Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иддаои Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ, номзад ба курсии раёсатҷумҳурии Эронро моҷароҷӯёна унвон кард.

Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши як баёния изҳороти Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ, номзад ба курсии раёсатҷумҳурии Эронро, ки гуфтааст, агар президент шавад, Тоҷикистону Арманистону Озарбойҷонро ба Эрон бармегардонад», ҳамчун баёнияи моҷароҷӯёна ва хаёли хом маҳкум кард.

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ аз вазъи воқеии минтақа ва ҷаҳон ва низоми ҳуқуқи байналмилалӣ огоҳ нест.

Дар идомаи ин баёния омадааст, ки изҳороти роҳбари ҳизби "Ансори Ҳизбуллоҳ"-и Эрон, ки яке аз пайвандони собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, боиси тааҷҷуб ва таассуфи доираҳои гуногуни фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон шудааст.

Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон саргармиҳои пешазинтихоботӣ ва иддаои “заминҷамъкунӣ”-и яке аз номзадҳо ба маснади Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро, хилофи воқеиятҳои асри 21, ҳамла ба мафҳумҳои муқаддаси истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва навъе мудохила ба умури дохилии кишвари соҳибихтиёр арзёбӣ ва қотеъона маҳкум мекунад,- омадааст дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон посух ба иддаои Оятуллоҳ Саид Боқири Харрозӣ аст, ки рӯзи 5 уми феврал дар торнамои эронии cheshmandaz.org нашр шуд. Харрозӣ, ки довталаби курсии раёсати Ирон шудааст, зимни шарҳи барномаҳои интихоботии худ худ гуфтааст, "тамоми сарзаминҳои ҷудошуда аз Эронро бидуни як қатра хунрезӣ, ба кишвар бармегардонам."

Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ фарзанди Саид Муҳсини Харрозӣ (узви Шӯрои хибрагон) аст ва бародараш Содиқи Харрозӣ ва амакаш Камоли Харрозӣ мебошанд, ки дар мақоми вазири хориҷаи Эрон кор кардааст.


Суханони моҷароҷӯёнаи Харрозӣ сари ҳар чанд вақт мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор мегирад. Ӯ чанде пеш гуфта буд, дар садади хариди бошгоҳи варзишии "Манчестр" аст ва қасд дорад номи онро ба «Хайбар» тағйир диҳад.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон дар моҳи июни соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Эрон яке аз аввалин давлатҳоест, ки ба думболи суқути Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр ба расмият шинохт ва намояндагии худро дар ин кишвар ифтитоҳ кард.

Пас аз ин дар тӯли зиёда аз 20 сол Тоҷикистону Эрон дар асоси меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид муносибатҳои байнидавлатиро ба роҳ монда, имрӯз равобити гуногунарсаи хешро пиёда менамоянд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG