Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи дин дар шарҳи нархи Ҳаҷ: Шароити зоирони тоҷик хубтар аст (ВИДЕО)


Зоирони тоҷик дар Саудӣ. Соли 2014

Зоирони тоҷик дар Саудӣ. Соли 2014

Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нархи имсолаи Ҳаҷ (28 649,10 сомонӣ) бо дарназардошти қимати парвоз ба Арабистони Саудӣ ва нархи хидматрасониҳо дар Маккаву Мадина баровард шудааст ва зоирони тоҷик имсол дар наздикии масҷиди Ҳарам иқомат хоҳанд кард.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи сабабҳои имсол боз тақрибан 5000 сомонӣ боло рафтани нархи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик гуфт, як сабаби асосӣ боло рафтани қурби доллар аст. Сабаби дигар, ба гуфтаи масъулини ин кумита, шароити назар ба солҳои гузашта беҳтарест, ки имсол барои зоирони тоҷик дар Маккаву Мадина дар ҷараёни иҷрои маносики Ҳаҷ фароҳам оварда мешаванд.

Радиои Озодӣ ду рӯз пеш дар як видеои кӯтоҳ нархи сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистонро бо чанд кишвари дигар, аз ҷумла бо Қирғизистон, Русия ва Узбакистон муқоиса карда буд.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ сабабҳои 28 649,10 сомонӣ муқаррар шудани нархи имсолаи сафар ба Арабистони Саудӣ ва дигар ҷузъиёти марбут ба сафари Ҳаҷҷи зоирони тоҷикро шарҳ дод.

Радиои Озодӣ: Нархи Ҳаҷ имсол 28649,10 сомонӣ муқаррар шуд. Таъйини нарх маъмулан бар асоси кадом омилҳо сурат мегирад?

Афшин Муқим

Афшин Муқим

Афшин Муқим: "Тибқи мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо дар мавсими Ҳаҷ-2016 28 ҳазору 649 сомониву 10 дирам муқаррар шудааст. Дарвоқеъ, ҳарчанд арзиши имсолаи хизматрасониҳо нисбат ба соли гузашта бо асъори миллӣ боло рафта бошад ҳам, аммо бо асъори хориҷӣ ҳамоно бетағйир боқӣ монд. Аз сабаби боло рафтани қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон ва бо дарназардошти он ки шартномаҳои хизматрасонӣ миёни Кумита ва ширкатҳои хизматрасони Арабистони Саудӣ бо доллари амрикоӣ баста мешавад, арзиши умумии хизматрасониҳои Ҳаҷ-2016 бо пули миллӣ нисбатан боло рафт. Гузашта аз ин, имсол барои аввалин бор будубоши зоирони тоҷик дар иқоматгоҳҳои атрофи Ҳарам ба роҳ монда мешавад. Яъне, дар Маккаи Мукаррама масофаи байни Масҷиду-л-Ҳарам ва меҳмонхонаҳои зоирони мо ҳамагӣ 600-800 метр аст, ки дар дилхоҳ вақт ҳоҷиёни тоҷик метавонанд намозҳои худро дар Ҳарам адо намоянд."

Радиои Озодӣ: Ин нарх кадом хидматрасониҳоро фаро мегирад ва кадомашро - не?

Афшин Муқим: Маблағи мазкур барои пардохти маблағи билети ҳавопаймо аз ду тараф, маблағи иқоматгоҳҳои муваққатии зист дар шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт хӯроки гарм, пардохти боҷи шоҳӣ (авоид), пардохти маблағи қурбонӣ, хизматрасонии иловагӣ дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи кумаки аввалияи тиббӣ, маблағ барои эмгузаронӣ, маблағ барои хизматрасонии роҳбаладон, гурӯҳи корӣ ва ҳайати табибон, маблағи суғуртаи ҳаҷравандагон, маблағ барои таҳия ва харидории ҷомадон, сумкаи дастӣ бо рамзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳоҷиён, роҳбаладон, гурӯҳи корӣ ва табибон, инчунин барои ба роҳ мондани дарсҳои омӯзишӣ барои ҳоҷиён қабл аз мавсими Ҳаҷ истифода мешавад.

Радиои Озодӣ: Бархе нархи Ҳаҷро барои зоирони тоҷик бо назардошти сатҳи маош дар Тоҷикистон баланд мешуморанд. Аз ҷумла дар муқоиса бо баъзе кишвархои ҳамсоя. Сабаб чист, ки сафар аз Қирғизистон назар ба Тоҷикистон 1000 доллар арзонтар аст? Оё шароити зоирони мо фарқ мекунад назар ба онҳо?

Афшин Муқим: Албатта, хабарнигорон бештар чунин суолро пеш мегузоранд, ки чаро нархи сафари Ҳаҷ дар ҳамсоякишвари Қирғизистон нисбат ба мо ба таври чашмрас арзонтар аст? Аслан, бори аввал нест, ки ҷониби Қирғизистон зоирони худро бо нархи нисбатан арзон дар минтақа ба Арабистони Саудӣ сафарбар менамояд. Дар солҳои қаблӣ, аз ҷумла, соли 2012 ва чанд соли пеш аз он низ нархи сафари Ҳаҷ дар ин кишвар миёни давлатҳои ҳамҷавор арзонтарин маҳсуб мешуд. Зеро дар он сол, масалан, агар ҳоҷиёни қирғиз ба таври ройгон дар маконҳои хайрия, ки шароити начандон муносиб барои будубош доштанду дар масофаи аз 10 то 15 километр дур аз Ҳарам сукунат мекарданд, ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои барҳавои Макка (дар ҳар утоқ аз 3 то 5 нафар) дар масофаи то 4 километр аз Ҳарам иқомат менамуданд ва ин раванд боз ҳам беҳтар шуда истодааст. Яъне, зоирини Қирғизистон аз пардохти ҳаққи меҳмонхона озод буданд. Агар ҳоҷиёни қирғиз на аз ҳисоби маблағи умумии пардохтнамудаашон, балки иловатан аз ҳисоби худ қурбониро анҷом диҳанд, адои қурбонии ҳоҷиёни тоҷик ба воситаи Бонки Исломии Рушд аз ҳисоби маблағи умумӣ сурат мегирад. Тибқи таҳлилҳо, нархи чиптаи ҳавопаймоии Қирғизистон низ аз сабаби арзонтар будани қимати сӯзишворӣ дар ин кишвар ҳамасола нисбат ба ҷониби мо то 250 доллар арзонтар мебошад.

Шароити иқомати зоирони Қирғизистон дар маросими Ҳаҷ

Инчунин, баъзе аз хизматрасониҳо, аз қабили суғурта, хизматрасонии шабонарӯзии тиббӣ, эмгузаронӣ, таъмини ҷузвдонҳо ва амсоли он ки зоирини тоҷик ҳамасола аз он бархӯрдор мешаванд, дар номгӯи хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи Идораи мусулмонҳои Қирғизистон наомадааст. Илова бар ин, зоирини тоҷик қабл аз сафари Хонаи Худо бо барномаи махсуси омӯзише фаро гирифта мешаванд, ки дар он аҳкоми шаръии Ҳаҷ ва дигар масоили вобаста ба он омӯзонида мешавад. Аз ин лиҳоз, нархи хизматрасониҳо вобаста ба сатҳ ва сифати он аз ҳам фарқ мекунад. Яъне, азбаски хизматрасониҳои ҳоҷиёни тоҷик дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешаванд, табиист ки он ба нархи умумии сафари Хонаи Худо таъсир мегузорад. Пас, хулоса намудан мумкин аст, ки агар ҷониби Қирғизистон барои ҳамаи он хизматрасониҳои дар боло зикршуда маблағи муайян пардохт намояд, пас шояд нархи сафари ҳаҷҷи қирғизҳо нисбат нархи ҷониби мо гаронтар шавад. Мо аз ин таҷрибаи Қирғизистон (истифода аз хизматрасониҳои ройгони хайрия) аллакай даҳ сол пеш истифода намуда будем ва ҳоло дигар чунин сатҳи хизматрасониҳо талаботи ҳоҷиёни Тоҷикистонро қонеъ карда наметавонад. Бояд гуфт, ҳоло хизматрасониҳое, ки ҷониби Тоҷикистон баъди бастани шартномаи дахлдор бо ширкати хизматрасон ба зоирини худ пешниҳод менамояд, дар сатҳи кишварҳои пешрафтае чун Туркия, Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон аст. Дар қиёс бо кишварҳои мусулмоннишини минтақа низ ҳамин нуктаро бояд таъкид кард, ки бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, Русия анвоъи гуногуни хизматрасониҳо барои адои маносики ҳаҷро пешниҳод менамод. Дар Русия ҳастанд ширкатҳое, ки қимати хизматрасониҳои мавсими ҳаҷро то 12 заҳор доллари амрикоӣ муқаррар намудаанд. Аммо бо ҳисоби миёна қайд кардан бамаврид аст, ки Қазоқистон дар солҳои гузашта нархи Ҳаҷро танҳо барои 2 ҳафтаи сафар 3800 доллар муқаррар карда буд. Озарбойҷон ҳамасола нархи Ҳаҷро аз 4450 то 5200 доллар муқаррар менамояд. Арзиши миёнаи сафари ҳаҷ дар Русия низ, бештар аз 4300 доллар муайян шудааст. Қимати сафари Ҳаҷ дар Туркия бештар аз 4500 доллар мебошад. Зимнан, хизматрасониҳое, ки ба ҳоҷиёни Тоҷикистон расонида мешавад, аз сатҳи кишварҳои зикршуда поин нест.

Радиои Озодӣ: Зоирон мегӯянд, имсол аз ҷониби Кумита ба онҳо либос пешниҳод намешавад. Чаро?

Афшин Муқим: Имсол барои нахустин бор мо дар ин самт аз таҷрибаи нав кор гирифтем. Дарвоқеъ, дар солҳои қаблӣ, аз ҷумла дар мавсими Ҳаҷ-2015, ки либоси ҳоҷиён аз ҷониби Кумита пешниҳод гардид, зоирони мо аз он шикоят мекарданд, ки либосҳои пешниҳодшуда хоси завқу талаботи эшон нест. Бо дарназардошти ин, имсол ҷониби Кумита тасмим гирифт, ки танҳо навъ ва ранги либосро ба ҳоҷиён тавсия диҳад, то онҳо мустақилона вобаста ба завқ, андоза ва умуман талаботи худ либоси мавсимиро интихоб намоянд.

Радиои Озодӣ: Солҳои гузашта навбати хоҳишмандони сафар хеле бузург буд. Ҳоло чӣ? Имсол ҳам хоҳишманд зиёд буд назар ба квота?

Афшин Муқим: Албатта, теъдоди хоҳишмандон барои зиёрати Хонаи Худо ҳанӯз зиёд аст. Албатта, имсол буданд баъзе шаҳру ноҳияҳое, ки ҳиссаи дар ихтиёр доштаашонро натавонистанд сад дарсад истифода кунанд. Аммо шаҳру ноҳияҳое ҳам ҳастанд, ки ҳанӯз дар онҳо талабот барои адои маносики Ҳаҷ хеле зиёд аст. Аз ин хотир, ҳиссаи истифоданашуда аз ҷониби бархе аз манотиқи кишвар ба дигар минтақаҳои дорои талаботи бештар дода шуд.

Радиои Озодӣ: Дар масьалаи квота. Чанд сол боз пешниҳоди вобаста ба афзоиши аҳолӣ аз 6300 нафари феълӣ ба 8000 боло бурдани квотаи Тоҷикистон матраҳ мешавад. Дар ин масьала пешравие ҳаст?

Афшин Муқим: Ҳарчанд корҳои таъмирӣ дар атрофи Ҳарам қисман ба охир расида истода бошад ҳам, то ҳол аз ҷониби Арабистони Саудӣ маҳдудияти ҳиссаи ҳаҷравандагони кишварҳои мусулмоннишин бардошта нашудааст. Аз ин рӯ, имсол ҳам беш аз 6000 нафар аз кишвари мо сафари Маккаву Мадина мекунанд.

Радиои Озодӣ: Сафари зоирони тоҷик имсол кай шурӯь мешавад ва то кай давом мекунад?

Афшин Муқим: Ҳоло тибқи нақша, сафари ҳоҷиёни Тоҷикистон аз 21-уми август оғоз гардида, дар назар аст, то 5-уми сентябр идома ёбад. Бозгашти ҳоҷиёни мо аз сафари Ҳаҷ, дар назар аст, ки 17-уми сентябр оғоз шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG