Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарфароз Ниёзов: "Аз Торонто ба Карочӣ, наздиктар ба Тоҷикистон"


Профессори тоҷик Сарфaроз Ниёзов

Профессори тоҷик Сарфaроз Ниёзов

Донишманди тоҷик, устоди собиқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Сарфароз Ниёзов, раиси Донишкадаи рушди омӯзишу парвариши Донишгоҳи Оғохон дар Карочӣ интихоб шуд.

Сарфароз Ниёзовро дӯстону шогирдони бешумораш “Донишпарвар” лақаб гузоштаанд. Бархе ҳамчунин ӯро “Донишмард” ва “Устод” низ меноманд. Хабари раҳбари Донишкадаи рушди омӯзишу парвариши Донишгоҳи Оғохон дар Покистон баргузида шудани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи шодбошу табрикҳоро ба вуҷуд овард.

Хамткардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва устоди ин бахш, омӯзгори пешини Донишгоҳи Хоруғ Сарфароз Ниёзов акнун шаҳри орому зебои Торонтои Канада ва “ҷойи гарм”-ашро дар курсии профессори Донишкадаи омӯзишу парвариши Донишгоҳи Торонто тарк мекунад ва барои кору зиндагӣ ба Карочии Покистон, минтақаи, ба гуфтаи худаш, “чолишбарангез ва муҳим”, мекӯчад.

Дар мусоҳибае аз ӯ пурсидем, мансаби нави худро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?

Сарфароз Ниёзов: “Ман инро бо камоли хушнудӣ ва ҳамчунин дарки масъулияти сангин қабул кардам. Мансаби аршад аст ва масъулиятҳои муҳиму густардае дорад. Вале ман инро як муваффақияти, бигзор, хоксоронаи як тоҷик, як зодаи деҳот ва кӯҳистони Тоҷикистон меномам ва аз ин лиҳоз бароям ҷойи ифтихор дорад.”

Радиои Озодӣ: Аммо чӣ гуна шуд, ки Шуморо ба ин мақом интихоб карданд?

Сарфароз Ниёзов: “Вақте чунин вазифаҳо пайдо мешаванд, онҳоро дар расонаҳо эълон мекунанд ва аз хоҳишмандон тақозо мекунанд, ки барои ишғоли ин ҷой ҳуҷҷатҳои худро фиристанд. Ба ғайр аз ин ширкатҳои махсусе ҳаст, ки барои чунин вазифаҳо одамҳои мувофиқ меҷӯянд. Яке аз чунин ширкатҳои истихдомкунанда ба ман занг зад ва гуфт, аз рӯйи мушаххасот номзадии ман барои ин мақом муносиб аст ва оё мехоҳам, дар озмун ширкат кунам. Ман розӣ шудам ва ин ширкат асноди маро омода ва пешниҳод кард. Баъд аз муддате аз миёни номзадҳо 3 нафар, аз ҷумла маро ба Карочӣ даъват карданд. Дар он ҷо дар давоми се рӯз мулоқоту нишастҳои зиёде шуд ва ҳар номзад ақида ва барномаи худро пешниҳод кард. Баъд номзадҳоро ҷавоб доданд ва пас аз як ҳафта, онҳо боз байни худ машваратҳои дохилӣ баргузор намуданд ва он гоҳ ба ман хабар доданд, ки аз байни ин се нафар маҳз ман интихоб шудаам. Хулоса, як раванди шаффоф, мардумсолорона ва, ба фикрам, одилонае буд.

Радиои Озодӣ: Бартарии номзадии Шумо дар чӣ буд?

Сарфароз Ниёзов: “Ба ман чизе нагуфтанд, вале фикр мекунам, фаъолияти ман дар ин соҳа ва корҳои илмиям нақши ҳалкунанда бозида бошанд. Таҳқиқи равандҳои омӯзиш ва парвариш риштаи кори ман аст. Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ман устоди донишгоҳ будам, албатта, устоди забон ва адабиёти араб. Аммо баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ дар ҳаёти ман ду таҳаввули муҳим рӯй дод. Яке ин ки аз риштаи забонва адабиёт ба соҳаи таълиму тарбия гузаштам ва дувум инглисиро ба забони кории худ табдил додам. Хеле заҳмат мехост, омӯзиши инглисӣ ва интихоби он ҳамчун забони пажӯҳишҳои илмиям, бо мадади Худованд, каме ҳам бошад, комёб шудам ва дастовардҳои илми ҷаҳонро омӯхтам.

Радиои Озодӣ: Пажӯҳиш кори инфиродист, аммо раҳбарӣ лаёқати изофӣ ҳам металабад, на?

Сарфароз Ниёзов: “Комилан дуруст. Дар давоми бист соли ҳаётам ин ҳолат низ пеш омада, ки бояд кори раҳбарӣ кунам. Ёд дошта бошед, мову Шумо дар гурӯҳҳои мутавозӣ мехондем, ман сардори гурӯҳ будам дар факулта. Баъдан чанд сол дар Донишкадаи мутолиоти исмоилии Лондон раҳбари бахши пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ будам. Аз соли 2009 то 2014 ҳамраиси Маркази омӯзишҳои байнулмилалӣ ва муқоисавии Донишгоҳи Торонто будам. Панҷ сол дар ин вазифа роҳбари зиёда аз 50 профессор ва устодон ва 150 донишҷӯ будам. Яъне то дараҷае барои ин кор муҳайё ҳастам. Аммо, албатта, кори нав басе мураккаб аст ва ман дар аснои кор малакаҳои нав касб кунам.”

Радиои Озодӣ: Рисолаи доктории Шумо зери унвони “Дарки тадрис дар манотиқи пасошӯравӣ ва кӯҳистонии Тоҷикистон” ду ҷоизаи баланди байнулмилалӣ гирифт ва солҳои охир борҳост, дар бораи таълиму тарбия дар кишварҳои мусулмон ва пасошӯравӣ менависед. Дар бораи вазъи маориф дар Тоҷикистон чизе гуфта метавонед?

Сарфароз Ниёзов дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Бадахшони Тоҷикистон дар хонаҳодаи муаллим Ниёз Ниёзов ба дунё омадааст. Вай дар соли 1983 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо “дипломи сурх” хатм карда, пас аз кор дар Сурия, Тунис ва Яман, устоди ин донишгоҳ шуд. Солҳои 1988 -91 дар аспирантураи ДДТ таҳсил мекард ва дар айни ҳол дар факултаи шарқшиносӣ дарс медод. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон устоди Донишгоҳи Хоруғ буд ва ба омӯзиши забони инглисӣ ва шеваҳои таълиму тарбия машғул гашт. Дар соли 1995 дараҷаи мастериро дар Донишкадаи рушди омӯзишу парвариши Донишгоҳи Оғохон дар Карочӣ бо ифтихорнома ба даст овард. Соли 2001 дар Донишгоҳи Торонто рисолаи докторияшро дифоъ кард. Аз соли 2001 то 2005 раҳбари бахши пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ дар Донишкадаи пажӯҳишҳои исмоилӣ дар Лондон буд. Бо таҳкими равобит миёни ин марказ ва пажӯҳишгоҳҳои Тоҷикистону Русия дар Душанбе конфаронси байнулмилалии Носири Хусравро баргузор намуд. Аз сорли 2005 -- профессори Донишгоҳи Торонто. Муаллифи чанд китоби илмист ва рисолаи ӯ ба ҷоизаҳои беҳтарин тадқиқоти Анҷумани Пажӯҳишгарони Маорифи ИМА ва Ҷомеаи Байнулмилалии Омӯзишҳои Муқоисавӣ мушарраф гаштast. Моҳи июн раиси Донишкадаи рушди омӯзишу парвариши Донишгоҳи Оғохон дар Карочӣ таъин шуд. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Сарфароз Ниёзов: “Ман ҳамаи гузоришҳоро дар ин бора мехонам ва бо донишмандони тоҷик ҳамеша дар тамос ҳастам, дар сафарҳоям ба Ватан бо кормандони риштаи маориф, омӯзгорон, донишмандони Академияи пажӯҳишҳои педагогии Тоҷикистон мулоқот мекунам. Бояд бигӯям, ки мо донишмандони қавие монанди Ирина Холова, Маҳмуд Лутфуллоев, Сафар Сулаймонӣ, марҳум Файзулло Хушвахтов, Ҷумъа Булбулоҳ ва монанди онҳоро дар ин соҳа дорем. Дар бораи маориф бояд гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон хеле кӯшиш мекунад, дар таълим ва тарбия он дараҷаеро, ки дар давраи Шӯравӣ буд, нигоҳ дорад ва бо такия ба дастовардҳои ҷаҳонӣ ба пешрафтҳое ноил гардад. Лекин шароити имрӯза бисёр вазнин аст. Манзурам, шароити молӣ, камчинии кадрҳои муосир, рушди барномаҳо ва усулҳои таълим ва монанди инҳост. Рушди маориф ба кадрҳои он бастагӣ дорад. Аз як сӯ бояд кадрҳое тарбия кард, ки пешрафтатарин таҷрибаҳои омӯзишу парваришро фаро гиранд ва навсозиҳои маҳаллӣ ва мулкиро дар маориф ба миён оранд. Аз сӯи дигар барои ҳифзи кадрҳо бояд музди кор ва эътибори онҳо ба дараҷае баланд бардошта шавад, ки ҳангоми дарс ба фикри рӯзгору замину обу дона набошанд. Медонам, ки шумори зиёди муаллимон дар Тоҷикистон аз тангии рӯзгор ин касби муҳиму пуршарафро тарк мекунанд ва ҳатто ба муҳоҷират мераванд. Ин ҷо як стратегияи ҷиддӣ зарур аст. Тоҷикистон талошҳои зиёд мекунад, ҳам вазорати маориф, ҳукумат, олимон ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешрафтҳои муҳиме ҳастанд, вале фазои кору талош низ ҳанӯз зиёд аст.”

Радиои Озодӣ: Дар мақоми нави худ ҳамчун раиси Донишкадаи рушди омӯзишу парвариши Донишгоҳи Оғохон, ки яке аз муҳимтарин марказҳои илмиб омӯзишӣ дар Осиёи Ҷанубист, ба ин мушкилоти Тоҷикистон низ расидагӣ хоҳед кард?

Сарфароз Ниёзов: “Бале, ин донишкада барои бисёре аз кишварҳо барномаҳои марбут ба таълиму тарбия пешниҳод мекунад ва ҳамчунин барои онҳо кадрҳои педагогӣ ва илмӣ омода мекунад. Фикри ман ин аст, ки чунин корро донишкада дар Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон низ роҳандозӣ кунад. Дар зимн, соли 1995 худи ман ин донишкадаро хатм кардам ва дар он ҷо маро ба кор гирифтанд. Ва ҳамчун намояндаи ин донишкада ман ба Тоҷикистон сафар мекардам ва ҷавонони болаёқатро интихоб карда, ба он ҷо мебурдам, то таҳсил кунанд. Ин кор дар солҳои 1998-99, баъд аз рафтани ман, коҳиш ёфтааст. Ман сабабҳоои ин ҳолро меомӯзам ва аз омадани ман ба ин донишкада яке аз интизорот ин аст, ки кор дар Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистон, пеш равад. Албатта, ҷалби ҷавонон ба ин донишгоҳ ба тартиби озмуни боз, демократӣ, шаффоф ва ростбинона сурат хоҳад гирифт.”

Радиои Озодӣ: “Шумо як шаҳри орому зебои Канадаро тарк мекунед ва ба мулке меравед, ки дастхуши хусуматҳои байнимазҳабист. Чанде пеш дар Карочӣ як автобуси пур аз пайравони исмоилияро ифротгароён тирборон карданд ва даҳҳо нафар куштау захмӣ гашт. Чӣ эҳсос мекунед?

Сарфароз Ниёзов: “Оре, ҳама мепурсанд, ки чаро аз Торонто ба Карочӣ меравам. Модарам, хешу табор дар Бадахшон, Душанбе, ҳатто ҳамкоронам дар ҳамин ҷо, дӯстонам дар саросари ҷаҳон инро аз ман мепурсанд. Ман ба Покистон бо ҳамсарам ва духтари хурдиям сафар мекунам. Як сабаби ботинӣ шояд ин аст, ки мехоҳам ба Тоҷикистон наздиктар бошам. Ман боз ду духтари бузургтар дорам – Шаҳноз ва Давлат, ки мустақиланд ва зиндагии худро пеш мебаранд. Албатта, ҷойи нигаронӣ ҳаст. Аммо ин “контекст”-ест, ки, мутаассифона, тамоми мардуми мусулмони ҷаҳонро қатъи назар аз мазҳабу равияашон ба мадори худ кашидааст. Ин мавзӯи ҳассос ва душворест, ки ҳамаи мардуми ҷаҳон ва пеш аз ҳама мусулмононро нигарон кардааст. Мо бояд чӣ кунем, ки аз хушунатҳо раҳо шавем ва мисли мардумони дигар осуда ва дӯстона зиндагӣ кунем. Дар Карочӣ амнияти моро ниҳодҳои худи донишгоҳ нигоҳ мекунад. Илова бар он дар Карочӣ дӯстони зиёде дорам, ки чанде аз онҳо мисли ман аз кишварҳои дигар омадаанд. Аммо суоли асосӣ ин аст, ки бояд аз ин чизҳо гурезем ё бо ҳамкорӣ бо дӯстони соҳаи маориф дар ҳамин гуна шароит кор кунем, ин чизҳоро биомӯзем ва роҳи ҳалли онҳоро пайдо намоем? Яъне ман аз вазъ огаҳ ҳастам, андаке нигаронӣ дорам, вале наметарсам ва мехоҳам аз тариқи таълим ва тарбия роҳи ҳалли онро пайдо кунам. Бовар дорам, ки муносибати ҳар шахсе, ки худро олиму донишманд, раҳбар ё омӯзгор мешуморад, ба ин масъала бояд ҳамин гуна бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG