Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 медали тилои паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии самбои Осиё


Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё дар шаҳри Атирауи Қазоқистон 11 медал (7 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки дар шаҳри Атирауи Қазоқистон то рӯзи якшанбеи 13-уми декабр идома меёбад, ҳудуди 300 варзишгар аз 13 кишвари қора – Афғонистон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Тоҷикистон, Узбакистон ва ғайра ширкат доранд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байнулмилалӣ Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, аз Атирау хабар дод. Вай гуфт, ки дар рӯзи аввали мусобиқа – 11-уми декабр - бузургсолон (мардону занон) рақобат карданд.

Паҳлавонони тоҷик дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон 9 медал гирифтанд. Ҳафт нафари онҳо - Акмалиддин Каримов (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Деваштич Ҳабибов (74 кг), Ҷумъахон Назриев (90 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) - ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Инчунин ду гуштигири тоҷик - Ардашер Исмоилов (52 кг) барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва Муҳаммадҷон Зоидов (82 кг) барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар сабқати занон Азиза Азизова (72 кг) ва Дилбар Султонова (80 кг) ба мунтахаби Тоҷикистон ду медали нуқра оварданд.

Рӯзи дувуми мусобиқа – 12-уми декабр - навҷавонону духтарон аз рӯи самбои варзишӣ, инчунин мардон оид ба самбои размӣ дар вазнҳои 62, 82 ва +100 кг рақобат мекунанд. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 13-уми декабр – наврасон (духтарону писарон) оид ба самбои варзишӣ ва мардон аз рӯи самбои размӣ дар вазнҳои 57, 68 ва 90 кг қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдулло рӯзи шанбеи 12 декабр дар Атирау Кунгураи Иттиҳоди самбои Осиё баргузор мешавад.

Бояд тазаккур дод, самбо ба қатори 85 намуди варзиш шомил шудааст, ки онҳоро Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) дастгирӣ мекунад. Кумитаи иҷроияи ШОО моҳи январи соли гузашта дар ҷаласаи Ассамблеяи 32-юми кулли ШОО дар пойтахти Филиппин – Манила - дар бораи ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил кардани самбо тасмим гирифта буд.

XS
SM
MD
LG