Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Русия ва Тоҷикистон паси дарҳои баста идома дорад


акс аз сомонаи вазорати дифои Русия
акс аз сомонаи вазорати дифои Русия

Тибқи баъзе хабарҳо, мақомоти Русия бо Оқил Оқилов ва Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот карданд

Як ҳайати мақомоти низомии Русия, ба раҳбарии муовини вазири дифоъ Анатолий Антонов, ки масъули ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ аст, рӯзи 8-уми август дар Душанбе бо нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидору мулоқот кардааст. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон гузориш дода мегӯяд, ки дар ҷараёни мулоқоти ҳайати Русия бо Оқил Оқилов ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, “масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар масоили амният ва дифоъ” баррасӣ шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки дар ҷараёни ин сафари намояндагони ҳукумати Русия баррасӣ мешавад, мавзӯи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201-ум дар қаламрави Тоҷикистон аст. Русия мехоҳад, ки мӯҳлати пойгоҳи низомиашро дар хоки ин кишвар то 49 сол ва бидуни пардохти маблағе тамдид кунад, вале мақомоти Тоҷикистон ба ин розӣ нестанд.

Дар яке аз изҳороти ахири мақомоти вазорати дифои Русия гуфта шуд, ки Душанбе “усулан” бо пешниҳодҳои Маскав розӣ шудааст, ҳарчанд ба таври ошкор ва расмӣ намояндагони ҳукумати Тоҷикистон то ҳол дар ин замина мавқеи худро рӯшан баён накардаанд. Қаблан дар баъзе баёнияҳои парокандаи мақомоти Тоҷикистон таъкид мешуд, ки ҳар тасмиме дар заминаи шарту шурути ҳузури низомии нирӯҳои Русия дар хоки Тоҷикистон “мувофиқи манофеи миллии” ин кишвар гирифта мешавад.

Дар сӯҳбат бо "Озодӣ" намояндагони Вазорати умури хориҷа ва ҳам дифои Тоҷикистон аз шарҳи тафсилоти сафари ҳайати мақомдорони Русия худдорӣ карданд. Хабаргузориҳои русӣ таъкид мекунанд, ки гуфтугӯҳо “паси дарҳои баста” ҷараён доранд. Аз рӯи иттилои "Интерфакс", рӯзҳои 8 то 10 август ин ҳайат бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард.

Тибқи навиштаи баъзе хабаргузориҳо, рӯйдодҳои ахири Хоруғ мавқеи Тоҷикистонро дар музокироти сари пойгоҳ бо Русия “каме заъифтар” кард. Баъзе коршиносони рус мегӯянд, ки куштори генерали Кумитаи амнияти миллӣ ва оғози амалиёти вижаи зидди фармондеҳони саркаш дар Хоруғ “тавонмандиҳои заъифи Тоҷикистон”-ро дар мубориза бо беназмиҳо дар кишвар намоиш дод. Бархе таҳлилгарони рӯ ба Кремлин бовар доранд, ки бо назардошти ин чолишҳо, Душанбе ба кӯмаки Маскав ва нирӯҳои Русия ниёз дорад. Вале ба андешаи дигарон, рӯйдодҳои Хоруғ метавонад барои пофишории Маскав болои қабули шарту шуруташ аз ҷониби Душанбе “як баҳона” шавад.

Ба ҳар сурат, феълан мақомоти Вазорати дифои Русия низ аз шарҳу тавзеҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд. Як намояндаи ин вазорат дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" дар Маскав гуфт, ки “феълан” онҳо ҳеҷ хабарро тасдиқ ё инкор карда наметавонанд ва “мунтазири занги телефон аз Душанбе ҳастанд”, ки мувофиқи он бо хабарнигорон сӯҳбат кунанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар сурати мувофиқати ҷонибҳо барои тамдиди ҳузури низомии пойгоҳи 201 Русия, созишномаи расмӣ “дар сатҳи раҳбарони ҷумҳуриҳо ва ҳам вазоратхонаҳои дифои” ду кишвар имзо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG