Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасон дар шаҳри Лимассоли Кипр 4 медал ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасони синнашон 14-16-сола, ки рӯзҳои 5-6-уми декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор шуд, 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар сабқати писарон Илҳомҷон Ҳофиззода (дар вазни 66 кг) ва Хуршед Маҷидов (+84 кг) бо медалҳои нуқра, Ҷамолиддин Абдуллоев (55 кг) бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд. Инчунин дар сабқати духтарон Шоҳида Қаландарова дар вазни 56 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиюни самбои Тоҷикистон, ки сардовари мусобиқоти ҷаҳонӣ байни донишҷӯён ва наврасон мебошад, рӯзи 7-уми декабр хабар дод. Вай афзуд, “ба ҳайати варзишии Тоҷикистон ҳамагӣ 13 нафар - 10 варзишгар, 2 мураббӣ ва як довар - дохиланд. Дар сабқати ҷаҳонӣ байни наврасон шарафи Тоҷикистонро Каюмарс Норов (51 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (55 кг), Муҳаммадшо Беков (59 кг), Илҳом Ҳофиззода (66 кг), Муҳаммадризо Қурбонов (84 кг) ва Хуршед Маҷидов (+84 кг), инчунин миёни духтарон Шоҳида Қаландарова (56 кг) ҳимоя карданд. Дар сабқати ҷаҳонии донишҷӯён, ки рӯзҳои 7-8-уми декабр баргузор мешавад, Тоҷикистонро Ардашер Исмоилов (вазни 52 кг), Суруш Каримов (74 кг), Рашид Зиёбеков (82 кг) ва Хуршед Маҷидов (100 кг) намояндагӣ мекунанд.”

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасони синнашон аз 14 то 16-сола барои аввалин бор аз ҷониби Федератсиюни байналмилалии самбо баргузор шуд. Ва аммо варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии донишҷӯён борҳо ширкат карда, ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни наврасони синнашон 14-16-сола дар Лимассол Анушервон Назарзодаи тоҷик дар вазни 46 килограмм дар ҳайати мунтахаби Русия медали тилло ба даст овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG