таҳсили салоҳиятнок ба роҳ мондаанд. Ба гуфтаи масъулини вазорати маориф, ин як шеваи муосири таълимӣ аст, ки дар инкишофи нутқ ва фикрронии мустақили мактаббача мусоидат мекунад. Назира Тиллоева мегӯяд, ин методи таълим аз оне, ки замони шӯравӣ роиҷ буд, фарқ дорад: “Масалан, бо синфҳои якум мо тариқи расм кор мекунем, онҳо бояд расмро бинанду худашон фикр кунанд, нақл кунанд. Ҳамин хел корҳои фикрӣ бештар мекунем”.

Имсол дар рӯзи дониш, якуми сентябр, ҳудуди 200 ҳазор тифл барои аввалин бор мактаб рафтанд. Аксар волидон аз як сӯ хушҳол буданд, ки фарзандашон ба синни мактабӣ расиданду хатту савод меомӯзанд, аммо бархе бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти соҳаи маориф, аз ояндаи фарзандони худ нигаронӣ мекарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG