Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуфи генерал аз сарнавишти пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон


Николай Макаров
Николай Макаров
Генерал Николай Макаров-раиси ситоди нируҳои мусаллаҳи Русия ба матбуоти кишвараш гуфтааст, ки Вазорати дифои Русия барои тавсеаи пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистон маблағ ҷудо нахоҳад кард, зеро музокирот бо Тоҷикистон дар бораи ояндаи ин пойгоҳ ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Ба гуфтаи Маскаров, сарнавишти ин пойгоҳ баъд аз соли 2014 номаълум боқӣ мондааст. Вай афзудааст, ҳар ду кишвар ба тавофуқ расида буданд, ки протокол дар бораи истиқрори пойгоҳи 201 низомии Русия дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2012 ба имзо мерасад ва он сарнавишти ин пойгоҳро баъд аз соли 2014 таъйин мекунад.

Генерали рус афсӯс хӯрдааст, ин протокол то ҳол ба имзо нарасидааст.
XS
SM
MD
LG