Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никоҳи муваққат то поёни виза давом мекунад


Маркази Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ҳамаи имом-хатибони кишвар хостааст, дар мавъизаҳои худ “ҳаром” будани никоҳи сиға ё муваққатро эълом доранд.

Раиси Маркази Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз афзоиши никоҳҳои сиға дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, ба имомхатибҳо дастур дод, ки мафҳуму шароити онро дар мавъизаҳои худ шарҳ диҳанд, то ин ки занону духтарон фирефтаи он нашаванд.

Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки гурӯҳе аз занони тоҷик бо пушаймонӣ аз вазъи худ, ки дар натиҷаи никоҳи сиға бо шаҳрвандони Эрон пеш омадааст, ба Маркази Шӯрои уламои Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Сухангӯи Маркази шӯрои уламои Тоҷикистон Атоулло Қосимов рӯзи 19-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як моҳи охир 8 бонуи тоҷик ба ин марказ омада, шарҳи ҳуқуқи худро аз никоҳи сиға пурсон шудаанд. Ин дар ҳолест, ки шумораи издивоҷҳои муваққатии мутъа ё сиға дар кишвар асосан бо ширкати шаҳрвандони Эрон рӯ афзоиш аст.

Бонувони тоҷик бо муроҷиат ба Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфтаанд, аз аксар ҷузъиёти ин шакли издивоҷ бехабар будаанд. Онҳо хеле дер огоҳ шудаанд, ки никоҳи сиға ё мутъа талоқ ва издивоҷи такрорӣ надорад. Худи маросими он бе ширкати шоҳид ҷараён гирифта, ҳеҷ гуна ӯҳдадории молӣ ё нафақаро дар назар надорад.

Атоулло Қосимов мегӯяд, ки “воқеан занону духтарони тоҷик аз ин навъи никоҳ, ки дар мазҳаби ташаюъ шаръӣ дониста мешавад, бехабаранд. Дар мазҳаби аҳли суннат ҳам никоҳи мутъа ва ҳам сиға ҳаром дониста мешавад».

Вай аз овардани номи зани ҷавоне, ки ба Шӯрои уламо дар мавриди никоҳаш муроҷиат кардааст худдорӣ кард ва гуфт, ки ин хоҳар аз «шавҳари» бо никоҳи мутъаи худ пурсидааст, ки чаро ӯро партофта ба Эрон рафтааст. Дар посух шавҳараш гуфтааст, "никоҳе, ки бо ӯ баста буд, то анҷоми мӯҳлати визаи сафар будааст".

Зимнан, Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, яке аз рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистон дар сомонаи turajon.com дар мавзӯъи «Никоҳи мутъа аз нигоҳи шариат» мақолае навишта, таъкид мекунад, ки «Зани мутъа ҳамсар нест. Зеро аҳкоми ҳамсар дар вай татбиқ намешавад. Ин никоҳ талоқ надорад, маҳдудияти талоқ надорад. Маҳдудияти арусӣ надорад. Дар вақти никоҳ шоҳид надорад. Мерос намебарад. Нафақа надорад». Ба қавли эшони Маҳмудҷон, никоҳҳои мутъа аз худ фарзандони беҳуввият мегузорад, ки барои ҷомеа хатар дорад.
XS
SM
MD
LG