Пайвандҳои дастрасӣ

Донишманди тоҷик узви Академияи забони арабӣ дар Қоҳира шуд


Саидраҳмон Сулаймонов

Саидраҳмон Сулаймонов

Донишманди тоҷик Саидраҳмон Сулаймонов ба узвияти Академияи забони арабӣ дар Қоҳираи Мисри Араб пазируфта шуд.

Заҳмати 22 сола дар таҳия ва таълифи «Фарҳанги арабӣ - тоҷикӣ», доктор Сайидраҳмон Сулаймонов, мудири кафедраи забони арабии факултаи шарқшиносии ДМТ-ро узви Академияи забони арабӣ гардонид.

Ба ин тартиб арабшиноси тоҷик Сайидраҳмон Сулаймонов, нахустин донишманди забони арабӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ба узвияти Академияи забони арабӣ, ки мақараш дар Қоҳираи Мисри Араб аст, пазируфта шуд.

Маҳз хадамоти шоёни ин донишманди тоҷик дар рушди илми шарқшиносии тоҷик боиси он шуд, ки Фарҳангистони бонуфуз ва мӯътабари ҷаҳони ислом аз вай қадршиносӣ кунад ва ӯро дар қатори беҳтарин арабшиносони ҷаҳон ворид созад.




Сайидраҳмон Сулаймонов, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ки «мояи ифтихорам аст, ки заҳматҳои чандинсолаам барабас нарафт ва дар ниҳоят аз сӯи як муассисаи илмии ҷаҳонӣ қадр шуд. Минбаъд низ талош хоҳам кард, то саҳми худро дар рушди улуми шарқшиносӣ, ба хусус фарҳанги забони арабӣ бигзорам.»

Лого ё нишони Маҷмаи забони арабӣ дар Қоҳира.

Лого ё нишони Маҷмаи забони арабӣ дар Қоҳира.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди доктор Сулаймонов, таҳия ва таълифи «Фарҳанги арабӣ -тоҷикӣ» дар ҳаҷми 2, 5 ҳазор саҳифа, ки муддати 22 сол болои он кор кардааст, ӯро ба узвият дар Акадлемияи забони арабӣ мушарраф гардонид.
Афзун бар ин, ин донишманди тоҷик дар муддати беш аз 40 соли фаъолияти илмӣ, беш аз 100 асар, рисолаву мақола ва дигар осори адабиро таълиф кардааст.

Пас аз «Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ», тарҷумаи 5 ҷилди осори Абуалӣ ибни Сино аз дигар корҳои шоёни ин арабшиноси тоҷик ба шумор меравад. Ин аст, ки Сайидраҳмон Сулаймонов рисолаи доктории худро дар соли 1999 дар мавзӯи «Таҳаввули истилоҳи фалсафӣ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар пояи мероси фалсафии Абу Алӣ Ибни Сино» ҳимоя кардааст.

Доктор Сайидраҳмонов аз соли 1972 то 1985 дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва баъдан то соли 2004 дар Академияи Улуми Тоҷикистон фаъолияти илмӣ-пажӯҳишӣ кардааст. Аз соли 2005 то кунун фаъолияти худро дар факултаи шарқшиносии ДМТ давом дода ва ҳоло дар мақоми мудири кафедраи забони арабӣ ифои вазифа дорад.

Доктор Сулаймонов, ният дорад, то «Фарҳанги нави арабӣ-тоҷикӣ» -ро дар шаклу мазмуни тоза таълиф намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG