Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқи бемисли варзишкори тоҷикистонӣ ба филмҳои ҳиндӣ


Александр Пронженко
Александр Пронженко

Варзишгари тоҷикистонӣ Александр Пронженко мегӯяд, беш аз 2000 тарона аз филмҳои ҳиндиро азёд медонад.

Нашрияи “Punemirror”-и Ҳинд, ки бо забони инглисӣ нашр мешавад, дар матлабе таҳти номи “Давандаи тоҷик дар ҳавои таронаҳои Болливуд пой мебардорад” аз варзишкори тоҷикистонӣ Александр Пронженко қисса кардааст, ки гуфтааст, беш аз 2000 тарона аз филмҳои ҳиндиро азёд медонад.

Александр Пронженко, қаҳрамони Тоҷикистон дар давидан ба масофаи 400 метр ва узви тими миллӣ, ки ба хотири ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии варзиши сабук дар Балевадӣ, минтақае воқеъ дар канори Пуне, дар Ҳинд қарор дорад, ба ин нашрия гуфтааст, ки бештар аз ҳама ба варзиши давидан ва ба тамошои филмҳои ҳиндӣ шавқу ҳавас дорад.

Александр Пронженко, ки дар Мастчоҳ ба дунё омадааст, мегӯяд, нахустин филми ҳиндие ки тамошо кард, “Дӯсти ман – фил” буд, ки нақши асосиашро Раҷеш Кҳана-Тануҷа бозӣ мекунад.

Варзишгари тоҷикистонӣ ба “Punemirror” гуфтааст, то имрӯз беш аз 1000 филми ҳиндиро тамошо кардааст ва ӯ акнун мехоҳад бо истифода аз ин сафараш ба Ҳинд ба дӯконҳои филмфурӯшии Пуне саре зада, хазинаи филмҳои ҳиндиашро боз ҳам такмил кунад.

Ба ақидаи Александр, “филмҳои ҳиндӣ истисноиянд. Онҳо як маҷмӯъаи комили мураттабе иборат аз мусиқиву таронаву рақс, амал ва эҳсосанд. Ман фикр намекунам, ки филми сохтаи ягон кишваре касро чунин машғул бидорад.”

Александр Пронженко мегӯяд, ҳар филми нави ҳиндиро ба муҷарради ба бозор даромаданаш аз Интернет пайдо ва бори аввал бо забони ҳиндӣ тамошо мекунад.Баъди ҳафтае чанд ба суроғи фарзияи тарҷумашудааш ба бозор меравад ва агар пайдо накард, бо ҳар забоне ки ин филм мавҷуд бошад, ҷустуҷӯ ва пайдояш мекунад.

Александр Пронженко гуфтааст, ба далели масруфияти зиёдаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё фурсати зиёде барои такурӯ кардани бозорҳои филмфурӯшии Пунеро надорад, вале ба худаш ваъда додааст, ки ин навбат сафараш ба Ҳиндро сарфи бештари тамошо хоҳад кард: “Ман ба зудӣ дубора ба Ҳинд хоҳам омад. Ин навбат сафарамро сирф ба Болливуд ихтисос хоҳам дод. Ман дар воқеъ мехоҳам ҳама чизро дар бораи Болливуд бидонам, ки оё ин як шаҳр аст, ё студияи филмсозӣ ё як ширкати бузург? Ба ман гуфтанд, ки ин ҳама дар Мумбай аст. Тими ман дар роҳи бозгашт аз Мумбай савори ҳавопаймо мешавад ва аз ин рӯ, агар ба ман имкон даст диҳад, ки ин шаҳр ё ягон қисматашро бубинам, ман ин корро рӯзи душанбе хоҳам кард.”


Шоҳруххон
Шоҳруххон
Александр Пронженко худро мухлиси ашаддии ҳунармандони шӯҳратёри синамои Ҳинд Шоҳруххон, Ҳритрик Рӯшан ва Салмонхон меномад.

Варзишгари тоҷикистонӣ ба нашрияи “Punemirror” ҳамчунин гуфтааст, ки ғизои ҳиндиро низ хеле дӯст медорад, вале ба далели инки бори аввал аз Ҳинд дидан мекунад ва ҳам маҷбур аст, ки режими варзиширо қабл аз чунин мусобиқоти муҳим ва дар рӯзҳои сабқат риоя кунад, натавонистааст аз ин ғизоҳои дӯстдоштанӣ ба истилоҳ баҳузур бичашад: “Ман дар меҳмонхона чанде аз ғизоҳои ҳиндиро чашидам. Ва бештар аз ҳама мурғи тундурӣ, панир масала ва моҳии тиккаро дӯст доштам. Вале мурғи дар равған таҳияшуда барои ман беш аз ҳадд аст. Равған аз чизҳоест, ки барои варзишкороне, мисли ман, хуб нест.”

Александр гуфтааст, беш аз 2000 тарона аз филмҳои ҳиндиро азёд медонад. Вақте хабарнигори “Punemirror” аз ӯ хост, ки чанде аз таронаҳои дӯстдошташро замзама кунад, Александр барояш дар мобайни варзишгоҳ “Le jayenge le jayenge dil wale dulhaniya le jayenge”, “Soldier, soldier, meethi baatein bol kar”, “Tujhe dekha toh ye jaana sanam” ва “Singh is king”-ро хондааст.

Александр Пронженко узви тими яккачини варзиши сабуки Тоҷикистон буда, моҳи апрели соли ҷорӣ унвони қаҳрамони кишвар дар давидан ба масофаи 400 метрро ба даст овард. Ӯ ҳамин тавр, дар моҳи июн дар мусобиқоти қаҳрамонии кушодаи Узбакистон дар давидан ба масофаҳои 400 ва 200 метр сазовори медали нуқра шуд.
XS
SM
MD
LG