Пайвандҳои дастрасӣ

Саидмукаррам Абдуқодирзода дар мавъизаи намози ҷумъаи ахир аз ҷавонони кишвар даъват кард, ки аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ, тундрав ва аҳли ташшаюъ худдорӣ кунанд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, зимни мавъиза дар намози 20 ноябр аз ҷавонони кишвар даъват карда буд, ки аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ, тундрав ва аҳли ташшайю худдорӣ кунанд. Радиои Озодӣ дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Абдуқодирзода аз ӯ пурсид, ки дар мавриди гурӯҳҳои террористу тундрав ҳоҷати шарҳу тавзеҳ нест, аммо манзури ӯ аз аҳли ташшайю чист?

Абдуқодирзода: "Ҷавонон бояд мазҳаби худро шиносанд ва ба он арҷ гузоранд. Дар мазҳаби ҳанафӣ ҳеч амали берун аз шариат вуҷуд надорад. Агар мо ҳақиқат мехоҳем ё ҷаннат, аз тариқи ин мазҳаб ба мурод мерасем. Аммо шиаи исноашария ё дувоздаҳимома дар асри дуюми ҳиҷрӣ дар ҷараёни ихтилофҳои сиёсӣ арзи вуҷуд кард. Шиаи дувоздаҳимома аз ибтидо дар талоши ба даст овардани ҳокимият аст. Аҳли ин мазҳаб ҳамасола дар рӯзи мотами Имом Ҳусейн, набераи Ҳазрати Муҳаммад, пайғамбари Ислом, ки мо ҳама дӯсташ медорем, Ошуро ва азодорӣ барпо мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки Имом Ҳусейн алайҳи ҳукумати золим қиём карда ва мо ҳам бояд қиём кунем. Ин мазҳаб сиёсӣ аст ва мақсадаш ба даст овардани ҳокимият аст. Дар ҳоле, ки мақсади мазҳаби Абу Ҳанифа сохтани инсони комил, комёб кардани инсон дар ин дунё ва охират аст."

Озодӣ: Хатари пайвастани ҷавонон ба саффи аҳли ташшайю дар дохили Тоҷикистон вуҷуд дорад ё ба ҳангоми таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар?

Абдуқодирзода: "Қабл аз посух ба ин суол бояд тазаккур кунам, ки дар Тоҷикистон шиаи Исмоилия вуҷуд дорад, ки мо асрҳо боз дӯстона ва аҳлона зиндагӣ мекунем. Бо онҳо ҳеч гуна мушкил надорем. Маркази Исмоилия узви Шӯрои уламои исломӣ аст. Аммо дар мавриди шиаи дувоздаҳимома баъзе мубаллиғони онҳо дар дохили Тоҷикистон таблиғот мебаранд ва мардуми камсаводу бемаърифати динӣ, хусусан ҷавонони бетаҷрибаю саводи мазҳабинадоштаро даъват мекунанд. Онҳоро ба суфуфи худ ҷалб мекунанд.

Ҳамчунин, намояндагони ин мазҳаб ҷавонони бесаводи моро ба хориҷи кишвар бурда, таълими динӣ дода ва ба мазҳаби худ ҷалб карда ба Тоҷикистон мефиристанд."

Озодӣ: Шумо метавонед мушаххасан аз гурӯҳҳои шиаи дувоздаҳимома ном баред, ки дар дохили Тоҷикистон таблиғот мебаранд ва ҷавононро ба саффи худ даъват мекунанд?

Абдуқодирзода: "Мушаххас аз гурӯҳе ном бурда наметавонам. Аммо чанд сол қабл ҷавони ба мазҳаби шиа гаравидае ба маҳкама кашида шуда буд, ки Абубакри Сиддиқ, халифаи аввалро дашном дода буд. Дар натиҷа миёни ин ҷавон ва аҳли мазҳаби ҳанафӣ моҷарою занозанӣ шуда, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ӯро боздошт карда буданд. То ҳол дар бораи мавориди бадгӯии баъзе афрод нисбат ба хулафои рошидин хабарҳоро дарёфт мекунем ва ин моро нигарон мекунад. Зеро ин гуна амалҳо метавонад дар ҷомеа боис ба нооромӣ ва мухолифатҳо шавад. Аз ин гуна хабарҳо тарсу ҳаросе надорем. Нигаронии мо аз имкони суистифодаи бадхоҳоне аз ин гуна вазъият ва ноором сохтани вазъияти ҷомеа аст."

Озодӣ: Шумо дар ибтидои сӯҳбат таъкид кардед, ки гуфтаҳоятон дар мавриди мазҳаби шиа ба равияи Исмоилия рабт надорад. Бо ин вуҷуд, ин гуна ибрози назарҳо пайравони ин равияро озурда намекунад?

Абдуқодирзода: "Вақте дар боби шиа сухан мегӯям, таъкид мекунам, ки манзурам шиаи дувоздаҳимома аст. Исмоилиҳо худ медонанд, ки пайравони шиаи дувоздаҳимома гурӯҳи сиёсӣ буда, ҳадафашон ба даст овардани ҳокимият аст."

Озодӣ: Чун даъвати Шумо даъвати расмӣ буду дар мавъизаи намози ҷумъа дар ҳузури ҳазорҳо нафар садо дод, ин гуна баёния дӯстони эрониро озурда карда ва ба равобити дӯстонаи Эрону Тоҷикистон халале ворид намекунад?

Абдуқодирзода: "Ман мухолифи он ҳастам, ки касе дар дохили Эрон ақидаи бегонаеро таблиғ кунад ва боиси нооромиҳои он кишвар шавад. Барои худ низ чунин иқдомро қабул надорем. Ба эътиқоди ман, даъватҳои мо бар хилофу зарари Эрон нест. Аз ин лиҳоз, онҳо набояд аз мо ранҷанд. Муносибати Тоҷикистону Эрон бародарона аст. Ҳамчуноне ки хоҳони нооромиҳо бар пояи таблиғоти мазҳаби бегона дар Эрон нестем, мардуми дӯсту бародари Эрон низ намехоҳанд дар Тоҷикистон гурӯҳи шиаи дувоздаҳимома арзи вуҷуд карда ва сабаби нооромӣ дар Тоҷикистон шавад."

Видеои гуфтугӯ бо раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар инҷост:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG