Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Онишенко асос надорад


Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, иддаъо ва нигаронии хадамоти беҳдоштии Русия дар мавриди эҳтимоли сирояти фалаҷи кӯдакон аз Тоҷикистон ба Русия асос надорад.

Генадий Онишенко, сарпизишки хадамоти беҳдоштии Русия, гуфтааст, дар шаҳри Ангарски он кишвар, як кӯдаки тоҷикро бо нишонаҳои бемории фалаҷ ошкор ва дар беморхона бистарӣ кардаанд. Ва бинобар ин то поёни маъракаи воксиназанӣ алайҳи бемории фалаҷи кӯдакон дар Тоҷикистон, вуруди кӯдакони то 6 сола ба Русия, манъ шудааст.

Фурудгоҳи Душанбе

Барои рушанӣ андохтан ба масъалаи мазкур мо ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе омадем. Дар саҳни фурудгоҳ ва толори интизорӣ, мусофироне, ки қасди бо кӯдкони хурдсолашон парвоз ба Русияро доштанд, ба чашм мерасиданд.

Мусоҳиби аввалини мо, ки худро Музаффар Самадов муаррифӣ кард ва келинашро бо кӯдаки 8 моҳааш ба Русия гусел мекард, гуфт, касе ба онҳо бурдани кӯдакро ба Русия, манъ накардааст. Ӯ гуфт воқеан вақти харидани чиптаи ҳавопаймо, ӯро огоҳ кардаанд, ки ҳатман бояд маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи сиҳатии кӯдак дошта бошад.

“Ман келинамро бо кӯдакаш ба пеши писарам, ки муҳоҷири корӣ аст, гусел мекунам. Вақте билет мехаридам ба ман гуфтанд, ки агар маълумотномаи духтур дар бораи саломатии кӯдак надошта бошед, Шуморо пас мегардонанд ва ба Русия роҳатон намедиҳанд. Мо кӯдакро аз назари дутур гузаронидем, боз дар фурудгоҳ гуфтанд воксина мечаконад ба даҳони кӯдак”.

Мусофири дигар, ки худро Галина ном бурд, гуфт, вай худ шаҳрванди Русия аст ва барои ду ҳафта ба меҳмонӣ омадаву ҳоло бо кӯдаки 2 солааш меҳоҳад пас гардад. Аммо дар бораи манъшудани вуруди кӯдакон аз Тоҷикистон ба Русия, иттило надорад.

Сафорати Русия дар Душане: Мо низ аз матбуот хабар шудем

Барои тасдиқи ин хабар бо сафорати Русия дар Тоҷикистон низ тамос гирифтем.

Комил Магаметов, ёвари сухангӯйи сафорати Русия дар Тоҷикистон, ба мо гуфт, ҳанӯз ягон супориш ё дархости расмӣ дар ин маврид аз ҷониби ҳукумати Русия ба дасти онҳо нарасидааст.

“Мо низ мисли шумо тариқи Васоити ахбори умум, дар ин бора иттило гирифтем, аммо ҳоло аз ин бештар дар ин бор чизе гуфта наметавонам”.

Мақомоти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикэйр” мегӯянд, хабари куллан манъ шудани вуруди кӯдакон аз Тоҷикистон ба Русия, аз ҷониби мақомоти он кишвар, каме носаҳеҳ аст.

“Бархе кӯдакони тоҷик аз Русия ихроҷ шуданд”

Назира Давлатова, сухангӯи “Тоҷикэйр” мегӯяд, аз ҷониби хадамоти беҳдории Русия, чунин дархост ба ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикэйр”, ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурии санитариву беҳдоштӣ, андешида шавад, то мусофирон, аниқтараш кӯдакони гирифтори фалаҷ, вориди Русия нашаванд.

“Дар фурудгоҳи марказии пойтахт ва шаҳрҳои Хуҷанду, Қурғонтеппа, мо як қатор тадбирҳои беҳдоштиро андешидем, аз қабили пешакӣ огоҳ кардани мусофирон ҳангоми харидани чипта ва пеш аз парвоз, санҷидани ҳуҷҷату асноди тиббӣ дар бораи вазъи саломатии кӯдакон ва низ ташкили ваксина чаконидан ба даҳони тифлоне, ки ба Русия парвоз мекунанд”

Хонум Давлатова инчунин афзуд, тайи рӯзҳои ахир, ҳодисаҳои аз ҷониби Русия боспас гардонидани кӯдакон ва мусофирони тоҷик, бино ба надоштани маълумотномаи тиббӣ ва дар онҳо ошкор шудани нишонаҳои баъзе аз бемориҳои сироятӣ низ ҷой доштааст.

Ӯ афзуд, ширкати "Тоҷикэйр" ин афродро маҷбур буд ҳамчун афроди депортасияшуда баргардонад, ки ҳам барои ширкати мо ва ҳам барои худи мусофирон, масрафи зиёдеро ба дунбол доштааст.

“Иддаъои Онишенко асос надорад”

Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандустии Тоҷикистон, бурузи бемории фалаҷро дар Тоҷикистон, чуноне хадамоти беҳдории Руссия эълом доштааст, инкор кард ва гуфт, то имрӯз дар Тоҷикистон 32 бемори гирифтори бемории фалаҷ ба қайд гирифта шудаасту халос.

Оқои Мирзоев хабар дод, ки фардо, яъне 8 майи соли равон дар Тоҷикистон, даври дуввуми маъракаи сартосарии воксиназанӣ алайҳи бемории фалаҷи кӯдакона, шуруъ хоҳад шуд.

Аъзам Мирзоев, дар мавриди даъвои мақомоти беҳдоштии Русия роҷеъ ба бистари шудани як кӯдаки тоҷик дар шаҳри Ангарскии Русия ва кӯдаки дигари тоҷик дар шаҳри Анкараи Туркия, гуфт:

“Ин хабар асосо надорад. Ва то имрӯз ягон кӯдаки мо бо чунин беморӣ ба ягон кишвар нарафтааст ва бистарӣ нашудааст. Агар чунин мешуд, моро ҳатман хабар мекарданд. Тамоми беморон зери назари табибони соҳибтаҷриба ҳастанд ва тамоми доруву васоили зарурӣ барои пешгирӣ ва табобати фалаҷи кӯдакон дар мо мерасад. Назар ба кишварҳои дигари минтақа кишвари мо сиёсати дарҳои боз дорад ва мо сари вақт ин бемориро ошкор ва ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хабар додем ва кӯмакҳои заруриро аз ин созмон гирифтем.”

Ин дар ҳолест, ки Генадий Онишенко, раиси хадамоти беҳдории Русия гуфтааст, дар Тоҷикистон бурузи бемории фалаҷӣ кудакона ба қайд гирифта шудааст ва то имруз беш аз 200 тифл гирифтори ин бемории шадид шудаву 12 нафар дар пайи он фавтидааст.
XS
SM
MD
LG