Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: "Бо Тоҷикистон ҷанҷол надорем"


Бинои вазорати умури хориҷии Русия.
Бинои вазорати умури хориҷии Русия.

Дар талоше барои фурӯ нишондани танишҳо миёни Душанбе ва Маскав, Русия гуфтааст, музокирот дар бораи ҳузури пойгоҳи 201 бекаму кост пеш меравад.

Дар шарҳи дипломати рус Александр Лукашевич, ки дар торнамои вазорати умури хориҷии Русия нашр шудааст, омадааст, ду тараф талош доранд, созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳ то замони муайяншуда барои имзо омода шавад, агарчӣ санае дар он зикр наёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки тайи як моҳи ахир чанде аз генералҳои рус гуфтанд, ки музокирот дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба бунбаст ворид шудааст, зеро Душанбе шарту шароити ғайриқобили қабул ба Маскав пешниҳод кардааст.

Ахиран вазири дифои Русия низ гуфт, умедвор аст моҳи октябр созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳ бо Тоҷикистон имзо мешавад.

Дар ин бора Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия рӯзи 6-уми июл дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав хабар дод ва гуфт, "мо умедворем, ки ҳамтоёни тоҷикистонии мо то моҳи октябри соли ҷорӣ омода шуда санадҳои заруриро имзо мекунанд. Ман фикр мекунам шартҳои молии ин созишнома бетағйир боқӣ мемонанд».

Ба эътиқоди вазири дифои Русия, кишвараш ба Тоҷикистон «шароити хеле хуб»-ро пешниҳод кардааст: «Худи масъалаи ҷойгир будани пойгоҳи низомӣ дар Душанбе ба Тоҷикистон даромади хуби молӣ медиҳад. Ин ҳам дар шакли сармояҳо, пардохти андоз ва фароҳам овардани ҷойҳои кори холӣ аст», гуфтааст вазир.

Ҷаноби Сердюков бо зикри ин таъкид кардааст, ки ҷониби Русия кӯмаки низомиву фаннӣ ба Тоҷикистонро чун як "бартер" баррасӣ намекунад. "Кӯмаки низомиву фаннӣ - кӯмаки низомиву фаннӣ аст, ва ҳар чизе, ки бо фаъолияти пойгоҳи мо вобаста аст, он чизи дигар аст", гуфтааст вазири рус.

Аз ин қабл вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар дидор бо ҳамтои руси худ Анатолий Сердюков дар Калининград рӯзи 5-уми июл гуфта буд, кишвараш пешниҳодҳои Русияро дар бобати мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201-и ин кишвар дар Тоҷикистон ҳанӯз нахондааст, вале ба зудӣ тарҳи худро дар ин масъала пешниҳод хоҳад кард. Сердюков, зоҳиран, изҳороти ҳамтои тоҷики худро ҷиддӣ нагирифт, ки рӯзи баъдаш эълом кард, Тоҷикистон дар моҳи октябр созишномаро бо ҳамон шартҳои пешина имзо хоҳад кард.

Бино ба гузоришҳо, давлати Тоҷикистон мехоҳад, ки ҳузури пойгоҳи 201-ум ройгон набошад ва на 49 сол балки 10 сол тамдид шавад ва дар ивази он Русия иҷорапулӣ бипардозад. Аммо Маскав ба ин шартҳо розӣ нест ва гуфтааст, пул пардохт нахоҳад кард.Мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2014 ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG