Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни забон қабул шуд


Маҷлиси намояндагон дар нахустин ҷаласаи худ баъди таътили тобистона тарҳи қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.

Муҳокимаи тарҳи қонуни мазкур наздик ба се соат тӯл кашид, аммо ҳеҷ яке аз пешниҳодҳои намояндагони порлумон, аз ҷумла, таъкиди вожаи форсӣ дар ифодаи забони давлатӣ дастгирӣ наёфт.

Дар нахустин қонуни забони давлатии Тоҷикистон, ки 20 сол муқаддам ва дар даврони Шӯравӣ қабул шуда буд, ин вожа дар ифодаи забони давлатӣ таъкид шуда буд. Бархе аз вакилони маҷлис аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки миёни қонуни забони давлатӣ ва Қонуни асосии таноқузи зиёд вуҷуд дорад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон бо ду раъйи мухолиф ва 57 ҷонибдор лоиҳаи Қонуни забони давлатиро, ки аз сӯи президенти Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шуда буд, пазируфтанд.

Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Маҷлиси намояндагон дар баробари вакилони порлумон меъёр ва бандҳои қонуни мазкурро тавзеҳ дода ва бар зарурати қабули он таъкид кард. Оқои Саймиддинов гуфт, ки ин нахустин санади ҳуқуқӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тҷоикистон хоҳад буд, ки замина ва доираи қонунии корбурди забони тоҷикиро ба унвони забони давлатӣ таъмин мекунад. Аз сӯи дигар, бар пояи ин қонун ҳукумат муваззаф мешавад, ки забонро ба сифати як унсур ва рукни муҳими давлатдорӣ ҳифз ва барои истифодаи ҳатмии он дар қаламрави кишвар шароит фароҳам оварад.

Таъкид мешавад, ки тамоми намуди коргузорӣ ва таҳияи аснод дар ниҳодҳои давлатӣ бо забони давлатӣ сурат мегирад. Лавҳа, эълон ва шиору овезаҳои расмӣ низ бар пояи қонуни мазкур бо забони давлатӣ навишта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон изҳор кард, ки дар матни қонун меъёрҳое ҷо дода шудаанд, ки бо Қонуни асосии кишвар муғоират дорад. Раиси коммунистони Тоҷикистон аз ҳазфи забони русӣ ба унвони забони муоширати байни миллатҳо ном бурд, ки ин нукта дар Қонуни асосӣ таъкид шудааст. Шодӣ Шабдолов таъкид кард, ки дар Тоҷикистон камтар аз як дар сад ҷамъияти русҳо ва русзабонҳо ҳам ба сар намебарад, вале дар муоширати байни ақвоми кишвар ҳифз шудани ин забон зарур мебошад ва аз сӯи дигар дар шароити босуръати тағйироти технологӣ манобеъ ва махзани иттилоот бо забони русӣ барои мардум нисбатан осон дастрас мешавад. Ва ихроҷи ин меъёр дар қонуни забони давлатӣ ҷомеаи кишварро аз ҷараёни таҳаввул ва дигаргуниҳо дар канор мегузорад. Аз сӯи дигар, гуфт оқои Шабдолов, қабули тарҳи мазкур аҳзоби сиёсии кишварро дар ростои интихоботи қарибулвуқӯи порлумонӣ дучори мушкил ва дарди сар хоҳад кард. Зеро акнун ҳамаи созмон, идорот ва ташкилоти давлативу ғайридавлатӣ вазифадоранд, ки асноду мӯҳр ва ҳуҷҷатгузории худро бо забони давлатӣ дуруст кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз ҲНИТ, аз намояндагони Маҷлис даъват кард, ки ба пешниҳоди Шӯрои сиёсии ҳизбаш дар бораи таъкиди вожаи «форсӣ» дар ифодаи забони давлатӣ пуштибонӣ кунанд. Кабирӣ гуфт, ки дар чунин сурат мо метавонем худро меросбари қонунии тамаддун ва осори таърихии муштараки худ бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамҷавор ҳисобем.

Шерхон Салимзода, намояндаи ваколатдори президент дар маҷлис ва мушовири давлати ӯ дар умури ҳуқуқ гуфт, ки пешниҳоди Кабирӣ заминаи ҳуқуқӣ надорад ва зикри он дар матни қонуни забони давлатӣ ҷоиз нест.

Зимнан, бархе аз вакилони Маҷлис аз ҷумла Шодӣ Шабдолов қонуни мазкурро монеаи навбати дар равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Русия арзёбӣ кард.

Ба ин тартиб, қонуни забони давлатии Тоҷикистон бо иттифоқи оро аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардид. Ин қонун дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллӣ палатаи болоии порлумон дар рӯзи 2 октябр мавриди баррасӣ қарор мегирад ва сипас бо имзои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашри он дар матбуот мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG