Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби довар дар як мусобиқаи бокс дар Хуҷанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ҷараёни як мусобиқаи ҷумҳуриявии муштзанӣ дар шаҳри Хуҷанд довари бокс Мансур Муҳиддиновро латукӯб кардаанд.

Шоми 5 апрел дар ҷараёни мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба муштзанӣ байни ҷавонон, ки дар шаҳри Хуҷанд идома дорад, довари байналмилалӣ Мансур Муҳиддинов мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Мансур Муҳиддинов рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, бозии байни як намояндаи тими мизбон ва як муштзани меҳмонро доварӣ дошт, ки яке аз намояндагони дигари тарафи мизбон ба ӯ ҳамла кард. Ба гуфтаи Мансур Муҳиддинов, ҳамлагар ӯро ро ба доварии ғайриодилона айбдор кардааст.

Ӯ афзуд: “Ин дар ҳоле буд, ки доварии ман одилона буд. Ман дар даври аввал пирӯзиро ба тарафи мизбон додам. Вале дар даврҳои дуюму сеюм тарафи дигар ҳунарнамоии хубтар намоиш дод. Вале ҳанӯз бозӣ идома дошт, ки як ҷавон ба ҷои нишасти доварии ман, ки касе ҳақ надорад ба он наздик шавад, наздик шуд ва маро бо алфози хеле қабеҳ дашноми зиёд дод. Мегуфт, ки ман тарафи рақиби онҳоро гирифта истодаам. Ман ҳалимкон худамро нигоҳ доштам ва танҳо гуфтам, ки “гум шав аз назарам.” Аммо ӯ ба ман ҳамла кард ва бо мушт ба ҷоғам зад.”

Мансур Муҳиддинов
Мансур Муҳиддинов

Мансур Муҳиддинов довари дараи байналмилалии АИБА – Иттиҳодияи байналмилалии бокс буда, барои доварии мусобиқоти байналмилалӣ низ даъват мешавад. Ӯро аз ҷумлаи беҳтарин доварони Тоҷикистон дар риштаи муштзанӣ ном мебаранд.

Латукӯби ӯ дар ҷараёни мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба мавҷи интиқодҳо рӯбарӯ шудааст. Шӯҳрат Неъматуллоев, шореҳи шинохта аз ҳафтаномаи варзишии “Варзиш-Спорт” дар Фейсбук ин қазияро “як ҳодисаи хашмовар” номид ва гуфт, ки Мансур Муҳиддинов дар ҳузури варзишгарони ҷавон ва тамошобинони зиёд латукӯб шуд. Ба ақидаи ин шореҳ, латукӯби довар “зарба ба тамоми варзиши тоҷик ва аз ҷумла ба бокси Тоҷикистон аст.” Ӯ изҳори умед кардааст, ки ба ин масъала аз сӯи масъулину мақомоти интизомӣ расидагӣ хоҳад шуд.

Дар Федеросиюни бокси Тоҷикистон гуфтанд, ки қазияро кумитаи интизомии ин ниҳоди масъули риштаи муштзании кишвар таҳқиқ мекунад ва гунаҳкорон ҷазо хоҳанд дид. Федеросиюни боксро аз поёни соли 2015 Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Мавридҳои бадрафторӣ нисбат ба доварон дар Тоҷикистон дар гузашта низ зиёд мушоҳида шудааст. Дар солҳои гузашта дар бораи чандин мавриди бадрафторӣ ва ҳатто латукӯби доварони футбол аз сӯи бозигарон ва мухлисон гузориш шуда буд. Аммо Федеросиюни футболи Тоҷикистон бо эъмоли ҷаримаҳои ҳангуфт алайҳи бозигарони бадрафтор ва ҳатто ҷазо додани бошгоҳҳои футбол барои рафтори мухлисонашон тавонист, то ҳадде назмро дар мусобиқоти футболи кишвар таъмин кунад.

Мухлисон мегӯянд, дар бархе маворид тақсири худи доварон ҳам ҳаст, ки ба далоили барои тамошобинон номаълуме ва ҳатто шояд дар ивази ягон “ширинкома” ҷараёни бозиро ба сӯди яке аз тимҳои рақиб қазоват мекунанд ва хашми ҳам мухлисони тими “ҷабрдида” ва дар бархе ҳолот хашми бозигаронро бармеангезанд.

Аммо Мансур Муҳиддинов мегӯяд, дар ҷараёни довариаш дар Хуҷанд ба кадом сӯиқазоват ё иштибоҳи ҷиддие роҳ надода буд, ки сабаби чунин хашми беҳадд ва мушт бардоштани намояндаи мизбонон ба сари ӯ шавад.

XS
SM
MD
LG