Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пистолет – туфангча; равняйсь - баробар шав! Луғати нав барои сарбозони рус


Аз ин ба баъд афсарони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон тарҷумаи тоҷикии "гранатомет", "пистолет" ва... "равняйсь"-ро ҳам аз худ мекунанд. Мутахассисон дар ин бора луғати наверо таҳия кардаанд.

Мутахассисони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон луғати наверо омода кардаанд, ки дар он номи муҳимтарин таҷҳизоту аслиҳаи ҷангӣ бо забони русӣ ва тарҷумаи тоҷикияш ҷой дода шудааст. Дар ин луғат аз ҷумла "пистолет" - туфангча, "саперная лопата" - бели саперӣ ва "бронетранспортер" - техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ пешниҳод гардидааст.

Хабаргузории Итар-ТАСС менависад, дар луғати нав барои афсарони рус ба ҷуз аз номи таҷҳизоту аслиҳаҳои ҷангӣ, инчунин, фармону муроҷиатҳои низомӣ ҳам ҷой гирифтааст. Барои мисол, дар ин луғат фармонҳоеро ба мисли саф кашед - "строится", баробар шав – "равняйсь​" низ дидан мумкин аст.

Аз ин пештар сарбозону афсарони рус дар Тоҷикистон муомила бо сокинони маҳаллиро аз худ карда буданд. Дафтари матбуоти ҳавзаи низомии марказии Русия, ки пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар итоати ҳамин ҳавзаи низомӣ қарор дорад, рӯзи 13 октябри соли гузашта хабар дода буд, ки фармондеҳии ин ҳавза барои таълими анъанаву суннатҳои мардуми маҳаллӣ ва қоидаҳои рафтор ва муносибат бо ин мардум дар дохили пойгоҳ ва берун аз он як силсилаи дарсҳову тамринҳоро таҳия кардааст.

Ин қоидаҳои рафтор, аз ҷумла кашидани сигор дар маконҳои ҷамъиятӣ, шиштан сари зону (на корточках), «ту» гуфтан ба афроди бегона ва истифодаи дашному ҳақоратро барои сарбозони Русия дар Тоҷикистон манъ мекунад. Ҳамчунин ба сарбозони рус бархе калимаву ибора ва ҷумлаҳои лозими тоҷикӣ барои муошират бо мардуми маҳалиро низ меомӯзонанд. «Луғат»-и сарбозони рус калимаҳое, чун «ака», «тағо», «бобо», «апа», «ойтӣ», «оча», «хоҳарам» ва «духтар»-ро, ки ҳангоми муошират бо афроди синну соли мухталиф истифода мешавад, дар бар мегирад.

Тавсия шудааст, ки агар ҳамсӯҳбат марди пир бошаду дар сар салла дошта бошад, бояд ба ӯ ҳамчун ба нафаре, ки шояд алакай сафари Ҳаҷ кардааст, «ҳоҷӣ-бобо» гуфта муроҷиат кард.

Ба гуфтаи маркази матбуоти ҳавзаи низомии марказии артиши Русия, ба ҳар як сарбозу афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ёддошт дар бораи муносибати боодобона ва қоидаҳои рафтори ҳамарӯза ва дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои низомӣ дода хоҳад шуд. Дар ин китобча бархе нукоти асосии қонунгузории Тоҷикистон, сайри кӯтоҳе ба таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии халқҳову кишварҳои Осиёи Марказӣ ва як луғати кӯтоҳи муҳовараии русӣ-тоҷикӣ низ ҷой шудааст.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия бо беш аз 6000 аскару афсар бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди Русия ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, ҳам Маскав ва ҳам Душанбе ҳузури пойгоҳи Русияро як кафили муҳими суботу амнияти Тоҷикистон, ки бо Афғонистони ноором 1370 километр марзи мустақим доранд, медонанд.

Тоҷикистон дар соли 2012 бо имзои як қарордод замони ҳузури ин пойгоҳро дастикам то соли 2042 тамдид карда, бар хилофи сару садоҳои мавҷуда дар ниҳоят аз Русия барои воҳидҳои низомиаш ҳатто пули иҷора нахост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG