Пайвандҳои дастрасӣ

Аккредитатсияи Қаюмзод - меҳвари матолиби нашрияҳои чопи Душанбе


Мавзӯи сабти ном нашудани Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори "Озодӣ" дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, яке аз матолиби меҳварии аксар нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе мебошад.

"Қаюмзод бояд бадарға шавад?", "Оё қазияи Қаюмзод сиёсӣ аст?", "Баҳси Қаюмзод. "Озодӣ" хабарнигорашро ҳифз накард, ё нахост?", "Қаюмзод ба кӣ нафорид?", "Кому неудобен Каюмзод?", "Қаюмзод ба кӣ халал мерасонад?", "Қаюмзод қурбонии робита бо чеҳраҳои мухолифин ва тавтеаҳои дохилии "Озодӣ" - ин аст унвони маҷмӯи мақолаҳое, ки ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби нашрияҳои Душанбе ба чоп расидаанд. Ин нашрияҳо қазияи рад шудани дархости тамдиди аккредитатсияи хабарнигори радиои "Озодӣ" дар Вазорати корҳои хориҷиро ба баррасӣ гирифтаанд. Тибқи изҳороти мақомоти радиои Озодӣ, дархости тамдиди сабти номи Қаюмзод дар ВУХ аз моҳи декабри соли 2012 ба ин сӯ беҷавоб мондааст. Нашрияҳо аз ин ҳодиса изҳори таааҷҷуб ва далелҳои эҳтимолии худро дар робита бо рад шудани дархости аккредитатсияи Абдуқаюми Қаюмзод изҳор мекунанд.


Мавзӯъҳои дигари мавриди баррасии нашрияҳои чопи Душанбе эҳтимоли бидуни тағйир мондани қимати маводи сӯхт ва тақозои додгоҳ барои узрхоҳии Кабирӣ аз шаҳрдорӣ мебошанд.

“Нигоҳ” дар матлаби “Аксизи Наҷмиддинов. Чаро бензин арзон намешавад?” эҳтимоли бетағйир мондани нархи маводи сӯхтро ба чолиш кашидааст. Нашрия менависад, “мардуми Тоҷикистон дар интизори онанд, ки байни Русияву Тоҷикистон созишнома дар бораи интиқоли маводи нафтӣ ё сӯзишворӣ имзо шавад. Вижагии созишнома ин аст, ки Русия боҷи гумрукиашро бекор мекунад ва нархи бензин дар Тоҷикистон арзон мешавад. Аммо, тавре ба назар мерасад, ин хаёли хом аст, ё “хестӣ, ки хобӣ”. Ба таъкиди нашрия «бензин шояд арзон нашавад ё арзон шавад ҳам хеле ночиз.” Ҳамчунин нашрия дар зимн пешниҳодоти вазири молияву шарҳи вазири энергетика ва саноат ва посухи вазири рушди иқтисод ва савдоро дарҷ намудааст.

Нашрияи русизабони “Азия плюс” низ бар ин аст, ки қимати маводи сӯхтӣ тағйир нахоҳад кард. Зеро нашрия дар матлаби “Кина не будет?” (“Дигаргунӣ намешавад?”) бо такя ба суханони сардори хадамоти зиддимонополӣ Ҳамдам Тағоймуродов навиштааст, ки нархи маводи сӯхт дар ояндаи наздик бетағйир мемонад ва коҳиши якбораи нархро баъди имзои созишнома бо Русия интизор шудан нашояд. Номбурда ин гуфтаи худро бо он асоснок намудааст, ки шояд дар ин миён сабабҳои мухталиф ба вуҷуд биёянд ва монеа дар коҳиши нарх бигарданд ва қимати транзити маводи сӯхт ба тариқи Узбакистонро чун яке аз ин сабабҳо мисол овардааст.

“Озодагон” бо нигаронӣ аз афзоиши қарзи берунии Тоҷикистон навиштааст, ки шикоятҳо аз истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ зиёд гардидаанд. Дар матлаби “9.6 миллион сомонии буҷаро кӣ дуздид?” ба натиҷаи пажӯҳиши созмони байналмилалии “International budjet Partnership” ишора шудааст, ки “мутобиқи баҳогузории ин созмон Тоҷикистон аз 100 холи мавҷуда танҳо 17-тои онро касб кардааст.”

Вале вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ин баҳогузориро ғаразнок ва ғайривоқеӣ номидааст. Ҷаноби Наҷмиддинов мӯътақид аст, ки “дар сурати мунсифона баҳогузорӣ шудан, мавқеи Тоҷикистон бамаротиб боло мерафт.” Аммо коршинос Исмоил Раҳматов иддаъои вазири молияро зери суол бурда, ба мунсифона будани пажӯҳиши созмонҳои байналмилалӣ ишора кардааст. Вай мегӯяд, “чӣ гуна мо метавонем натиҷаи як пажӯҳишро нодида гирем? Боре ҳам мушоҳида нашудааст, ки қабл аз қабул ва ё таҳияи тарҳи буҷа масъулони вазорати молия ва ё вакилони парлумон бандҳои онро бо мардум мавриди таҳлил ва ё омӯзиш қарор дода бошанд. Аксари шаҳрвандон ба ҷуз аз маблағи умумии буҷаи давлатӣ дигар ҳеҷ банди онро намедонанд.” Ҳамзамон нашрия бо ишора ба сирқати маблағҳои буҷа навишт, ки «соли 2012 раёсати аудити дохилӣ ба 9, 6 миллион сомонӣ истифодаи ғайримақсади маблағи буҷаи давлатиро ошкор кардааст. Гуфта мешавад, ки норасоии ин миқдор маблағ дар мақомоти маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ошкор шудааст».

“Миллат” дар матлаби “Кабирӣ: “Мо... узрхоҳӣ [на] мекунем"" дар мавриди баҳси додгоҳии раҳбари ҲНИТ ва шаҳрдории Душанбе навиштааст. Бо он ки додгоҳ Муҳиддин Кабирро муваззаф карда, ки аз мақомоти шаҳрдорӣ ва муҳити зист узрхоҳӣ кунад, вале раиси ҲНИТ дар вокуниш ба ин қарори додгоҳ гуфтааст, ки “ҳеҷ гоҳ ба хотири гуфтани як матлаби ҳақ, узрхоҳӣ намекунам.”

“Фараж” “роҳи ягонаи наҷоти мардуми Тоҷикистон аз бебарқию сардиҳо”-ро дар “хоби хирсона” ёфтааст. Нашрия менависад: “Дар тӯли 20 соли истиқлолият мардуми мо ба чунин реҷаи хирсона одат карданд, вале касе нест, ки хоби хирсонаро ба онҳо омӯзад. Агар мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ баробари фарорасии фасли сармо ва оғози барқкушиҳо мисли хисрҳо ба хоб раванду танҳо фасли баҳор, вақте ки мушкилоти бебарқиву сардӣ барҳам мехӯрад, аз хоби ноз бархезанд, ҳама мушкилоти бебарқӣ ва беғизоӣ ба зудӣ дар кишвар барҳам хоҳад хӯрд.”

“СССР” ба ихтилофҳои мазҳабӣ “stop” эълон намуда, тасмими баргузории баҳсеро дар мавриди муроҷиатномаи Маркази исломӣ ва сару садоҳо дар атрофи онро ба миён гузошта ва аз “муллоҳои соҳибдиплому донишманд” даъват ба амал овардааст, ки дар он иштирок варзанд. Нашрия пайрави як мазҳаб будани аксари мусулмонони кишварро ба эътибор гирифта, танҳо аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор содир шудани фатвои исломиро боиси дастгирӣ дониста ва ин амалро ҷиҳати бартарафсозии ихтилофу гуногунандешӣ дар ақидаву солим боқӣ мондани фазои андешаи динии кишвар ногузир ҳисобидааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG