Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Дар деҳаи Сарбанди Спитамен ягона мактаби тоҷикӣ соли оянда ба кор сар мекунад. Ҳоло дар ин маҳал як мактаби узбакӣ вуҷуд дорад, ки хонандагонаш аз рӯи барномаи таълимии Узбакистон таҳсил доранд.

Дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Спитамен, ки дар наздикии марз бо вилояти Бекободи Узбакистон воқеъ аст, ягона мактаби тоҷикӣ бунёд хоҳад шуд. Солҳо боз сокинони ин деҳа мактаби тоҷикӣ надоштанд ва хонандагон барои таҳсил дар синфхонаҳои тоҷикӣ роҳи дурударозеро то деҳаҳои дигар тай мекарданд. Номи Сарбанд то як соли қабл Плотина буд ва он дар қарибии обанбори “Фарҳод”, тақрибан 45-километрии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ҷойгир аст.

Санги асоси бинои ин мактаби тоҷикӣ дар деҳаи Сарбанд (Плотинаи собиқ)-и ноҳияи Спитамен ахиран аз сӯи Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, гузошта шуд ва қарор аст, сохтмонаш моҳи марти соли оянда анҷом ёбад. Ҷаноби Қодирӣ дар лаҳзаҳои шурӯи сохтмон гуфт, ки “хонандагони ин мактаби тоҷикӣ бояд бо барномаи таълимии давлатии Тоҷикистон дар шароити посухгӯ ба замони муосир фаро гирифта шаванд.” Дар сурати сохта шуданаш мактаби нави тоҷикӣ дорои 8 синфхона буда, дар он 480 хонанда дар 2 баст ба забони тоҷикӣ таҳсил хоҳанд кард.

Дар деҳкадаи марзии Сарбанд тоҷикону узбакҳо канори ҳам зиндагӣ мекунанд ва бештари аҳолӣ узбакзабон аст. Вале ин маҳал танҳо як мактаби узбакӣ дорад, ки дар он таҳсил тибқи барномаи таълимии Узбакистон ва ба ҳуруфи лотинӣ ҷорӣ аст. Бароикӯдакони тоҷикон мактаб вуҷуд надорад ва сокинон фарзандони худро ба ҳамин мактаби узбакӣ медоданд ё барои таҳсил ба мактаби дигари 7 километр дуртар мебурданд.

Як сокини ин маҳал гуфт, онҳо аз тасмими мақомот барои бунёди мактаби тоҷикӣ истиқбол мекунанд. “Ҳамаи мо дар Тоҷикистон зиндагӣ дорем ва забони давлатӣ тоҷикист. Инро аллакай халқ фаҳмид, худи халқи узбакзабон ҳам талаб доранд, ки таълим ба забони давлатӣ сурат бигирад, то ки фарзандони онҳо ҳам ба забони давлатӣ таҳсил кунанд. Ҳоло фарзандони мо, ки мактабҳои узбакиро хатм кардаанд, дар донишгоҳҳои Хуҷанд бо забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд. Чунки дар инҷо муаллимони тоҷик намерасанд. Фардо шогирдони мо омада дар ин мактаби нав кор хоҳанд кард,” – гуфт ӯ.

Ҳамин тавр, тирамоҳи соли 2013 Тоҷикистон барои кӯдакони дурдасттарин ҷамоати наздимарзии Спитамен - Хуррамзамин (собиқ Фармонқӯрғон) як мактаби узбакиро низ бо як синфи тоҷикӣ боз карда буд.

Тоҷикистон ва Узбакистон сари дохил кардани обанбори “Фарҳод” ва маҳалли Сарбанди канори он ба харитаи худ солҳо боз баҳс доранд. Ҳоло Тоҷикистон деҳкадаи Сарбандро ҷузъи қаламрави худ медонад, вале аз нигоҳи маъмурӣ ҳамоно тобеи Узбакистон аст. Сокинони деҳкадаҳои Сарбанду Кӯҳдоман (Горный)-и канори обанбор аз ин номуайянӣ то ҳоло ранҷ мекашанд.

Хуршеда Шокирова, сокини деҳкадаи Сарбанд узбакзабон ва шаҳрванди Тоҷикистон аст. Вай мегӯяд, ду фарзандаш дар мактаби узбакии маҳалли зисташ таҳсил доранд ва хонум Шокироваро ояндаи онҳо нигарон медорад, ки бе донистани забони давлатии тоҷикӣ пешрафт барояшон мушкил хоҳад гашт.

Обанбори нерӯгоҳи "Фарҳод” ва деҳкадаҳои атрофаш - Сарбанд (Плотина) ва Кӯҳдоман (Горный) - солҳои 50-уми асри гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон бунёд шуда, иншооти стратегии ин кишвар маҳсуб меёбад. Вале ин обанбору нерӯгоҳ ҳазорон гектар замини Узбакистонро обёрӣ ва саноати ин кишварро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Баъди соҳибистиқлол шудани ин кишварҳо Узбкистон нерӯгоҳ ва обанбори Фарҳод ва маҳалҳои атрофи он Сарбанду Кӯҳдоманро пурра таҳти таҳти назорати худ даровард ва дар пеши он посгоҳҳои марзиву гумрукӣ гузошт. Вале дар соли 2002 Тоҷикистон ин минтақаро дубора ба худ баргардонд ва ба сокинони Сарбанд иҷоза дод бидуни мамониат ба ҷойҳои кории худ дар шаҳри ҳамсояи Бекободи Узбакистон равуо кунанд.

Вале дар ягона мактаби узбакии деҳкадаи Сарбанд то ҳоло таҳсил мутобиқи барномаи таълимии Узбакистон ҷараён дорад ва муллимонаш ҳам аз Узбакистон моҳона мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG